Хусусиятҳои тухмипарварии зироати пахта - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Хусусиятҳои тухмипарварии зироати пахта

.... ва роҳҳои амалӣ намудани он дар вилояти Хатлон.
Кормандони илмии филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон дар солҳои охир мутобиқи банду фаслҳои  «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» (Банди 3.8., зербанди 1 «Мустаҳкам намудани заминаи моддӣ техникӣ ва иқтидори илмии пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ дар соҳаи селексия ва тухмипарварии ибтидоии зироатҳои афзалиятнок – пахта, гандум, картошка, зироатҳои хӯроки чорво ва дарахтони мевадор», зербанди 4 «Ташкили истеҳсоли тухмиҳои репродуксияашон баланди зироатҳои афзалиятнок дар хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ дар асоси бастани Қарордодҳои иҷозатномавӣ дар байни селексионер ва истеҳсолкунандагони тухмӣ».зербанди 9 «Тайёр намудани кадрҳо ва такмил додани сатҳи дониш ва таҷрибаи мутахассисон бо роҳи гузаронидани тренингҳо, саёҳатҳои таълимӣ, курсҳои бардоштани дараҷаи тахассус ва ғайраҳо») амал намуда,  тасмим гарифтаанд, ки барои рушди соҳаи тухмипарварӣ саҳми худро гузоранд.
 Кормандони илмии озмоишгоҳи Тухмипарварии пахта ҳар сол бо мақсади ташкил намудани зинаи аввали тухмипарварии навъҳои нав  парваришгоҳи тухмии соли якӯм ва дуюм, парваришгоҳи тухмиафзункунии навъҳои нав ва ояндадори пахтаи маҳиннах ва миёнанахи ихтирои муассисаро ташкил намуда, тозагии онҳоро  таъмин менамоянд ва барои пешниҳод намудан ба санҷиши давлатӣ омода менамоянд. Инчунин, қитъаҳои намоишии навъҳои ватанӣ ва хориҷиро, ки барои кишт дар қаламрави  вилоят иҷозат додаанд, ташкил намуда, дар асоси гузаронидани семинару машваратҳои минтақавӣ мутахассисони соҳаро бо хусусиятҳои бартаридоштаи ин навъҳо шинос менамоянд ва баҳри таъмини хоҷагиҳои тухмипарварӣ бо маводҳои аввалиндараҷаи навъҳои нав саҳми худро мегузоранд.
Кормандони озмоишгоҳи Тухмипарварии пахта бо хочагии тухмипарварии вилояти Хатлон дар самти ташкил  ва ба роҳ мондани корҳои тухмипарварӣ, услуб ва хусусиятҳои парвариши  пахтаи тухмӣ  ҳамкории илмӣ намуда истодаанд.
Ба ҳама маълум аст, ки тухмипарварӣ асоси рушди соҳаи кишоварзӣ ҳисоб ёфта, таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии баландсифати ватанӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи коркунони соҳа мебошад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки тухмипарварӣ услуб ва хусусиятҳои худро дорад ва риояи онҳо пеш аз ҳама ба рушди соҳа мусоидат менамояд.
 Барои тайёр кардани тухмии босифати пахта истифодаи маводҳои тухмии аввалиндараҷаи сифатнок  ва дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ, ғизодиҳӣ ва  обёрӣ пеш аз ҳама зарур аст.
 Барои кишти тухмии элита ва репродуксияи якӯм заминҳои ҳосилнокиаш хуб, ҳамвор, ва барои обёрӣ мувофиқро чудо намудан мувофиқи мақсад аст ва ин қитъаҳоро дар фасли тирамоҳ ҷудо менамоянд.
Замини барои кишт ҷудо кардашуда аз ғӯзапоя ва алафҳои бегона пеш аз шудгор тоза карда мешавад.
Яке аз масъалаҳои муҳими тухмипарварӣ дар  хоҷагиҳои тухмипарвар  ин - ҳуҷҷатгузорӣ мебошад. Барои парваришгоҳи соли якӯм ва дуюм дафтари кишт (№1) тартиб дода мешавад ва дар он вазни пумбадона (г.), дарозии нах (мм), баромади нах (%) ба қайд гирифта  мешаванд.
Пеш аз кишт оилаҳои барои кишт пешбинишуда дар халтачаҳо нигоҳ дошта шуда, халтачаҳо рақамгузорӣ карда мешаванд. Аз оилаҳои алоҳида бандчаҳо (гирлянд)  тартиб дода шуда, бо тамға ва навиштаҷоти муайянкунанда таъмин карда мешаванд.
Маводҳои киштшаванда ҳатман ба муқобили ангезандаҳои касалиҳои вилт ва пӯсиши реша бо маҳлули формалини 40 %-а (дар 100 л об 1л формалини 40%-а) заҳролуд карда мешаванд.
Дар парваришгоҳи соли якӯм на камтар аз 1500 интихоби фардӣ, ки  аз парваришгоҳи соли дуюм гирифта шудааст, кишт карда мешавад. Дарозии қатор 10 м., масоҳати кишт 1 га.
Парваришгоҳи соли дуюм аз чинаки пахтаи соли якӯм кишт карда мешавад. Дарозии қатори ҳар як оилаи киштшаванда 20 м, 4 қаторӣ, вобаста ба захираи пумбадона на камтар аз 400 оила кишт карда мешавад, масоҳати кишт 4 га.
Дар парваришгоҳи тухмиафзункунӣ 250 оила аз чинаки пахтаи парваришгоҳи соли дуюм, аз оилаҳои солим, вобаста ба захираи пумбадона – аз 20 то 25 га кишт карда мешавад.
Барои ба даст овардани тухмии репродуксияи якӯм аз захираи пумбадонаи тухмии элита вобаста ба захираи тухмӣ аз 200 то 350 га кишт карда мешавад.
Кишти ҳамаи парваришгоҳҳои тухмӣ дар шароити хуби агротехникӣ  бояд гузаронида шавад. Мӯҳлати беҳтарини оғози кишт дар шароити вилояти Хатлон  10 апрел ҳисоб меёбад.
Дар парваришгоҳи соли якӯм, дуюм ва тухмиафзункунӣ дар 1 м.т. барои пахтаи маҳиннах 5 растанӣ, барои пахтаи миёнанах вобаста ба шохаронии навъ 4-5 ниҳол мондан тавсия дода мешавад. Дар қитъаи кишти тухмии репродуксияи 1 барои пахтаи миёнанах 80-90 ҳазор ниҳол дар як га ва  барои пахтаи маҳиннах 90-100 ҳазор ниҳол дар як га  гузоштан мувофиқи мақсад аст.
Дар парваришгоҳҳо дар давраи нашъунамо ва ҳосилбандии пахта  2 маротиба  санҷиши саҳроӣ гузаронида мешавад. Пеш аз санҷиши саҳроӣ ҳамаи ниҳолҳои оилаҳои киштшуда дар парваришгоҳҳои соли якӯм ва дуюм ҳисоб карда шуда, дар дафтари корӣ ба қайд гирифта мешавад.
Дар вақти ихтисоркунӣ  тозагии оилаҳои киштшуда, ҳосилнокӣ, тезпазӣ, ҳаҷм ва вазни кӯрак, устуворӣ  ба касалиҳо ва гармӣ ва хусусиятҳои дигари ниҳол ба инобат гирифта мешавад.  Он оилаҳое, аз 2% зиёд ба касалӣ гирифтор шудаанд, ҳосилнокии паст доранд, миқдори ниҳолашон кам аст ва нишонаҳои ғайринавъи доранд, ихтисор карда, дар тамғаашон ва дафтари саҳроӣ навишта мешаванд. Ин оилаҳои ихтисоршуда барои тухмӣҷамъоварӣ карда намешаванд.
То мӯхлати гузаронидани апробатсия майдони кишти пахтаи элита ва репродуксияи 1-ӯм бояд аз ниҳолҳои ғайринавъи тоза карда шавад. Тозагии майдони кишти тухмии элита на камтар аз 100% ва репродуксияи 1 на камтар аз 99% бошад. Дар ин бора аз тарафи комиссияи маҳсус санҷиш гузаронида шуда,  санад тартиб дода,  ба чиниши пахтаи тухмӣ иҷозат дода мешавад.
Дар қитъаҳои кишти тухмии элита ва репродуксияи-1 фоизи касалиҳои вилти фузариозӣ, вертиселлозӣ, гоммоз, макроспориоз, пӯсиши решаро ба тарзи вертикалӣ (шахмат) муайян мекунанд.  Аз қитъаи тухмии элита  аз 1 га 10 намуна,  10 растанӣ, Р-1, Р-2 ва Р-3  аз як га як намуна, 10 растанӣ гирифта касалиро муайян мекунанд.
Ба гурӯҳи якӯм дохил мешаванд майдонҳои касалии вилти фузариоз, вертиселлез, гоммоз ва пӯсиши реша то 5%, ба гурӯҳи дуюм дохил мешаванд вилти фузариоз 3%, вертиселлоз аз 5 то 15%, пӯсиши реша аз 5 то 10 %.  Агар дар майдонҳо касалӣ аз ин миқдор зиёд бошад, ҳосили он барои тухмӣ гирифта намешавад.  Ҷамъоварии ҳосили пахтаи тухмӣ баъди шукуфтани 4-5 кӯрак  оғоз ёфта, то кӯракҳои  навда ва буғумҳои ҳосилдеҳи 10-ӯм  давом меёбад ва ба корхонаҳои пахтатозакунӣ то 10 октябр супорида мешавад,  дар ҳолатҳои иҷро нашудани реҷаи ҷамъоварии ҳосили тухмӣ бо иҷозати раёсати кишоварзӣ то 15-20 октябр давом дода мешавад.
Намнокии пахтаи тухмӣ барои навъҳои элита 8% ва барои репродуксияи якӯм  9,5% пешбинӣ шудааст.
Дар вақти ба  корхонаҳои пахтатозакунӣ супоридани пахтаи тухмӣ навиштаҷоти роҳхат бо қалами сурх хат кашида мешавад.Чиниши пахтаи тухмӣ таҳти назорати мудири озмоишгоҳи тухмипарварӣ гузаронида мешавад. 
Пахтаи тухмии элитаро дар корхонаҳои пахтатозакунӣ  дар ҷойҳои болояш пӯшида нигоҳ медоранд.   Ғарами пахтаи тухмии  Р-1 ба  миқдори на зиёда аз 200 тонна нигоҳ дошта шуда, болояш бо матои махсус пӯшида мешавад.
Пеш аз тозакунии тухмӣ аз нах ҳатман шнекҳо тоза карда шуда, баъд ба тоза кардани пахтаи тухмӣ шурӯъ менамоянд. Дар 5-10 минути аввали кори олотҳо пумбадона барои тухмӣ гирифта намешавад. Баъди ин мӯҳлат ба гирифтани пумбадонаи тухмӣ оғоз менамоянд. Дар вақти ҳаллоҷӣ кардан бурридани пумбадона мутобиқи талаботҳои стандартӣ на бояд аз 1-1,5%  зиёд бошад. Пумбадонаи тухмии дараҷаи якӯм бояд 95-100%, дараҷаи дуюм 90-94%, дараҷаи сеюм 95-89%  қобилияти сабзиш дошта бошад.
Баъди гирифтани пумбадонаи тухмӣ дар мӯҳлатҳои тавсияшуда ба заҳролудкунии он барои пешгирии касалиҳои касалиҳои вилт, гоммоз, макроспориоз ва пӯсиши реша   оғоз менамоянд.
Меъёри сарфи заҳрхимикатҳо чунин аст: - барои 1 тонна пумбадонаи тухмӣ 100 л об, 8-10 кг бронотакс ё фентоуран. Барои безарар кардани тухмии қитъаҳои тухмипарварӣ истифодаи формалин низ тавсия мешавад. Бо ин мақсад 1 л.  формалини  40%-ро ба 100 л. об омехта карда, истифода менамоянд. Меъёри ин маҳлул барои 1 т.  пумбадона 250-300 л-ро ташкил менамояд.  Барои пумбадонаи пахтаи навъҳои миёнанах 300-400 л маҳлул тавсия карда мешавад. Барои иҷрои корҳо  қуттии махсуси чӯбӣ барои 1 тонна маҳлул, брезент, соат, дӯлчаи ченакдор барои омехтани пумбадона ва сатил лозим аст. Пумбадонаро бо маҳлул 10 дақиқа омехта намуда, 3 соат бо брезент пӯшида мемонанд. Ин амалро пеш аз кишг иҷро менамоянд, чунки баъди бо формалин коркард намудан пумбадонаро муддати зиёд нигоҳ доштан мумкин нест, чунки заррачаҳои формалин дар пумбадона боқӣ мемонанд ва дар вақти нешзанӣ ба ниҳолҳо таъсири бад мерасонанд. Дар вақти кор бо формалин хеле эҳтиёткорона бояд амал намуда, аз либосҳои махсус ва респиратор истифода бурдан лозим аст.
Кормандони озмоишгоҳ  барои пешбурди корҳои тухмипарварӣ ба тамоми хоҷагиҳои тухмипарварӣ ёрии амалии худро мерасонанд.
 
Ходими калони илмии
Озмоишгоҳи тухмипарварӣ Ҷумаев Т.
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню