Обёрии қатрагӣ ва кишти зери пленкаи пахта - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Обёрии қатрагӣ ва кишти зери пленкаи пахта

Кормандони илмии филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлонфаъолияти худро дар асоси Низомнома, тибқи дастуру супоришҳои сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.
Дар ин солҳо  пахтаи миёнанахи Б-70, юнучқаи навъи 429-В,ҷувории  донии «Марҷон» - 583Б ва бисъёрдараваи алафии  «Фируз»-355Б ихтироъ ва нохиябандӣ карда шуданд.  Навъҳои пахтаи миёнанахи Хатлон 2014 ва юнучқаи навъи Вахш-471 ба санҷиши давлатӣ қабул карда шуданд.
          Имрӯзҳо  ду   навъи пахтаи маҳиннах: - 2379-В, 2918-В,  5 навъи пахтаи миёнанах - Точикистон, Хатлон, Хатлон-2011, «Насими Вахш», «Сабз-Н», зироатхои фосилавии Рапс – «Розиқиён-001», Хардал – «Розиқиён-004» дар санҷиши давлатӣ қарор доранд.
Соли ҷорӣ навъҳои пахтаи маҳиннахи «Тоҷикистон» ва «Хатлон - 2011» ноҳиябандӣ шуданд.
Рушди устувори иқтисодиёти кишвар пеш аз ҳама аз таъмини амнияти озуқавории  Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст.   Бинобар ин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои муосири инноватсионӣ яке аз омилҳои муҳимми расидан ба амнияти озуқавории Ҷумҳурӣ ҳисоб меёбад. Ин масъалаҳо дар «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», «Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» акс ёфтаанд.
Бояд қайд намуд, ки истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҷорӣ намудани меъёр ва реҷаҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи обёрии зироатҳо  дар истеҳсолот  ба баланд шудани ҳосилнокии зироатҳо мусоидат менамояд.
Аз ин ҷиҳат, дар байни усулҳои маъмули обёрии зироатҳо обёрии қатрагӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд ва дар мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон васеъ ҷорӣ гаштааст.
Обёрии қатрагӣ бори аввал дар солҳои 60-ӯми асри гузашта мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар сатҳи саноатӣ дар истеҳсолот ҷорӣ карда шудааст. Агар ба таърихи обёрии қатрагӣ назар андозем, ин усул ба таври тасодуф кашф карда шудааст. Як  фермери Исроилӣ мушоҳида намудааст, ки дар ҷое, ки об аз қубури обгирӣ  қатра-қатра мечакад, алафҳои бегона ниҳоят авҷнок нашъунамо намуда истодаанд. Баъдан, ӯ дар асоси таҷрибаҳо ба чунин хулоса омад, ки  бетаваққуф ва бо миқдори ками об обёрӣ намудани зироатҳо ба зиёд шудани ҳосилнокии онҳо сабаб мешавад.         
Таҳқиқотҳои баъдан гузаронидашуда асоси пайдоиши усули обёрии қатрагӣ гаштанд. Ин намуди обёрӣ дар мамлакатҳои иқлимаш гарми камоб дар ҳамаи намудҳои хок натиҷаи хуб дода, ба сарфаи об мусоидат менамояд.
Обёрии қатрагӣ  имконият медиҳад, ки миқдор ва фосилаи обёрӣ ба таври саҳеҳ ва осон ба танзим оварда шавад. Ғайр аз ин, бо ин восита ташаккулёбии зироат таҳти назорат гирифта шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ дар ҳамаи давраҳои нашъунамо авҷи қадкашӣ ва ҳосилбандии ниҳолҳо суст ё тезонида мешавад. Бояд қайд намуд, ки бо ин усул ҳамаи ниҳолҳо дар як вақт ва бо реҷаи муайян обёрӣ карда мешаванд. Об аслан ба атрофи решаҳо дода шуда, аз 50 то 70%-и майдонҳо бе обёрӣ мемонанд. Аз ин ҳисоб то 50% об сарфа карда мешавад. 
Таҷҳизоти обёрӣ аз насоси обкашӣ, зарфи обнигоҳдорӣ, қубурҳои пластмассӣ, қубурҳои обёрии байни қаторҳо  ва обпартоҳои қатрагӣ иборат буда,  об, гербитсид ва ғизоҳои минералӣ  ба воситаи ин қубурҳо дар ҳаҷми аз 2 то 8 л/соат ба бехи ниҳолҳо расонида мешавад.
Ҳосили пахта  дар  ҳолати обёрӣ намудан бо ин усул бо меъёри 3,5 – 4,5 м3/га то 50-55с/га баланд бардошта мешавад. 
Олимони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба чунин хулоса омадаанд, ки истифодаи ин усул дар якҷоягӣ бо усули кишти зери пленкаи зироатҳо, аз ҷумла пахта ва шолӣ натиҷаи хуб медиҳад ва ин усулро барои омӯзиш ва ҷорӣ намудан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Дар ин асос кормандони илмии филиали Институти зироаткорӣ Академияи илмҳои Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон  аз соли 2012 инҷониб бо Институти география ва экологияи Академияи илмҳои Синзян ва Институти илмӣ-тадкикотии хоҷагии кишлоқи  Академияи илмҳои кишоварзии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин оиди ҷорӣ намудани  технологияи парвариши пахта ва шолӣ бо усули обёрии қатрагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои илмиро давом дода истодааанд. Дар асоси Шартномаи ҳамкории тарафайн ба муассиса таҷҳизотҳои зарурӣ оид ба  тадқиқотҳои зикршуда барои 10 га майдони кишти пахта ва 5 га кишти шолӣ  (ба таври ройгон) ҳамасола таъмин карда мешаванд. Инчунин, барои пешбурди корҳои тадқиқотӣҷамъи олотҳои шудгор ва кишткунанда, лавозимот барои обёрии қатрагӣ, трактори чорчарҳа, линтер ва джин барои омода намудани чигит ба кишт, гербитсид ва пестисидҳо мутобиқ ба ин технологияи муосир дастрас шуданд.
  Дар давраи ҳамкорӣ (солҳои 2012-2015) олимони муассиса ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуда бо хусусиятҳои ин технологияи муосир аз наздик шинос шуданд. Инчунин, олимон ва мутахассисони Институтҳои зикршудаи вилояти мухтори Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин барои пешбурди таҳқиқотҳо ба муассиса сафари корӣ намуда, семинар-машваратҳо гузарониданд ва  диққати кормандони соҳаро ба ин технологияи муосир ҷалб намуданд. Дар давраи тадқиқот  барои мустаҳкам ва васеъ намудани самтҳои ҳамкориҳои илмӣ ба филиал ноиби Президенти Академияи илмҳои Синзян, мудири бахши сармоягузорӣ,  мутахассисони дигари  соҳавӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умуми Синзян ва Пекин ташриф оварданд. Натиҷаи ҳамкориҳои тарафайн дар маҷаллаи “Пайванди қитъаҳо”, № 11, нашрияи  Асотсиатсияи равобитҳои фарҳангии Синзян бо кишварҳои хориҷ  дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон акс ёфтаанд.
Қисмҳои асосии таҷҳизоти обёрии қатрагӣ аз  ҳавзи обсофкунӣ, истгоҳи обкашӣ, истгоҳи тозакунӣ,таҷҳизот барои маҳлул ва омехтакунии ғизоҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо, олоти танзимкунандаи фишор, қубури магистралӣ, қубурҳои тақсимкунанда, хатти тақсимкунии қатрагӣ ва олотҳои пайвасткунанда иборат мебошад. 
Фарқияти ин усул аз усулҳои дигари обёрии қатрагӣ дар он аст, ки  кишти зироатҳо бо реҷаи муайян, бо сарфи ками тухмӣ гузаронида шуда, замини кишт дар баробари ҷойгир кардани хатти тақсимкунии об бо пленкаи полиэтиленӣ рӯйпӯш карда мешавад ва  пленка бо фосилаи муайян сӯрох карда шуда, аз ин сӯрохӣ тухмӣ ба хок ҷойгир карда мешавад. Дар натиҷа намии хок нигоҳ дошта шуда, ҳарорати хок зиёд мегардад ва қисми зиёди алафҳои бегона нобуд мешаванд. Зироати киштшуда неш зада аз сӯрохӣ берун мегардад ва нашъунамо менамояд.  Бо пленка рӯйпӯшкунии майдони кишт имконият медиҳад, ки  барои бухоршавии об монеъгӣ намуда, ҳарорати хок нисбатан зиёд нигоҳ дошта шуда, барои нашъунамои ниҳолҳо шароити беҳтар фароҳам оварда шавад.
Таҷрибаҳо оиди обёрии қатрагӣ ва кишти зери пленкаи пахтаи навҳои миёнанахи “Тоҷикистон” ва “Хатлон-2011”, навъҳои пахтаи миёнанахи хитоии “Иншан” дар филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон дар майдони 10 га дар солҳои 2012-2014 натиҷаҳои хуб доданд ва ҳосили баланди пахта рӯёнида шуд.
 
Муовини директор оид
ба корҳои илмӣ, н. и. к.                       Абдуллоев М.Н.
 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню