Фарзанди хуб-боғи падар - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Фарзанди хуб-боғи падар

Инсон бо умеде ниҳол парвариш мекунад, ки дар ҷавоб ба заҳмати кашидааш қадрдонӣ бубинад. Он дарахте, ки ба мурод шинонидааст, аз серборӣ ба ӯ сари таъзим фуруд орад.
Дар ҳақиқат инсон бо азобу машаққати зиёде фарзанд ба дунё меорад, ӯро хӯрондаю пӯшонида ба воя мерасонад.
Вақте, ки фарзанд давоми умри инсон аст, пас ба ҳар падару модар лозим меояд, аз рӯзи аввали таваллудаш ба тарбияи чиддии ӯ машғул шавад. Бо боварии комил гуфта метавон, агар нақш ва таъсири волидон ба тарбияи фарзандон назаррас бошад, фарзандони онҳо соҳибҳунар ва бо маърифат ба камол мерасад.
Волидайни дилсӯз баҳри он мекӯшанд, ки фарзандонашон на ба чамъ кардани маблағ аробакашӣ, фурӯхтани халтаҳои селофанӣ ё беҳудагардӣ шуғл варзида, балки кӯшиш мекунанд, то фарзандонашон ҳар лаҳзаи ҳаёти худро ба корҳои муфид ва пурсамар сипарӣ намоянд. Бояд фарзандон, наврасон ва чавонони имрӯза дар зиндагӣ хеле чолок ва фаъол бошанд, то дар оянда дастгири падару модарони хеш шаванд. Онҳо бояд аз мушкилиҳо наҳаросанд, худро ночор ва нотавон эҳсос накунанд, бояд донанд, ки аз авлодану ворисони шучои Ватан ҳастанд. Барои чомаи амал пӯшидани орзую омоли хеш ва мақсадҳои начиби волидайнашон кӯшиш намоянд насиҳат ва васиятҳои онҳоро сармашқи кори худ созанд.
Хуллас, тарбияи фарзанд муҳимтарин ва муқаддастарин кори падару модар, мактаб ва худи чамъияти имрӯза мебошад. Зеро фарзанд муқаддимаи бахту саодати ҳар яки мо мебошанд.
Бале, фарзанд беҳтарин меваи ширини умр аст. Пас фарзанди солеҳ чони падар, фарзанди ноқобил ё нохалаф сабаби паст задан ва нанги хонадон аст. Яъне: «Фарзанди нек-боғи падар, фарзанди бад-доғи падар».
Аҳмадҷон Комилов.

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню