Оиди фаъолияти бахши ҷавонон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Оиди фаъолияти бахши ҷавонон

варзиш ва сайёҳии
шаҳри Қӯрғонтеппа дар нуҳ моҳи соли 2015
 Бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ фаъолияташро дар соли чорӣ барои дастгирии ичтимоию иқтисодии ҷавонон  ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ, таъмини иштироки фаъолонаи варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва чумҳуриявӣ, рушди соҳаи туризм ва фаъолияти байнисоҳавӣ равона намудааст.
Бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли чорӣ чиҳати татбиқи босамари барномаҳои дурнамои ҷавонон диққати аввалиндарача зоҳир намуда, чиҳати ичроиши онҳо нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, ба ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ирсол намуданд. Дар шаҳр айни замон бо қарори раиси шаҳр  «Барномаи миллии рушди ичтимоии ҷавонон дар шаҳри Қӯрғонтеппа барои солҳои 2013-2015» таҳти № 24, аз 11 январи соли 2013, «Барномаи давлатии рушди туризм дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар давраи солҳои 2015-2017» аз 03 феврали соли 2015, № 45  «Барномаи  мачмӯии рушди тарбияи чисмонӣ  ва  варзиш  дар шаҳри Қӯрғонтеппа барои солҳои 2011-2015» аз 16 августи соли 2011 № 421,  «Барномаи рушди футбол дар шаҳри Қӯрғонтеппа барои солҳои 2012-2016» аз 21 ноябри соли 2011 № 579, ба имзо расида, босамар татбиқ гардида истодаанд.  
Дар бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр, кор бо мурочиати шаҳрвандон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мурочиати шаҳрвандон» ба роҳ монда шудааст.
Тайи давраи сипаришудаи соли 2015 ба бахш 197 адад ҳуччат ворид шуда мавриди баррасӣ ва ичро қарор дода шудаанд.
Хусусияти ҳуччатҳои воридшуда чунинанд:
-фармоишҳо ва мактубҳои  сардори Раёсат 96 адад
-супоришҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 70 адад
-Амру қарорҳои раиси шаҳр 13 адад
-мактубҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ 18 адад
-қабули мурочиати шифоҳии шаҳрвандон 28 адад
 
Дар  соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон.
 
Бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа дар самти ичрои қарори мазкур, бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ, ташаккул ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам сохтани шароити ичтимоию-иқтисодии ҷавонон дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дахлдори мақомоти ичроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр дар нуҳ моҳи  соли 2015 як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидааст.
 Аз ҷумла, бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омӯхтани илму ҳунарҳои муосир тибқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 22 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 солагии хоричи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аз Афғонистон ва 70 солагии ғалаба дар Чанги Бузурги Ватанӣ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, Шӯрои чанговарони башардӯст ва комиссариати ҳарбии шаҳр аз 5  то 14 феврали соли 2015 байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр озмуни «Ватанпарвар»-ро баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  шаҳр бо иштироки 290 нафар хонандагон фаъолона ширкат варзиданд. Ғолибони озмуни «Ватанпарвар» бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳои таъсиснамудаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва дигар сохторҳои ҳамкор қадр карда шуданд.
        Инчунин, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон, таҳкими санъати суханварӣ ва малакаи муоширати ҷавонон бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар ҳамкорӣ бо бахши фарҳанг ва шуъбаи маорифи шаҳр рӯзи 17 феврали соли 2015 озмуни «Ровиёни ҷавон» гузаронида шуд. Дар озмун 28 нафар довталабон аз донишгоҳу донишкада, коллечҳо ва литсейи касбӣ-техникӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок доштанд. Ғолибони озмуни «Ровиёни ҷавон» бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳои таъсиснамудаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр қадр карда шуданд.
         Тибқи нақша-чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр рӯзи 18 феврали соли 2015 бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии 3503-и қушунҳои дохилаи  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрӣ доир намуданд. Дар қисми ҳарбии мазкур байни сарбозон мусобиқаҳои вазнбардорӣ ва  шашка гузаронида шуда, ғолибони мусобиқаҳо ва 20 нафар сарбозон ва афсароне, ки хизмати содиқона ба Ватан доранд, бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои таъсиснамудаи бахш қадр карда шуданд. Дар фарчом барномаи фарҳангӣ аз тарафи Маркази фарҳангии ҷавонон намоиш дода шуд.
          Инчунин,  рӯзи  22  феврали соли 2015 тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар қисми ҳарбии 2628-и Раёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо афсарон ва сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар  чамъомади васеъ бо афсарону сарбозон оиди хизматҳои пуршарафи онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти мардуми кишвар суханронӣ карда шуданд. Дар фарчом 20 нафар сарбозону афсарон ва роҳбарияти қисми ҳарбӣ бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳо  қадрдонӣ карда шуданд.
    Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 31-уми январи соли 2015 шанбегии умумишаҳрии ҷавонон 100- рӯзӣ ободонӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо, ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» ва рӯзи 14 марти соли чорӣ бахшида ба чашни байналмилалии «Наврӯз» шанбегии умумишаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Рушди туризми экологӣ» гузаронида шуд, ки дар  он зиёда аз 2500 нафар ҷавонон  иштирок доштанд. Дар ин чорабиниҳо зиёда аз 450 ниҳол дарахтони ҳамешасабз ва зиёда аз 620 ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.
         Дар доираи нақша- чорабаиниҳои бахш бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва адои хизмати  ҳарбӣ дар назди Ватан, паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, гаравидани ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртичоӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мунтазам сухбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд. Аз чумла дар соли чорӣ вобаста ба мавзуҳои зикргардида 20 маротиба вохӯриҳо дар байни донишчӯён, хонандагон ва ҷавонони маҳаллаҳои шаҳр бо иштироки зиёда аз 3950 нафар гузаронида шудааст. Инчунин  рӯзи 20 январи соли 2015 вохӯрии муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 250 нафар ҷавонони шаҳр дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр гузаронида шуд.
          Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватандорӣ, бедор намудани ҳисси миллӣ дар ниҳоди ҷавонон, зиёд намудани сафи «Ихтиёриёни ҷавон» барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо комиссариати ҳарбии шаҳр ва Шӯрои собиқадорони чангу меҳнат, мунтазам суҳбату вохӯриҳо дар байни ҷавонони  маҳалаҳои шаҳр доир карда мешаванд. Ин боис гардид, ки даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагии сиёсӣ ба роҳ монда шуда, 91 нафар ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд, ки аз ин миқдор 45 нафарашон ихтиёриён буданд.
          Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр, тибқи нақша-чорабиниҳо  бахшида ба 70 солагии Ғалаба дар Чанги Бузурги Ватанӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр аз 15 апрел то 5 майи соли 2015  озмуни “Маҳфили Зарифон”-ро баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 4500 нафар мактаббачагон иштирок доштанд. Ғолибони озмун  бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр қадр карда шуданд.
          Дар доираи нақша – чорабиниҳои  30-рӯзи ҷавонӣ таҳти унвони “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар” ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон. бо мақсади чалби наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ ва дарёфти хонандагони фаъол, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр рӯзи 12 майи соли 2015 озмуни “Хонандаи сол”-ро бо иштироки 36 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор намуданд. Дар озмун хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9  Абдуллоев Н. сазовори чойи аввал гардида, бо Диплом ва тӯҳфа, инчунин 10 нафар беҳтаринҳо бо Дипломҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр  қадр карда шуданд.         
          Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи фарҳангӣ шаҳр тибқи нақша рӯзи 14 майи соли 2015 озмуни “Истеъдодҳои ҷавон” Суруди беҳтарин ва Рақси беҳтаринро бо иштироки 250  нафар ҷавонон баргузор намуд. Ғолибони озмун  бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр қадр карда шуданд.
          Инчунин бахшида ба “Соли оила” дар ҳамкорӣ бо Филиали ташкилоти чамъиятии ИНИС дар вилояти Хатлон рӯзи 15 майи соли 2015 мизи мудаввар дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати оиладорӣ” бо иштироки 30 нафар аъзоёни маҳфили “Ихтиёриёни ҷавон” гузаронида шуд. Иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо туҳфаҳои хотиравии ташкилоти мазкур қадрдонӣ карда шуданд.
            Рӯзи 20 май дар толори мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии раиси шаҳр бо ҷавонон барпо гардид. Дар вохӯрӣ ба 30 нафар аз чумла, 20 нафар хонандагон ва донишчӯёни аълохон ва 10 нафар беҳтарин варзишгарон стипендияи раиси шаҳр супорида шуд. Инчунин ба 30 нафар ҷавонони лаёқатманд аз чумла, роҳбарони ташкилотҳои  кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёна, омӯзгорон ва олимони ҷавон, донишчӯён ва хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи чумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори чойҳои ифтихорӣ гардидаанд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қадр карда шуданд.
         Бахшида ба чашни Ваҳдати миллӣ дар ҳамкори бо Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр аз 20 то 27 июни соли 2015  чорабиниҳои фарҳангӣ дар назди теппаи Қӯрғон ва намоиши барномаи фарҳангӣ дар қисми ҳарбии 3503 баргузор карда шуданд.
          Бо мақсади дар давраи таътили тобистона ба машғулиятҳои варзишӣ чалб намудани наврасону ҷавонон, дар шаҳр як қатор мусобиқаҳои варзишӣ аз чумла, дар майдончаи варзишии мактаби № 3 мусобиқаи футболи хурд бо иштироки 17 дастаҳои ҷавонони Ургут маҳалла, дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ” мусобиқаи футбол бо иштироки 9 дастаҳои бонкҳо ва ширкатҳои мобилии дар шаҳр фаъолиятдошта дар сатҳи баланди варзишӣ гузаронида шуданд. Инчунин дар доираи Нақша – чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи нашъамандӣ   аз 13 то 23 июн мусобиқаҳои “Тӯби чармин” байни наврасони солҳои таваллуди  2002-2003 бо иштироки 13 даста, аз 8 то 22 июл байни наврасони солҳои таваллуди 2000-2001 бо иштироки 14 даста ва рӯзҳои 20-21 июн мусобиқаи кушоди щаҳри Қӯрғонтеппа аз намуди Таэквандо байни наврасони солҳои таваллуди 2004-2008 таҳти унвони “Ҷавонон чонибдори тарзи ҳаёти солим” гузаронида шуданд.  Дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи 25 июн мусобиқаи шашка (оилавӣ) байни оилаҳои маҳаллаҳо бо иштироки 12 даста бахшида ба”Соли оила” ва “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” баргузор карда шуданд.
           Бо мақсади рушди тарбияи чисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рӯзҳои 25 июн ва 4 августи соли 2015 байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр бозиҳои шавқовари “Офарин” бо иштироки 80 нафар кӯдакон ва байни кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр мусобиқаи “Тенниси рӯйи миз” бахшида ба “Рӯзи варзишгарон” баргузор гардиданд. Дастаҳои ғолиб ва иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои мазкур бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр қадр карда шуданд.
          Тибқи нақшаи чорабиниҳо  рӯзи 28 июли соли 2015 вохӯрии намояндагони  ҳифзи ҳуқуқ, дин, адибон ва рӯзи 14 августи соли 2015 вохӯрии намояндагони  ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоти чамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо ҷавонони шаҳр, доир ба пешгирии  омилҳои номатлуби ичтимоӣ аз қабили чинояткорӣ, худкушию худсузӣ,  ҳурофотпарастӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртичоӣ,  иштироки онҳо дар чангҳои кишварҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон, терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) ва тақлиди либосҳои бегона бо иштироки 530 нафар баргузор гардид.
          Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф ва комиссияи кор бо ноболиғони мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ байни хонандагон оиди пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили дуздӣ, ғоратгарӣ, худкушӣ, тачовуз ба номус ва ғайра мунтазам суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд.
          Дар самти ичрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи миллии рушди ичтимоии ҷавонон дар шаҳри  Қӯрғонтеппа  барои солҳои 2013-2015, оиди рушди саломатии ҷавонон дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои шаҳр, маркази СПИД дар вилоят, оиди пешгирии бемориҳои сирояти чинсӣ, ВНМО/БПНМ, танзими оила, нашъамандӣ ва оқибатҳои он мунтазам суҳбату вохӯриҳои гурӯҳӣ бо аҳолии шаҳр гузаронида мешаванд, ки қисми зиёди иштирокчиёнро ҷавонон ва оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд.  Рӯзи 27 январи соли 2015 дар ҳамкорӣ бо маркази СПИД-вилояти Хатлон бо 25 нафар аъзоёни маҳфили «Ихтиёриёни ҷавон» семинари омӯзишӣ дар мавзӯи мубориза ва роҳҳои пешгирии бемории ВНМО/БПНМ ва рӯзҳои 17-18 августи соли чорӣ семинари омӯзишӣ бо 20 нафар ҷавонони фаъоли шаҳр дар мавзӯи роҳҳои пешгирии бемориҳои сирояти чинсӣ, ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ дар байни ҷавонон гузаронида шуданд.
          Бо мақсади рушди туризми дохила ва васеъ намудани чаҳонбинии наврасону ҷавонон рӯзҳои 24-26 июл соли чорӣ 18 нафар ҷавонон ба мавзеҳои табииву  таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб ва 19 август  18 нафар ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа ба мавзеҳои фарҳангӣ-таърихии ноҳияи Шаҳритуз ва“Чилу чор чашма”-и ноҳияи Носири Хусрав  сафарбар карда шуданд.
          Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 28 августи соли 2015 мусобиқа оид ба армспорт (дастхобонӣ) байни бонувони ташкилоту муассисаҳои шаҳр гузаронида шуд. Дар мусобиқа 30 нафар иштирокчиён аз ташкилоту муассисаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок доштанд. Ғолибони мусобиқа бо Чом, Диплом ва туҳфаҳои молию пулии бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа мукофотонида  шуданд.
         Бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 август то 4 сентябр мусобиқаи “Тӯби чармин” байни дастаҳои футболи маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, ҷавонони солҳои таваллуди 1998-1999 гузаронида шуд. Ғолибони мусобиқа бо Чом, медал ва Дипломҳои таъсиснамудаи  Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр мукофотонида шуданд. 
          Инчунин бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар ҳамкорӣ бо маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр рӯзи 3 сентябри соли 2015 чорабиниҳои  варзишӣ ва фарҳангӣ дар қисми ҳарбии 3503 баргузор намуд.  Дар интиҳо сарбозон ва афсарони қисми низомии мазкур бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
         Бо дастгирии мақомоти ичроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа тибқи нақша-чорабиниҳо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр рӯзи 4 сентябри соли 2015 дар Хонаи пиронсолони шаҳр барномаи фарҳангӣ баргузор намуд.
         Инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр дар варзишгоҳҳои “Пахтакор”, “Ҷавонӣ”ва майдончаҳои варзишии маҳаллаҳои шаҳр  байни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футбол,  волейбол, баскетбол ва футболи хурд гузаронида шуданд. Ҳамчунин дар   толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 шаҳр мусобиқаҳои кушоди шаҳри Қӯрғонтеппа аз намуди “Гӯштини миллӣ” байни варзишгарони  мактаби варзишии наврасону ҷавонони шаҳр баргузор карда шуд, ки дар ин чорабиниҳо зиёда аз 650 нафар наврасону ҷавонони шаҳр иштирок доштанд.
         Инчунин дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” ва “Зодрӯзи Мавлоно Чалолиддини Румӣ”байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр гузаронидани озмуни Иншои беҳтарин ба нақша гирифта шудааст.
        Оид ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар рӯзномаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа» мунтазам гузоришу мақолаҳо нашр мегарданд.
       
         
                             Дар самти ичрои Қонуни Чумхури Тоҷикистон дар
бораи тарбияи чисмони ва варзиш.
 
         Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа баҳри густариш додани соҳаи варзиш дар байни омма, хусусан инкишоф додани он дар байни наврасону  ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар нуҳ моҳи соли 2015 як қатор чорабиниҳои варзиширо бахшида ба санаҳои таърихӣ ва чашнҳои миллӣ  баргузор намудааст.
         Тибқи нақша-чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якчоягӣ бо шуъбаи маориф бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади фарогирии мактаббачагон ба машғулиятҳои варзишӣ, оммавӣ гардонидани варзиш, рушди тарбияи чисмонӣ ва варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар давраи таътили зимистонаи мактаббачагон аз 6 то 30 январи соли 2015 мусобиқаҳои варзишӣ байни мактаббачагон (писарон, духтарон) аз рӯи шаш намуди варзиш, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, шашка, шоҳмот ва варзиши сабук баргузор намуд. Дар чамъбасти мусобиқаҳо аз рӯи шаш намуди варзиш, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 сазовори чойи 1-ум, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 сазовори чойи 2-юм, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 сазовори чойи 3-юм ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 сазовори чойи 4-ум гардид. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо туҳфаҳо ва Ифтихорномаҳои  таъсиснамудаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа сарфароз гардонида шуданд. Дар мусобиқаҳои варзишӣ 845 нафар хонандагон иштирок доштанд. Рафти мусобиқаҳои мазкур  тариқи шабакаҳои ТВ-Хатлон ва муассисаи давлатии  телевизиони «Сафина» намоиш дода шуд.        
         Бахшида ба 22 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзҳои 19-20  феврали соли чорӣ байни кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр мусобиқаи «Шоҳмот» баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ 6 ташкилоту муассисаҳо байни худ қувваозмоӣ намуданд.  Ғолибони ин мусобиқа бо Чом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи бахш сарфароз гардонида шуданд.
        Бо мақсади муайян намудани узви дастаи мунтахаби бонувон бахшида ба 8 март «Рӯзи модар» рӯзҳои 03-04 март мусобиқаи волейбол (бонувон) байни кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронида шуд ва ғолибони мусобиқа бо Чом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи бахш мукофотонида шуданд.
        Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба Иди байналмилалии «Наврӯз» рӯзҳои 5-6 марти соли 2015 мусобиқаи кушоди шаҳри Қӯрғонтеппа аз намуди бокс байни ҷавонон баргузор гардид. Инчунин рӯзҳои 14-15 март мусобиқаи кушоди шаҳри Қӯрғонтеппа аз намуди волейбол (бонувон) гузаронида шуд. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо Чом, медал, Диплом  ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа сарфароз гардонида шуданд.
        Баҳри густариш додани соҳаи варзиш дар байни омма, хусусан инкишоф додани он дар байни наврасону  ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, бахшида ба Иди байналмилалии «Наврӯз» рӯзҳои 26 феврал то 14 марти соли 2015 дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ» мусобиқаи футбол байни ҷавонони маҳаллаҳои шаҳр барои дарёфти «Чоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа» баргузор гардид. Дастаҳои маҳаллаҳои Кофарниҳон, Чалолиддини Румӣ, Қӯрғон-2 ва Умари Хайём ғолибони даври ниҳоии мусобиқа дониста шуданд. Ғолибони  ва 6 нафар бозингарони беҳтарин бо Чом, медал, Диплом  ва маблағҳои пулии мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа сарфароз гардонида шуданд.
          Бо дастгирии макомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр бо мақсади омодагӣ ва иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони шаҳр дар мусобиқаҳои сатҳи чумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, тибки нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 70 солагии Ғалаба дар Чанги Бузурги Ватанӣ аз 9 апрел то 2 майи соли 2015 Бозиҳои варзишии мактаббачагони шаҳри Қӯрғонтеппаро аз рӯи 5 намуди варзиш байни писарон ва духтарон баргузор намуд. Дар Бозиҳои варзишии мактаббачагон 872 нафар хонандагон иштирок доштанд. Ғолибони мусобиқаҳо  бо Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр қадр карда шуданд.
          Инчунин бахшида ба 70 солагии Ғалаба дар Чанги Бузурги Ватанӣ аз 17 апрел то 6 майи соли 2015 байни дастаҳои ҷавонони маҳаллаҳои шаҳр мусобиқаи  волейбол (мардон) дар сатҳи баланди варзишӣ гузаронида шуд.  Дар мусобиқаи  мазкур  160 нафар ҷавонони шаҳр ширкат доштанд.
            Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр аз 7 май то 18 майи соли 2015 байни кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр мусобиқаи волейбол бо иштироки 80 нафар баргузор гардид. Ғолибони мусобиқа бо Чом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр мукофотонида шуданд.
          Дар доираи чорабиниҳои  “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 17 майи соли чорӣ дар маркази шаҳр “Дави миллӣ” бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ гузаронида шуд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли  “Дави миллӣ” ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа супорида шуданд.
            Баҳри тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди тарбияи чисмонӣ дар муассисаҳои томактабӣ  бахшида ба Рӯзи муҳофизати кӯдакон рӯзи 29 май бозиҳои шавқовари “Офарин” байни тарбиятгирандагони муассисахои томактабии шаҳр бо иштироки 40 нафар кӯдакон  баргузор гардиданд. Ғолибони бозиҳои шавқовари “Офарин”  бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр қадр карда шуданд.
          Бо мақсади оммавӣ гардонидани футбол дар шаҳр  дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ” мусобиқаи футбол бо иштироки 10 дастаҳои бонкҳо ва ширкатҳои мобилии дар шаҳр фаъолиятдошта, дар сатҳи баланди варзишӣ гузаронида шуданд.
          Бо мақсади дар давраи таътили тобистона ба машғулиятҳои варзишӣ чалб намудани наврасону ҷавонон, дар шаҳр як қатор мусобиқаҳои варзишӣ аз чумла, дар майдончаи варзишии мактаби № 3 мусобиқаи футболи хурд бо иштироки 17 дастаҳои ҷавонони Ургут маҳалла баргузор гардид.
          Тибқи нақшаи чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба  рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 13 июн то 23 июни соли 2015 байни дастаҳои футболи маҳаллаҳои шаҳр, наврасони солҳои таваллуди 2002-2003 мусобиқаи “Туби чармин”бо иштироки 14 даста гузаронида шуд.
             Инчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи нашъамандӣ, таҳти унвони “Ҷавонон чонибдорӣ тарзи ҳаёти солим” рӯзҳои 20-21 июни соли чорӣ мусобиқаи кушоди шаҳри Қӯрғонтеппа аз намуди Таэквандо байни  наврасони  солҳои таваллуди 2004-2008 бо иштироки 150 нафар варзишгарон  баргузор гардид. Ғолибони мусобиқа бо Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр қадр карда шуданд.
           Дар доираи нақша – чорабиниҳо аз 8 то 22 июл мусобиқаи “Тӯби чармин” байни наврасони солҳои таваллуди  2000-2001  бо иштироки 13 даста таҳти унвони “Ҷавонон чонибдори тарзи ҳаёти солим” гузаронида шуданд.  
         Дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи 25 июн мусобиқаи шашка (оилавӣ) байни оилаҳои маҳаллаҳо бо иштироки 12 даста бахшида ба”Соли оила” ва “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” баргузор карда шуданд.
          Бо мақсади рушди тарбияи чисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рӯзҳои 25 июн ва 4 августи соли 2015 байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр бозиҳои шавқовари “Офарин” бо иштироки 80 нафар кӯдакон ва байни кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр мусобиқаи “Тенниси рӯйи миз” бахшида ба “Рӯзи варзишгарон” баргузор гардиданд. Дастаҳои ғолиб ва иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои мазкур бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр қадр карда шуданд.
           Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 28 августи соли 2015 мусобиқа оид ба армспорт (дастхобонӣ) байни бонувони ташкилоту муассисаҳои шаҳр гузаронида шуд. Дар мусобиқа 30 нафар иштирокчиён аз ташкилоту муассисаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок доштанд. Ғолибони мусобиқа бо Чом, Диплом ва туҳфаҳои молию пулии бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа мукофотонида  шуданд.
         Бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 август то 4 сентябр мусобиқаи “Тӯби чармин” байни дастаҳои футболи маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, ҷавонони солҳои таваллуди 1998-1999 гузаронида шуд. Ғолибони мусобиқа бо Чом, медал ва Дипломҳои таъсиснамудаи  Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр мукофотонида шуданд. 
          Инчунин бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр  рӯзи 3 сентябри соли 2015 чорабиниҳои  варзишӣ  дар қисми ҳарбии 3503 баргузор намуд.  Дар интиҳо сарбозон ва афсарони қисми низомии мазкур бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
          Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр дар варзишгоҳҳои “Пахтакор”, “Ҷавонӣ” ва майдончаҳои варзишии маҳаллаҳои шаҳр  байни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футбол,  волейбол, баскетбол ва футболи хурд гузаронида шуданд. Ҳамчунин дар   толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12  шаҳр мусобиқаҳои кушоди шаҳри Қӯрғонтеппа аз намуди “Гӯштини миллӣ” байни варзишгарони мактаби варзишии наврасону ҷавонони шаҳр баргузор карда шуд, ки дар ин чорабиниҳо зиёда аз 650 нафар наврасону ҷавонони шаҳр иштирок доштанд.
         Дар давоми нуҳ моҳи соли 2015 дар шаҳр 47 мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуда, зиёда аз 10609 нафар аҳолии шаҳр ба варзиш фаро гирифта шуданд, ки шумораи зиёди онро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд. 
          Инчунин варзишгарони шаҳр дар давоми соли чорӣ дар  20 мусобиқаҳои  сатҳи чумҳуриявӣ ва  4 мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда 118 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 40 адади он тилло мебошад.     
          
                                              Дар самти Туризм
        Дар шаҳри Қӯрғонтеппа  як ёдгории таърихӣ – Теппаи Қӯрғон, 3 осорхона, 8 адад меҳмонхона бо таври замонавӣ ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. Ҳамчунин, дар шаҳр мучассамаҳои «Исмоили Сомонӣ», «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», «Бобочон Ғафуров», «Мавлоно Чалолиддини Румӣ» ва ғайра мавчуданд, ки барои тозаву озода ва тамошобоб нигоҳ доштани онҳо тамоми чораҳо андешида мешаванд.
Бояд қайд кард, ки дар ин давра аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа нақша- чорабиниҳо таҳия гашта, бо мақсади
дар сатҳи зарурӣ  қабули меҳмонон ва сайёҳони хоричӣ, инчунин пешниҳод намудани чойҳои таърихии шаҳр ва осорхонаҳои дар шаҳр фаъолият дошта, мунтазам тадбирҳо андешида шуда истодааст. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади рушди соҳаи туризм, буклетҳо ва дигар маълумотҳои таблиғотию  иттилоотӣ омода  карда  шудааст.                    
          Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи рушди туризм дар шаҳри Қӯрғонтеппа барои солҳои 2015-2017» соли 2015 ҳамчун «Соли муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ» эълон карда шудааст. Дар ду нуқтаи сераҳолии шаҳр телевизионҳои калон насб карда шудааст, ки бо истифода аз видеороликҳо барои тарғибӣ туризми шаҳри Қӯрғонтеппа ва умуман вилояти Хатлон мувофиқи мақсад мебошад.                       
         Дар осорхонаи Биби-Хонум – и шаҳр гушаи соҳаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ташкил карда шудааст.           
          Бо мақсади васеъ намудани чаҳонбинии наврасону ҷавонон ва рушди туризми дохилӣ, мунтазам дар байни наврасону ҷавонон оиди чойҳои таърихӣ ва истироҳатӣ дар минтақаҳои кишвар мавчудбуда, суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд.
           Бо мақсади дар давраи таътили тобистона фаро гирифтани наврасону ҷавонон ба истироҳату фароғат бо дастгирии мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа лагери истироҳатию фароғатии «Соҳил» дар мавзеи ободу зебои ноҳияи Хуросон ташкил карда шудааст, ки наврасону ҷавонон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд. Тибқи нақша дар давраи таътили тобистона зиёда аз 450 нафар наврасону ҷавонон дар лагери мазкур  истироҳат намуданд. 
        Бо мақсади рушди туризми дохила ва васеъ намудани чаҳонбинии наврасону ҷавонон рӯзҳои 24-26 июл соли чорӣ 18 нафар ҷавонон ба мавзеҳои табииву  таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб ва 19 август  18 нафар ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа ба мавзеҳои фарҳангӣ-таърихии ноҳияи Шаҳритуз ва“Чилу чор чашма”-и ноҳияи Носири Хусрав  сафарбар карда шуданд.     
        Бояд қайд кард, ки мавқеи чуғрофии  чойгиршавии чумҳурӣ, махсусан шаҳри Қӯрғонтеппа, мавзеъҳои табиӣ, мавзеҳои таърихиву фарҳангӣ, инкишоф ёфтани анъанаҳои миллӣ барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои хубро фароҳам овардааст. Ҳамчунин мебоист қайд намуд, ки имрӯз дар шаҳр дар доираи барномаи соҳавӣ чиҳати рушди самтҳои афзалиятноки туризми дохила чораҳои мушаххас ба нақша гирифта шудаанд.  
          Дар мачмуъ дар давоми соли равон аз тарафи бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр 25 номгӯи чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ – фарҳангӣ, ва суҳбату вохӯриҳо  гузаронида шуд, ки дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 12 ҳазору 405 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шудаанд. Дар давоми  нуҳ моҳи соли 2015,  47  мусобиқаҳои варзишӣ байни наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ бо иштироки 10 ҳазору 609 нафар гузаронида шудааст. Инчунин варзишгарони шаҳр дар давоми соли чорӣ дар 20 мусобиқаи  сатҳи чумҳуриявӣ ва 4 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда 118  медал ба даст овардаанд, ки аз ин миқдор 40 адади он тилло мебошад.        
          Дар соли равон аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизонии «шаҳри Қӯрғонтеппа», «Ҷаҳоннамо», «ТВ Хатлон», «Телевизиони Сафина» ва «Шабакаи якум» 22 гузоришҳои телевизионӣ оид ба фаъолияти соҳа ва баргузории чорабиниҳо сабт ва намоиш дода шуд.
       Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия минбаъд ҳам баҳри ичрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ, ки бевосита баҳри баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ ва худшиносии ҷавонон равона гардидааст, кӯшиш ба харч дода аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебарад.    

 
         Мудири бахши
ҷавонон, варзиш ва сайёҳии       
       шаҳри Қӯрғонтеппа                                                          Ч. Исматуллозода

 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню