Чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва варзишӣ байни наврасон ва чавонон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва варзишӣ байни наврасон ва чавонон

            Дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Чумҳурии Точикистон бо дастгирии бевоситаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз тарафи бахши чавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкори бо шуъбаҳо ва бахшҳои дахлдори мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатиишаҳр ташкил ва баргузории силсила чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва варзишӣ байни қишрҳои гуногуни аҳолии шаҳр  ба роҳ монда шуд.
            Аз чумла аз 13 ноябр то 18 ноябр мусобиқаҳои варзишӣ байни донишчӯёни шаҳри Қӯрғонтеппа аз рӯи намудҳои баскетбол байни духтарон ва волейбол байни писарон гузаронида шуд. Дар ин мусобиқаҳо дастаҳои донишчӯёни донишгоҳ, донишкада ва коллечҳои шаҳр иштироки фаъол доштанд. 
            Бо мақсади ба бозиҳои серҳаракати чисмони чалб намудани кӯдакон ва рушди тарбияи чисмонӣ дар муассисаҳои томактабӣ дар ҳамкори бо шуъбаи маорифи шаҳр байни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр бозиҳои шавқовари офарин гузаронида шуд. Дар бозиҳои шавқовари офарин аз чор муассиса 40 нафар кӯдакон чалб гардида тамоми иштирокчиёни мусобиқа ҳавасманд карда шуданд.
           Дар маҳаллаи Ургут бо ташаббуси раиси маҳалла дар базаи мактаби № 3 як майдончаи варзишии тарҳи замонави барои бозии футболи хурд дар соли чори бунёд карда шудааст, ки дар ин майдонча бо иштироки худи чавонони маҳал мунтазам мусобиқаҳои варзиши гузаронида мешаванд. Аз чумла бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Чумҳурии Точикистон аз 1 ноябр то 20 ноябр мусобиқаи футболи хурд бо иштироки 31 дастаи чавонони маҳаллаи Ургут дар сатҳи хуби варзиши доир гардид. Дар чамъбасти мусобиқа бо дастгирии раиси маҳалла, иштирокчиёни мусобиқа ва соҳибкорони чавони маҳал ба 10 оилаҳои камбизоат ва маъюбони маҳал маводҳои хурока, плитаҳои барқи ва ҳезум кумак карда шуд, ки дар мачмӯъ 500кг орд, 70кг шакар, 50л равған, 20кг гушт, 50кг биринч, 150кг картошка, 150кг  пиёз, 10 адад плитаи барқи ва 40 бандча ҳезумро ташкил медод.  
         Инчунин рузҳои 21-22 ноябр мусобиқаи кушоди шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба кикбоксинг байни наврасону чавонон гузаронида шуд, ки дар ин мусобиқа варзишгарон аз ноҳияҳои Бохтар, Вахш мактабҳои варзишии маҳорати олии вилоят иштирок доштанд.  
            Чиҳати ичрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳр, дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Чумҳурии Точикистон ва Соли оила рӯзи 20 ноябр аз тарфи бахши чавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва маркази фарҳангии чавонони шаҳр озмуни «Оилаи солим-чомеаи солим» бо иштироки 8 оилаҳои чавони маҳаллаҳои шаҳр гузаронида шуд. Дар ин чорабини ҳайати оилаҳоро падару модар ва як фарзанди 10 то 12 сола ташкил медоданд.    
          Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии чавонон,    тарбия намудан дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ рӯзи 19 ноябр дар ҳамкори бо шуъбаи маориф озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Парчамат парафшон бод Точикистон» байни хонандагони синфҳои болои гузаронида шуд, ки дар ин чорабини хонандагон аз тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.
         Ҳамзамон бо мақсади татбиқи босамари Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 ва рушди туризми  дохила ташкили саёҳати чавонони шаҳр ба шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд. Дар ин саёҳат чавонон аз боғи парчам, осорхонаи миллӣ ва боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дидан намуданд.   Ташкили чунин саёҳатҳо албатта баҳри васеъ намудани чаҳонбинии чавонон ва дар ниҳоди онҳо бедор намудани ҳисси миллӣ ва ватандӯсти  мусоидат менамояд.
        Қайд намудан зарур аст, ки бо дастгирии мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давоми солҳои 2014 - 2015 дар маҳаллаҳои шаҳр назди хонаҳои баландошиёна 9 адад майдончаҳои варзиши бунёд карда шуданд, ки аз ин миқдор 7 адади он асфалтпуш карда шудааст. Дар бунёди ин майдончаҳо албатта кору фаъолияти хуби ЧДММ «Хатлон-Бунёдкор» ва муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ба назар мерасад. 
         Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо,  раисони маҳалла, ки дар мусобиқаҳои варзиши ва чорабиниҳои маърифатӣ- фарҳангӣ таъмини иштирокчиёнро хуб ба роҳ монда ғолибият ба даст овардаанд ва дар корҳои ободони ва бунёдкории шаҳр саҳмгузор ҳастанд,  бо Диплому Чом ва Сипосномаҳо  қадр карда шуданд.
Матбуоти Раис.
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню