Тарбия - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Тарбия

Тифлро аз кӯдакӣ омӯз адаб,
К-аз каломи тарбият одам шавад.
Тарбия асоситарин фаъолиятест дар ташаккулёбии шахсият. Ин кори муҳим ба зимаи волидон ва омӯзгорону мураббиён вогузошта шудааст. Барои хушрафтору хушгуфтор ва бофарҳанг ба воя расидани кӯдак тарбияи дурусту маќсаднок зарур аст, зеро фарзандро дар кадом руҳия тарбия намоӣ, ҳамон хел ба воя мерасад. Тарбияи дурусту маќсаднокро танҳо омӯзгор ва падару модарони бомаърифат ба роҳ монда метавонанд, зеро онҳо аз нозукиҳову асрори тарбия бархурдоранд. Манбаи асосӣ дар ташкили тарбияи маќсаднок омӯзонидани осори гаронбаҳои гузаштагонамон ба ҳисоб меравад.
Ниёгони мо вобаста ба тамоми паҳлуҳои тарбия худ осори гаронбаҳое боќӣ гузоштаанд. Яке аз ситорагони дурахшони осмони адабиёти форсу точик, устоди адаб Саъдии Шерозӣ устоди ахлоќ, тарбиятгари маънавии ҳазорон ҳазор наслҳои инсонист.
Яке аз асарҳои бузурги устод Саъдии Шерозӣ «Бӯстон» мебошад. Ин асари машҳур соли 1257 эчод шудааст ва ќариб ҳазор байтро бар мегирад. Устоди бузург Саъдии Шерозӣ дар «Бӯстон» дониши андӯхта, тачрибаҳои андухта, расму русум ва одоби ҳамидаро гирд оварда, андешаҳои худро баён намудааст. Асар чанбаи тарчумаҳолӣ дошта, ќаҳрамони асар худи устод аст. Ин асарро «Саъдинома» низ меноманд. «Бӯстон» панди судманд ва роҳнамои инсон ба чодаи камолоти маънавист. Устод Саъдӣ сифатҳои асосии инсонро васф намуда, донишу рой, саховат ва инсондӯстии мардумонро бештар таъкид менамояд. Тараннуми некиву накукорӣ дар ин асар чойгоҳи махсус дорад.
Наҳӣ, ки нафрин кунад аз пасат,
Накӯ бош, то бад нагӯяд касат!
Дар боби эҳсос Саъдӣ бо ҳикояҳои судманд мардумро сӯйи инсонпарварӣ мехонад. Эҳсон, хайру некӣ он аст, ки ғариберо, ки ба сӯят дасти умед дароз намудааст, ноумед нагардонӣ, дасти навозиш бар сари ятимон бубарӣ, фурӯмондагонро шод гардонӣ:
Магардон ғариб аз дарат бенасиб,
Мабодо, ки гардӣ ба дарҳо ғариб.
Саъдии бузургвор Эҳсонро зебу зинати адлу дод ва рафтори шахси адолатпеша мешуморад. Ӯ дар саросари «Бӯстон» ҳикояҳои ахлоќиву таълимӣ ва тамсилиро истифода бурдааст ва ҳар як монанди буттаи гуле ҳастанд, ки дар чойи худ шукуфтанд ва агар онро аз чояш берун орӣ, холигоҳе пайдо мешавад. Манзур гулҳои маънист, ки бо таровати худ «Бӯстон»-и сухани Саъдиро муаттар месозанд.
Нишони инсони раҳмдил, порсову накукор ин аст, ки ба бекасону ятимон шафќат созад, ғубори дили гирёни онҳоро бияфшонад, дар дами сахтӣ дастгири онҳо шавад. Саъдӣ зикр мекунад, ки касе бадӣ мекунад, бар асли хеш теша мезанад. Ба аќидаи устод, чун умри ҳама рӯзе ба поён мерасад, баду неки мардум низ мегузарад, ҳамон беҳ ки номи касро ба некӣ баранд:
Баду некӣ мардум чу мебигзаранд,
Ҳамон беҳ, ки номат ба некӣ баранд.
Ба аќидаи Саъдӣ, дилозорӣ пешаи мардуми сифла аст. Шоир некиву накӯкориро хислати ҳамидаи инсонӣ мешуморад. Чавонмардиву хушхӯиву бахшандагӣ – ин аст камоли инсоният:
Чавонмарди хушрӯю бахшанда бош,
Чу ҳаќ бо ту бошад, ту банда бош.
Касеро изо мадеҳ, тавбаи гунаҳкорро бипазиру аз пайи озори касе мабош!- панд медиҳад Саъдии бузургвор. Хайру некӣ ба ҳам расонандагони бахту саодати инсонианд. Инсон бояд ҳамеша аз паи некмардон шитобад. Дили дармондагонро аз банд баровардан, ба заифон ёрӣ расонидан, ҳиматбаландиву саховат – ин аст ҳадди чавонмардиву камоли инсонӣ. Хайру некӣ, саховату чуд, караму чавонмардӣ, ин аст маҳаки асосии «Бӯстон» - и Саъдии бузург. Умуман, «Бӯстон» асарест, ки бояд чун китоби дарсӣ, алоҳида ҳамчун фанни дунёшиносӣ таълим дода шавад. Ҳар боби ин китоб мисли оби чашмаест, ки инсони ташнаи маърифат аз он шодоб мегардад, мисли насими атрогинест, ки ба олами маънӣ рангу бӯ мебахшад.
Яке аз олимони имрӯзаи точик, шахси донишманд Абдуманони Насриддин дар муќаддимаи «Достонҳои дилангез аз «Бӯстон» -и шайх Саъдӣ», аз мартаба ва аҳамияти ин асари бузург чунин мегӯянд: « … арзиши асосии «Бӯстон» дар муҳтавои он зоҳир мешавад. Аҳамияти ин китоби дилпазир дар нуќтаҳои таълимиву ахлоќӣ ва тарбиявии он аст. Метавон онро донишномаи ахлоќи исломию инсонӣ маҳсуб кард… «Бӯстон фарогири ҳикмати амаливу назарӣ дар перояҳои адабӣ мебошад, ки бо чилваҳои каломиву ирфонӣ баён шудааст.
Усмоналӣ Ҷӯраев.

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню