Литсей барои хонандагони болаёқат - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Литсей барои хонандагони болаёқат

Дар бораи чорабиниҳои  гузаронидашуда дар  муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Қӯрғонтеппадар соли таҳсили 20115-2016
Дар  соли таҳсили 20115-2016 дар муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Қӯрғонтеппа шумораи умумии хонандагон ба 306 нафар расида, аз онҳо 51 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи омӯзгорон бошад, 35 нафарро ташкил дода, шумораи мураббиён ба 6 нафар мерасад.
Таҷлили Рӯзи дониш чун ҳамешагӣ рӯзи 1-уми сентябр сурат гирифт. Саҳни литсей бо байрақчаҳо ва шиору лавҳаҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш оро дода шуда як намуди идона гирифта буд. Ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлатва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну шогирдон мебошад.Чун солҳои қаблӣ пас аз ҷамъомади пагоҳирӯзӣ кулли шогирдону омӯзгорон дар толори фарҳангӣ ҷамъ омаданд. Ба ифтихори таҷлили Рӯзи дониш дар толори фарҳангии литсей ба воситаи намоиши телевизионӣ суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешкаши шогирдон карда шуд.
Роҳбари давлат суханронии хешро бо табрикоти самимӣ ифтитоҳ бахшидаҳамаи ҳамватанонро баифтихори   Рӯзи донишу дарси сулҳ ва соли нави таҳсил табрик гуфта, барояшон сулҳу оромӣ, рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ ва таҳсили хубу аълоро таманно намуд. Роҳбари давлат дарбаромади худ  ҷавононро ҳарчи бештар ба донишандӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, фарогирии дастовардҳои илму техникаи муосир ва дар баробари аъло донистани забони модарӣ  ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ равона сохт. Бори дигар хотирнишон намуд, ки донистани забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал русиву англисӣ ба ташаккулу тавсеаи мафкура ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад ва ба онҳо  барои азхудкунии техникаву технологияҳои навтарин, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ роҳи васеъ мекушояд. Сарвари давлат дар баромади худ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, падару модаронро бори дигар таъкид намуд, ки агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, бояд коре кунем, ки фарзандонро босаводу донишманд ва соҳибмаърифат тарбия намоем, то онҳо тавонанд, ки дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд, забонҳои хориҷиро мисли забони модарӣ аз бар созанд ва бо замона ҳамқадам бошанд. Дастҷамъона диққати асосиро ба пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳаракату гуруҳҳои ифротиву террористӣравона сохта, кӯшиш намоем, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва созандагӣ тарбия намоем.
Шогирдон ва омӯзгорони литсей тавассути намоиши телевизионӣ  суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонробо камоли майл гӯш андохта, дар пеши худ вазифа гузоштанд, ки ҳар як таъкиди Сарвари давлат бояд роҳомӯзу коромӯзи фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо қарор гирад ва то метавонанд дар ободонию гулфишон намудани кишвари азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.
         Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳо номи Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ машҳур гардонидааст. Ҳар яки мо  бояд ин неъмати бебаҳои таърихро азиз доремва шукрона аз он кунем ,ки ҳамин неъмати бузург муддати 25 сол аст, ки насибамон гаштаву дар фазои комил кору эҷод дорем. Ҳар сол 9-сентябр таҷлили ин ҷашни фархундаро дар литсей бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил менамоянд. Пеш аз ҳама доир ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ободонӣ, сабзу хуррам гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи литсей як қатор корҳоро ба анҷом расонидем. Баъдан  аз рӯи нақшаи чорабиниҳои тартибдодашуда оиди омодагӣ ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2015-2016 як қатор корҳо  ба анҷом расонида шуд ва мешавад. Бо шиору овезаҳо оро додани саҳни литсей, партавафшон гардонидани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи литсей ташкил намудани гӯшаи китобу мусаввараҳо бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омодагии толибилмону кормандони ин муассисаи таълимӣ  ба таҷлили ин ҷашни бузурги муқаддаси тоҷикон огаҳӣ медод. Чорабиние, ки бахшида ба ин ҷашнвора таҷлил гардид, аз баромади омӯзгори фанни таърих Бобоев Маҳмурод, қироати порчаҳои назмӣ дар мавзуи Ватан ва Тоҷикистон, намоиши филнома оид ба дигаргуниҳо дар давраи Истиқлол ва барномаи фарҳангӣ иборат буд.       
Ҳамасола дар саросари  ҷумҳурӣ  Рӯзи Рӯдакӣ ботантана таҷлил мегардад. Дар аксар таълимгоҳҳо ёдкарду бузургдошти пири шуарои олам дар ин рӯз дар шакли ҳамоишу конфронс, маҳфилу озмун ва чорабиниҳои дигар хеле ҷолиб сурат мегирад.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «имрӯз мардуми дунё моро бо шарофати адибони машҳур ва олимони ҷаҳониямон мешиносанд».Дар ҳақиқатустод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз зумраи он адибони машҳуре аст, ки шаклҳои гуногуни назмро ба шакли мукаммал даровардааст ва вазни шеъри тоҷикиро бар асоси забони қавибунёдаш ба қолиби муайян ва низоми муайян дохил намуда, ҳамчун муаллими нуктасанҷ дар дили ҳамагон меҳру муҳаббати беандоза пайдо намудааст.Рӯзи Рӯдакӣ имсол дар литсей ба таври густурдаву пурмуҳтаво таҷлил гардид. Аввалан нақша-чорабинӣ таҳия намуда ба тасвиб расонида шуд ва баъдан бандҳои он амалӣ гардонида шуд.  Силсилаи рӯзномаҳои девории литсей бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва асарҳои ба таҳқиқу баррасии ҳаёту эҷодиёти ӯ бахшидашуда аз таҷлили ин санаи муборак дарак медод.Аз рӯи осор ва мақому мартабаи адиб дар литсей шабнишинӣ ба номи «Ғазал Рӯдакивор некӯ бувад..» гузаронида шуд. Суҳбат оростан оид ба ҳаёт ва эҷодиёти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар гирди мизи мудаввар, саҳарии барвақт дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ қироат намудани порчаҳои шеърӣаз эҷодиёти адиб, рӯи саҳна гузоштани як лаҳзаи ҳаёти адиб дар ҳалқаи шогирдон аз зумраи он амалҳое буданд, ки аз рӯи нақша сурат гирифтанд.  Дар шабнишинӣ хонандагон бори дигар дар бораи он ки адабиёти классикии тоҷику форс бо шаклу мазмуни олии худ маҳз аз Рӯдакӣ ибтидо гирифтаву унвонҳои «Султони шоирон», «Маликушшуаро» ва «Соҳибқирони шоирон»-ро ҳанӯз дар вақти дар қайди ҳаёт будан сазовор гардидааст, маълумотҳо пайдо карданд. Ба самъи ҳозирин расонидани порчаҳои назмиву насрӣ аз ашъори дигар соҳибқаламон дар васфи Рӯдакӣ низ  аз рӯи нақша аз ҷониби шогирдон мавриди иҷроиш қарор гирифт.
Соли хониши имсола таҷлили «Рӯзи Мавлоно» низ дар литсей бо як шукуҳу шаҳомати хоса доир гардид. Хонандагони литсей аз рӯи нақшаи таҳиянамуда ва ба тасвибрасонидашуда амал карда, як қатор корҳоро ба сомон расониданд.Сараввал дар китобхонаи литсей гӯша ва намоиши асарҳои Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ташкил карда шуда, бахшида ба ҳаёти шоир гӯшаеро омода намуданд , ки дар он асарҳои адиб ва дар баробари ин асарҳои тадқиқотӣ оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Бахшида ба ин ҷашнвора аз рӯи осор ва мақому мартабаи адиб шабнишинии илмӣ-бадеӣ бо номи «Бубин устоду шогирдӣ..» гузаронида шуд. Пеш аз оғози шабнишинӣ саҳарии барвақт  дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ хонандагон оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ маълумот дода, баъдан аз эҷодиёти адиб шеърҳо ва панду андарзҳо қироат намуданд. Дар даҳлез ва ҷойҳои намоён гӯшаву овезаҳо бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти адиб ба назар мерасид,ки он аз ҷониби шогирдономода гардида буд. Шабнишинӣ бо қироати порчаи шеърӣ аз «Маснавии маънавӣ» таҳти навои мусиқӣ ифтитоҳ гардид. Шогирдон гирди мизи мудаввар тавонистанд аз ҳаёт ва эҷодиёти  ин нобиғаи нотакрор, мутафаккир ва орифи бузург ёдовар гарданд. Саҳначае, ки аз ҷониби хонандагони синфи 11доир ба  шиносоии Мавлоно бо Шамси Табрезӣ омода гардида буд, хеле ҷолибу маънирез пешкаши шогирдон гардид, ки хусусияти тарбиявӣ дошт.Намоиши филми омодашуда, ки дар он бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва туркӣ қироат намудани  ҳафт панди Мавлоно аз ҷониби шогирдони литсеямон дар чорабинии шаҳрии соли гузашта сабт шуда буд, шабнишинии имрӯзаро рангинтару муассиртар гардонид. Сабти пешниҳоднамуда бори дигар аз  донистани забонҳои хориҷӣ ваташаккулу тавсеаи мафкура ва ҷаҳонбинии шогирдони литсей огаҳӣ медод.
Дар таърихи 29.09.2015 иштирокчиёни маҳфили фанни физика таҳти роҳбарии омӯзгор Ридван Акчанак дар толори фарҳангии литсей байни хонандагони синфҳои 10-11 баҳсу мунозира бо номи DEBATECOMPETITION дар мавзуи «Маориф муҳим аст ё иқтисодиёт» хеле ҷаззобу диққатҷалбкунанда доир гардид. Шогирдон тавонистанд, ки тавассути баҳсу мунозираи хеш ҳам забондонӣ, ҳам ҷаҳонбинӣ ва ҳам таассуроти худро баён созанд, фикрҳои якдигарро инкор кунанд,қабул кунанд ва ё тақвият бахшанд.
Аз рӯи нақшаи солонаи литсей гузаронидани ҳафтаҳои фаннӣ ба инобат гирифта шудааст, ки ҳар як фан мувофиқи барномаи худ дар ҳафтаи таъиншуда бояд доир намояд. Аз ин рӯ дар моҳи сентябр дар шӯрои педагогӣ омӯзгоронро бо  рӯзҳои гузаронидани ҳафтаҳои фаннӣ шинос  намуда таъкид карда будем, ки ҳар як омӯзгор нақшаи гузаронидани ҳафтаро пешакӣ маълум намуда ба тасвиб расонад.
Инак оғози ҳафтаҳо, ки аз ҳафтаи забони тоҷикӣ сарчашма гирифт, бо таҷлили ҷашни «Рӯзи забони тоҷикӣ» рост омад.Забон рукни асосии ҳар миллати соҳибирода ва комилҳуқуқ аст. Забони модарӣ оғози ҳама оғозҳост, асоси маънавият, маданияти ҳақиқии ботинӣ, худшиносии иҷтимоиву ахлоқии шахс аст. Ифтихори миллӣ ба Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мешавад. Ин аст, ки мо ҳамасола рӯзи қабули қонуни забонро бо як эҳсосу эҳтироми хоса истиқбол намуда, ба олитарин муқаддасоти миллии худ - забони тоҷикӣ арҷгузорӣ мекунем. Рӯзи 5-уми октябр бо овози карнаю сурнай ҳамагонро ба литсей сарҷамъ кардан ва таҳти мусиқӣ хондани суруди миллӣ оғозбахши таҷлили ҷашни «Рӯзи забони тоҷикӣ» ва ҳафтаи забон ва адабиёти тоҷик  маҳсуб гардид.Сароғоз шогирдон кӯшиш намуданд, ки  порчаҳои шеърӣ азхуд карда дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ баромад кунанд, бозиҳои гуногуни граматикӣ ҷустуҷу карда, роҳи ҳалли чандин крассворду чайнвордҳоро дарёбанд, муаммоҳои гуногунро ҳал намоянд ва ҳунару истеъдоди худро тавассути баромадҳояшон нишон диҳанд.
Чӣ тавре ки медонем, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ гиромӣ доштан ва арҷ гузоштан ба шахсияти мутафаккирону адибони гузашта ҳамчун яке аз самтҳои сиёсати фарҳанги давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифта буд, ки ин анъана то имрӯз идома дорад.Аз инрӯ дар баробари таҷлили ҷашни Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи Мавлоно ҷашни 700-солагии шоир, олим ва орифи бузург Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ, ки бо нигоштаҳои хешдар кулли мамолики Машриқзамин ҳамчун шахсияти шинохтаи илму адаби форсу тоҷик эътироф гардидааст, ба нақша дароварда шуда буд.Аз рӯи нақшаи ҳафтаи забони тоҷикӣ иштирокчиёни маҳфили«Адаб»дар бораи ин чеҳраи барҷастаи Машриқзамин, шуҳрати ном ва мақоми Алии  Ҳамадонӣ, ки бо номи Ҳазрати Амирҷонмаълуму машҳур аст, осори пурарзиш ва гаронбаҳои инадиби ҳикматпеша суҳбатҳо ороста, аз эҷодиёти ин орифи бузург порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.
Умуман зимни гузаронидани ҳафтаи забони тоҷикӣ шогирдони литсей тавонистандтавассути баромадҳо  ва чорабиниҳои гузаронидаашон тамоми меҳру самимияти худро нисбати забони модарӣ баён намоянд ва тӯли ҳафтаи забон ва адабиёти тоҷик ҳамаи ҳунару истеъдоди волои хешро бори дигар нишон диҳанд. Шогирдони литсей кӯшиш мекунанд, ки  забони модариро ҳамеша азизу гиромӣ дошта, як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии худ донанд ва ҳамчун ҷавонони соҳибдил ва бонангу номус баҳри поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарии худ ҳамеша талош биварзанд.
Басо иқдоми наҷибу арзанда аст, ки ҳамасола дар аввали моҳи октябр рӯзи муаллимон бо як эҳтироми бузургу тантанаи бошукуҳ истиқбол карда мешавад ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бузургдошти омӯзгор падидаи нек буда, ӯ ба ҳама бузургиву ихлос шоиста аст.  Ин аст, ки рӯзи 4-уми октябр иди омӯзгорон низ дар литсей хеле хотирмон доир гардид. Шогирдони литсей бо баромадҳои хеш устодонашонро табрик намуда, барояшон беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно намуданд.
 
 Аз рӯи нақша ҳар сол гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ, аз ҷумла маҳфилҳои фаннӣ дар литсей наврасонро ба маърифатҷӯиву ташаббускорӣ ва дар иҷрои корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳм гузоштан тарбият мекунад. Пӯшида нест, ки ҷалб намудани шогирдон ба корҳои беруназсинфӣ барои омӯзонидани муносибат бо аҳли ҷамъият ва дар муомилаву муошират дар иртибот бо атрофиён боэҳтиёт будан ва дар баробари ин заминаи мусоид фароҳам овардан ба ҷаҳонбинӣ, донишфарогирӣ, зебоипарастӣ ва ҳунаромӯзии хонандагон кӯмаки калон мерасонад. Аз ин лиҳоз чун ҳамасола дар нақшаи кории солона гузаронидани маҳфилҳои фаннӣ ба назар гирифта шудааст. Инак аз аввали соли хониш 20 маҳфил, аз ҷумла 15 маҳфили фанниву фарҳангӣ ва 5 маҳфили варзишӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки қариб ҳамаи шогирдон ба онҳо фаро гирифта шудаанд.
Дар таърихи 14.10.2015 иштирокчиёни маҳфили фанни биология мусобиқаи «Bio salat» гузарониданд, ки дар он фаъолияти шогирдон басо назаррас буд. Иштирокчиёни маҳфил то ҳадди имкон тавонистанд аз сабзавоту меваҷотҳо дар шаклҳои гуногуни биологӣ, аз қабили лонаи парандагон, харчанг, мор, офтобпараст, санбақа, маймун, барги дарахт, арча ва амсоли инҳо хуриш омода сохта манзури тамошобинон созанд. Аз рӯи хуришҳои омоданамудаи шогирдон  ба завқи зебоипарастӣ ва ҳунармандии онҳо баҳо додан мумкин буд. Пас аз анҷоми намоиш беҳтаринҳо муайян гардида бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз рӯзҳои аввали таҳсил гузаронидани рӯзҳои фаннӣ ба нақша дароварда шудааст, ки гузаронидани рӯзи фанни химия ба таърихи 15.10.2015 рост омад. Шогирдони литсей дар доир намудани ин рӯз фаъолона ширкат варзиданд. Тайёр намудани крассворду чайнвордҳо ва бозиҳои гуногуни химиявӣ, аз руи формула ҳалли мисолу масъалаҳои химиявӣ, ташкил кардани бозии «Як қадам ба пеш», омода намудани саволҳои тестӣ доир ба фанни химия, аз элементҳои химиявӣ ёфтани рамз, ном ва массаи атомӣ, тавзеҳи элементҳои химиявӣ ва ҷо ба ҷогузории онҳо, кашидани аломатҳои химиявӣ ва амсоли инҳо аз он амалҳое маҳсуб меёфтанд, ки шогирдон аз рӯи фаҳмиши хеш тавонистанд омода созанд ва дониши андӯхтаи худро манзури ҳамсабақонашон гардонанд. Аз кору фаъолияти шогирдон то чӣ андоза майлу рағбат доштани шогирдон нисбати омӯзиши фанни химияроҳис кардан мумкин буд.
Гузаронидани ҳафтаи забони англисӣ дар рӯзҳои 19.10.2015 то 23.10.2015 рост омад. Оро додани роҳраву саҳни литсей бо шиору овезаҳо бо забони англисӣ, баромади шогирдон дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ бо хабарҳои навин, доир гардонидани саволу ҷавоб, таҳти навои мусиқӣ замзама намудани сурудҳо бо забони англисӣ,ҳал намудани крассворду чайнвордҳо, баҳри инкишофи нутқи шогирдон ташкил намудани нақл аз рӯи мусаввараҳо, дар танаффусҳои калон тариқи намоиши телевизионӣ намоиш доданидарси омӯзишӣ ҷиҳати талаффузи дурусти ҳарфу калима, гузаронидани бозии «Кӣ миллионер шудан мехоҳад?», аз ҳаёти имрӯза омода намудани саҳначаҳои мазмуни тарбиявидоштава ба инмонанд амалҳое буданд, ки тӯли ҳафтаи забони англисӣ доир гардиданд. Аз баромаду ҳаракатҳои шогирдон пай бурдан мумкин буд, ки онҳо барои бо забони англисӣ ҳарф задану шеър хондан ва  рӯи саҳна баромад кардан иштиёқи беандоза доранд. Хонандагони литсей гуфтаҳои Сарвари давлат оид ба «донистани забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал русиву англисӣ»-ро, ки ба ташаккулу ривоҷ додани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад ва барои азхудкунии техникаву технологияҳои навтарин роҳи васеъ мекушояд, ба хубӣ дарк мекунанд ва пайваста аз паи омӯзиши фанҳои мазкур мебошанд.
         Вобаста ба шароити нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ташкил ва рушди низоми давлатии роҳнамои касбӣ яке аз равандҳои асосии тараққиёти инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, он тамоми қаламрави ҷумҳуриро дарбар мегирад ва ба ҷавонон имкониятҳои гуногуни хизматрасониро оид ба роҳнамоии касбӣ таъмин менамояд. Консепсия ба интихоби сарвақтию бошууронаи касб, интихоби муассисаи таълимӣ, дигар шаклҳои тайёрии касбӣмусоидат мекунад. Двар банди 3-юми Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст,ки хонандагонро дар раванди фаъолияти таълимӣ ва берун аз таълим бо муассисаҳои  таълимии касбӣ, касбҳо ва ихтисосҳо, муассисаю ташкилотҳо ва дурнамои инкишофи онҳо шиносонидан яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки маъмурияти литсей вобаста ба интихоби касб бо мутахассиси бахши ШТИИ ММТНПҶТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Лутфуллоев C.С., дар таърихи 02.11.2015 вохӯрӣ гузаронид. Мавсуф дар мавзуи интихоби касб, ихтисосҳо ва тартиби гузаронидани ИМД бо хонандагони синфҳои 11 суҳбат ороста ба саволҳои онҳо посух дод.
Аз таърихи 02.11.2015 то 05.11.2015 гузаронидани ҳафтаи ҳуқуқ ба нақша дароварда шуда буд, ки он ба санаи муборак ва фархундаи 21-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Шогирдон тӯли ҳафтаи равон бахшида ба ин рӯзи таърихӣ ва тақдирсоз тибқи нақшаи чорабиниҳо бисёр корҳоро анҷом доданд. Аз ҷумла дар таърихи 04.11.2015 вохӯрии шогирдон бо намояндаи ҳифзи ҳукуқ, ёрдамчии прокурори вилояти Хатлон оиди назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон Садирзода Ҷумъахон оид ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон, ҳимояи марзу буми Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиаи он, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, прокуратура ва вазифаҳои он суҳбати озод намуда, ба суолҳои шогирдон посух доданд. Мавсуф бахусус дар бораи сулҳу ваҳдат, ободиву осудагии кишвари азизамон  ҳарф зада шогирдонро таъкид намуд, ки маҳз аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда вақти худро ба корҳои беҳуда сарф накарда, бештар ба илмомӯзӣ ва омӯзиши забонҳо дода шаванд.
Дар таърихи 05.11.2015 дар толори фарҳангии литсей бахшида ба 21-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир карда шуд. Пас аз доир гардидани сухани ифтитоҳӣ тавассути намоиши компютерӣ байни хонандагони синфҳои 9-ум дар бораи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон саволу ҷавоб доир гардид, ки дар ҷамъбаст хонандагони синфи 9в ғолиб баромаданд.  Дар охир  роҳбари иттиҳодияи методии фанҳои ҷомеашиносӣ ва география муаллим Бобоев Маҳмуродҳамаи аҳли нишастро бо рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, фикру ақидаи хешро нисбати барномаи мазкур иброз намуда барномаро ҳусни анҷом бахшид.
 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню