Пойдевори устувори давлат оила аст - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Пойдевори устувори давлат оила аст

Пойдевори устувори давлат оила аст.  Онро ячейкаи ибтидоии чомеа номида, солимии чомеаро ба солимии оила алоқаманд мешуморанд. Ин андеша устувору солим буда, дар таърихи халқи точик оила ҳамеша мавқеи муҳим дошт. Ба ин ишора карда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди точик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст. Зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».
Ин сифатҳо оилаи точикро дар чаҳон машҳур карда, дар оинаи вақт намунавӣ нишон медиҳанд. Одамгариву иззати меҳмон дар оилаи точикӣ анъана шудааст. Оила сутуни зиндагӣ дониста шуда, устувор аз ишқу меҳрубонӣ ва барои ҳар як точик кошонаи бахти човидонист.
Покиву рӯшанӣ тозагию озодагӣ, дасту дили кушод меъёрҳои асосӣ дар оила маҳсуб ёфта, дар ин замина ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзанд, муомилаву муошират эътибори хосса дода мешавад. Дар оила нақши падару модар хеле муҳим буда, нақши давлат ва чомеа низ дар устувории оила хеле назаррас аст. Тарбияи одобу ахлоқи ҳамида, муносибат, муошират, риояи анъанаҳои миллӣ, фарҳанги моддиву маънавӣ аз оила оғоз гардида, дар чомеа тақвият меёбанд ва аз чониби давлат муҳофизат мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалиро оид ба оила, ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон эътироф карда, дар асоси талаботи Сарқонуни чумҳурӣ ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар ин самт ба роҳ мондааст. Самараи риояи талаботи қонун аст, ки сол то сол дар кишварамон оила чун ниҳоди муҳими чамъиятӣ устувортар мегардад.
Ин маъниро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд. «Ба мо лозим аст, ки ба хотири ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳимтарини ичтимоӣ талош намуда, симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии точикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманди халқамон устуворона ҳифз ва нигоҳдорӣ намоем».    
Ба ин мақсад дар Паёми имсолаашон Роҳбари давлат соли 2015-ро «Соли оила» эълон карданд. - Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад,- таъкид намудаанд Пешвои миллат.
Аз ин рӯ хулоса мешавад, ки талошу такопӯ ва чаҳду чидол барои солимию устувории оила, кӯшиш баҳри таҳкими истиқлолият, нигоҳдории асолат ва анъанаҳои миллӣ мебошад.
 
Котиби матбуотии Раис.

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню