Коллеҷи омӯзгории ДДҚ ба номи Носири Хусрав - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Коллеҷи омӯзгории ДДҚ ба номи Носири Хусрав

     Коллечи омӯзгории ДДҚ ба номи Носири Хусрав муассисаи давлатии таълимӣ буда, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба Коллечи омӯзгорӣ табдил додани омӯзишгоҳҳои  омӯзгории  Душанбе,  Хучанд,  Қӯрғонтеппа,  Кӯлоб»  аз 1-июли соли 1999 таҳти рақами 262 амал мекунад. 
     Фаъолияти коллеч дар асоси Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи маориф, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуччатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда  шудааст.  Оинномаи таълимгоҳ бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти № 820 аз 28.04.2014 тасдиқ карда шуда, дар Вазорати адлия ҳамчун шахси ҳуқуқӣ санаи 15.02.2008 аз қайди давлатӣ гузаронида шудааст (рақами бақайдгирии 003 - 1853).  Суроғаи ҳуқуқӣ ва воқеии коллеч: -вилояти  Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа , кӯчаи  Айнӣ 124.
      Коллечи омӯзгории ДДҚ ба номи Носири Хусрав  Ичозатномаи (литсензия бо замима) Хадамоти аттестатсия, аккредитатсия ва ичозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро (шаҳодатномаи силсилаи АУ № 0001602 аз 11.04.2014, № 1928) соҳиб аст ва аз аккредитатсияи давлатӣ низ гузаштааст  ( шаҳодатномаи силсилаи ИА № 0000722  аз 20. 10. 2014, № 255).
     Коллечи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа аз соли 1999 баъди таъсис ёфтан дар биноҳои собиқ Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Абдураҳмони Чомӣ чойгир аст. Муассиса алҳол дорои се бинои таълимӣ буда, масоҳати умумии он 2,4 га мебошад, ки аз он 800 метри мураббаашро биноҳои таълимӣ ташкил медиҳанд. Дар як бинои дуошёнаи таълимӣ, ки иборат аз 12 синфхонаи таълимӣ мебошад, факултаи методикаи таълими ибтидоӣ ва варзиши ДДҚ ба номи Носири Хусрав чойгир аст. Бинои таълимии Коллечи омӯзгори  куҳна ва фарсуда буда, аз соли 1932 инчониб амал карда истодааст. Муассиса дорои хобгоҳи донишчӯён мебошад, ки дар  он донишчӯёни ноҳияҳои дурдаст истиқомат мекунанд.
     Айни ҳол коллеч аз рӯйи  нуҳ  ихтисос мутахассисони таҳсилоти  миёнаи касбиро дар соҳаи маориф    тайёр менамояд:
1.   Таҳсилоти  ибтидоӣ                        2-010201
2.   Таҳсилоти томактабӣ                    2-010101
3.   Забон ва адабиёти точик               2-020301
4.   Забон ва адабиёти рус                   2-020302
5.   Забони хоричӣ (англисӣ)              2-020306
6.   Таърих                                             2-020401
7.   Математика                                    2-020501
8.   Информатика                                 2-020505
9.  Технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ).Тарбияи ҷисмонӣ-2-20602.31
Барои татбиқи муваффақонаи нақшаҳои таълимӣ дар коллеч ду  факулта: 
Ø Факултаи  табиӣ-риёзӣ
Ø Факултаи  гуманитарӣ
                  ва 4 кафедра:   
Ø кафедраи фанҳои гуманитарӣ,
Ø кафедраи табиӣ-риёзӣ,
Ø кафедраи забонҳои хоричӣ 
Ø кафедраи педагогика ва психология фаъолият мекунанд.
       Дар соли таҳсили 2015-2016 дар коллеч ҳамагӣ -96 нафар корманд фаъолият доранд, ки аз инҳо  65- нафарашон омӯзгор- аз чумла 48 нафар доимӣ, 17нафар ҳамкор ва 31нафар  корманди техникӣ мебошанд.
    Шумораи умумии  гурӯҳҳои таълимӣ дар коллеч 67-то буда, аз онҳо 25 гурӯҳ дар шуъбаи рӯзона ва 42 гурӯҳ дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.
     Бинобар нарасидани синфхонаҳои таълимӣ донишчӯён дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
   Чадвали машғулиятҳо мавчуд буда, аз тарафи роҳбарияти муассиса ба расмият дароварда шудааст.
   Дар ҳамаи синфхонаҳо ва роҳравҳо камераҳои мушоҳидавӣ сабт гардида, раванди таълиму тарбия мунтазам назорат карда мешавад.
       Дар  соли хониши  2015 –2016  шумораи умумии донишчӯёни шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона  2226 нафар мебошанд, ки аз ин шумора 1496
нафарашон тариқи шартнома таҳсил менамоянд.
   Дар коллеч дар айни замон 10 синф-кабинет дар бинои таълимии  асосӣ ва 6 синфхонаи иловагӣ амал мекунанд, ки ба қадри имкон бо  воситаҳои таълимӣ  чиҳозонида шудаанд. Инчунин як синфхонаи компютерӣ ташкил карда шудааст, ки он дорои 20 адад компютер, як адад тахтаи электронӣ ва ду адад проектор мебошад. Дар бинои хобгоҳи донишчӯён як маркази омӯзишӣ, ки дорои 5 компютер  бо шабакаи Интернет пайвастбуда  ва китобхонаи илмӣ-омӯзишӣ фаъолият дорад. 
 Бинобар нарасидани синфхонаҳои таълимӣ машғулиятҳо  дар ду баст мегузаранд.
     Раёсати Коллечи омӯзгорӣ дар якчоягӣ бо устодону омӯзгорон барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи омӯзгорӣ кӯшиш ба харч дода истодаанд.
    Дар соли таҳсили 2014-2015 барои  беҳтар намудани шароити синфхонаҳо, чиҳозонидани кабинету утоқҳои корӣ,  дуруст ба роҳ мондани чараёни таълиму тарбия ва боло бурдани сифати таълим ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа  аз ҳисоби маблағҳои бучетӣ ва суратҳисоби махсуси муассиса маводҳои зерин харидорӣ гардиданд:
Инчунин  соли 2014 бо дастгирии ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа   боми бинои таълимии коллеч ба маблағи 58000 сомонӣ ба пуррагӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.
         Соли чорӣ хобгоҳи  донишчӯёни коллеч, ки соли 1970  сохта шуда,  то ҳол  таъмири капиталиро  надида  буд, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи   ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа ошёнаи якуми хобгоҳи донишчӯён пурра аз  таъмири капиталӣ бароварда шуд.   Дар бинои асосӣ синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуда, бо тамоми айёниятҳои  таълимӣ мучаҳаз гардидаанд. Инчунин аудиторияҳо, кабинетҳои корӣ, кабинетҳои мудирони кафедра аз таъмири чорӣ бароварда шуданд. Кабинетҳои кормандони маъмурӣ ва кабинети муҳосибот ба мизу курсиҳо ва чевонҳои замонавӣ  таъмин мебошанд. 
       Тибқи нақшаи Барномаи кампютеркунони чумҳурӣ   Маъмурияти коллеч ният дорад, ки дар соли таҳсили чорӣ як синфхонаи компютерӣ барои омӯзиши машғулиятҳо  барои донишчӯёни коллеч омода созад.
         Дар назди Коллечи омӯзгорӣ оиди   зимистонгузаронии соли чорӣ Ситод ташкил карда шуд, ки аз 5-нафар аъзо иборат мебошад.
         Мувофиқи нақша-чорабинии  тасдиқшуда, муҳосиботи коллеч  бо корхонаи фурӯши барқи  шаҳри Қӯрғотеппа   шартномаи дучониба ба анчом расонидааст, зеро    биноҳои таълимӣ  ва хобгоҳ    танҳо ба воситаи қувваи барқ ва гармкунакҳои аз стандарти давлатӣ гузашта гарм карда мешаванд.
        Дар давраи тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ  ҳамаи синфхонаҳо ва ҳучраҳои донишчӯёни хобгоҳ аз таъмири чорӣ гузаронида шуданд.               
  Маъмурияти Коллеч барои омодагӣ ба фасли зимистони солҳои 2015-2016 ба миқдори  10 метри квадратӣ шишаи тиреза  харидорӣ  намудааст.      
   Дар Коллечи омӯзгории ДДҚ ба номи Носири Хусрав як адад генератор мавчуд аст, ки талабот ба сӯзишворӣ дар давоми сол 150 литрро ташкил медиҳад, ки он харидорӣ карда шудааст.
 
       Директори 
Коллеҷи омӯзгорӣ                                        Абдураҳимова Б. С.

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню