Ориёно - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ориёно

Маъмурияти литсей – интернати физикӣ – математикии «Ориёно» - ишаҳри Қӯрғонтеппа ба  маълумоти Шумо мерасонад, ки   аз 1 январи то 1 феврали  соли 2015 дар литсей чун дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ таътили зимистона  эълон карда шуд.   Дар  вақти таътил муаллимон ва хонандагон  аз рӯи чадвали тасдиқкардашуда  маҳфилҳо гузарониданд. Махсусан фаъолияти маҳфилҳои «Информатики чавон», «Химикони наврас», «Забоншинос», «Ҳуқуқшинос» ва «Русская речь» боиси қайд буд.
Дар литсей озмуни  «Китобхони беҳтарин» эълон карда шуд.
Хонандагони синфҳои 11 - ум аз рӯи равияҳои (кластер) интихобнамудаашон  бо омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти точик, биология, химия, алгебра омодагӣ дида истодаанд. Рӯзи 7 январ дар толори литсей  бо ибтикори бахши чавонон варзиш ва сайёҳӣ ва мувофиқа бо шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни «Ҳамадон» байни литсей ва гимназияҳои шаҳр  баргузор гардид, ки дастаи литсейи «Ориёно»  бо гирифтани 144 хол ғолиби даври аввали озмун гардид.
Инчунин рӯзи 7 январ  Раёсати чавонони вилоят озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Чавонон ва Ваҳдат» - ро чамъбаст намуд, ки хонандагони литсейи мо Шаҳноза Музаффарова (синфи 10 «Б»)  сазовори чойи якум ва Абдуназарова Муҳайё  (синфи 11 «Б») сазовори чойи сеюм гардиданд ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Инчунин дастаҳои бозингарони хонандагони литсей дар мусобиқаҳои варзишии байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳои шаҳр аз рӯи  нақшаи пешниҳодшуда ширкат варзиданд. Дар мусобиқаи баскетбол дастаи литсей чойи сеюмро ишғол намуданд.
  Рӯзи 14 уми январ хонандагон бо роҳбарии Аҳмадов Сафармад – омӯзгори забон ва адабиёти точик дар маҳфили «Адибони чавон», ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 13 гузаронида шуд, иштирок карданд.
Рӯзҳои 12 -13 уми январ 17 нафар хонандагони синфҳои 9,10, 11 – уми литсей  аз фанни информатика ва 7 нафар хонандагони ҳамин синфҳо рӯзҳои 16,17 январ аз фанни математика дар озмуни вилоятӣ ширкат варзиданд.
Рӯзи 17 январ бо иштироки раисони кумитаҳои падару модарони синфҳо ва роҳбарони синфҳову  омӯзгорони дарсдиҳанда мачлис гузаронида шуд, ки дар он масоили сатҳу сифати дониши хонандагон,  тарбия, рафтору одоб, рафти ичроиши қонуни «Масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд» баррасӣ гаштанд.
Рӯзи 20 – уми январ 70 нафар хонандагони синфи 11- ум бо ҳайати маъмурият  дар ҳамоиш - конфронси таҳти унвони «Чавонон  бар зидди тероризм», ки бо иштироки намояндагони сохторҳои низомӣ кумитаи амният ва шуъбаи маорифи шаҳр  баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Худи ҳамин рӯз  хонандагони литсей дар мусобиқаи тенниси рӯи миз, ки дар мактаби миёнаи № 9 шуда гузашт,  иштирок карданд.
Рӯзи 22 январ дастаи хонандагони литсей  дар даври ниҳоии озмуни «Ҳамадон»  ширкат варзида, байни муассисаҳои таҳсилотӣ ва литсейҳои шаҳр чойи якумро  ишғол карданд ва аз чониби шуъбаи чавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр бо туҳфаҳои хотиравӣқадрдонӣ карда шуданд.
Рӯзи 23 январ аҳли кормандон ва омӯзгорони литсейи «Ориёно»  дар толори мачлисгоҳ Пайёми навбатии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба Мачлиси Олии кишвар тамошо намуданд, ки рафти он ҳамзамон аз чониби телевизиони вилоят ба  навор гирифта шуд.
Худи ҳамин рӯз хонандагони синфҳои 9 ва 10 – уми литсей дар  озмуни вилоятии мактаббачагон аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ , ки дар ноҳияи Абдураҳмони Чомӣ шуда гузашт  иштирок намуданд, ки чунин натичагирӣ шуд:
- чойи якум -  2 нафар хонандагони синфи 10 – ум аз фанни забони русӣ;
- чойи якум – 1 нафар хонандаи синфи 9 – ум аз фанни забони русӣ;
- чойи сеюм – 1 нафар хонандаи синфи 9 –ум аз фанни забони англисӣ;
Рӯзи 24 – уми январ  кормандон ва омӯзгорони литсей шанбегӣ гузарониданд ва атрофи литсей ва саҳни онро аз ахлоту партовҳо тоза намуданд.
Рӯзҳои 28 ва 29 – уми январ хонандагони синфи 9 ва 10  аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ барои иштирок  дар олимпиадаи фаннӣ ба ноҳияи Данғара сафарбар карда шуданд.
Инчунин 3 нафар аъзоёни маҳфили «Адибони чавон» дар маҳфиле, ки мактаби миёнаи № 10 баргузор гардид, иштирок карданд.
Рӯзи 30 – юми январ гурӯҳи омӯзгорон ва падару модарони литсей дар вохӯрӣ бо намояндагони ҳукумати шаҳр, ки мактаби миёнаи № 11 баргузор гардид, ширкат варзиданд, ки мавзӯи асосии он рафти ичроиши қонуни «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», баррасии Пайёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, тозагӣ ва маданияти шаҳрдорӣ, танзими чашну маросимҳои миллӣ, тарбияи чавонон дар рӯҳияи созандагӣ ва амсоли инҳо буданд.
Хонандагони синфҳои 2 то 7  дар намоиши театрӣ сафарбар карда шуданд.
Аз 1 феврали соли 2015 дарс сар шуд, ки хонандагон аз рӯи чадвал пурра дарҳои асосӣ ва иловагӣ хонда истодаанд.
Рӯзи 9 – уми феврал озмуни мактабии «Чароғаки раҳнамо» байни синфҳои ибтидоӣ ва 10 – уми феврал байни хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида шуд.
Рӯзи 11 – уми феврал даври якуми озмуни «Ватанпарвар» дар литсей баргузор гардид, ки намояндагони комиссарияти ҳарбӣ, шуъбаи чавонон варзиш ва сайёҳии, шуъбаи маорифи шаҳр, як гурӯҳчанговарони башардӯст, даъват шуда буданд. Дар озмун тамоми шартҳое, ки дар Низомнома  дарч гардида буд, ба маърази меҳмонон  пешкаш карда шуд. Чараёни озмун аз чониби телевизиони Хатлон  сабт гардид.
Рӯзи 12 – уми феврал озмуни шаҳрии «Чароғаки раҳнамо» бо иштироки дастаи литсей баргузор шуд, ки дар намояндаи БДА – шаҳр ва  роҳбари  маркази таҳсилоти иловагӣ  иштирок намуданд.
Рӯзи 13 – уми феврали байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ маҳфили саволу чавоб аз рӯи фанҳои таълимиашон гузаронида шуд.
Дар чамъомадҳои пагоҳирӯзии тӯли ҳафта хонандагони синфҳои 6 ва 7  дар мавзӯъҳои «Ватан», «Забони русиро омӯзед», ва «Ҳуқуқ» баромадҳо доиргардид. 
Рӯзи 14 – уми февралдар озмуни шаҳрии «Ватанпарвар» хонандагони литсей иштирок карда, сазовори чойи дуюм гаштанд.   Инчунин дар ҳамин рӯз  семинари омӯзгорони фанни химия баргузор гардид, ки бо иштироки муаллимони фанни  химияи  мактаб ва литсейҳои шаҳр омӯзгори фанни химияи литсей  Тошов Қобил дарсро бо усулҳои фаъоли таълим ба роҳ монд.
Инчунин дар тӯли ҳафта дар синфҳои  3,8, ва 9 – ум мачлиси падару модарон  баргузор гардид.
Рӯзи 19 – уми феврал дар литсей олимпиадаи фанни мактаббачагон (вилоятӣ)  аз фанни биология гузаронида шуд, ки намояндаҳо аз Раёсати маориф ва шуъбаи маорифи шаҳр иштирок карда буданд.
Рӯзи 20 – уми феврал соати тарбиявӣ дар мавзӯи «Хатми Алифбо» дар синфҳои 1 «А» ва 1 «Б» гузаронида шуд.
          Инчунин дастаи хонандагони литсей  дар озмуни вилоятии «Ватанпарвар» иштирок  карданд  ва пас аз дарсҳо байни духтарони синфҳои  5 – 7 озмуни «Беҳтарин гулдухтари литсей» гузаронида шуд, ки  ба  соли «Оила» эълон шудани соли 2015  бахшида шудааст.         
Рӯзи 21 феврал дар синфҳои 5 «В» ва 6 «А»  соатҳои тарбиявӣ ва вохӯрӣ бо иштирокчиёни  чанговарони башардӯст баргузор гардид.
Рӯзи 7 март хонандагони литсей дар чорабини пагоҳирӯзӣ бахшида ба «Рӯзи модарон»    барои муаллимаҳои литсей намоиши шеъру сурудҳо пешкаш намуданд.      Дар миёни ҳафта хонандагон барои чашни «Иди байналмилалии Наврӯз» тайёрӣ дидаанд, ки рӯзи 18 март дар саҳни литсей «Иди Наврӯз» гузаронида шуд. Хонандагони ҳар як синф дастархони ҳафтсину ҳафтшин оро дода, намошиши рақсу бозӣ, шеъру суруд, байтбарак   ва мусобиқаҳои  варзишӣ пешкаш намуданд.Аз 21  то 25  март таътили баҳорӣ дода шуд. Аз рӯзи 26 март дарсҳо пурра аз рӯи чадвали дарсӣ гузаронида шуда истодаанд.
Чорабиниҳои пагоҳирӯзӣ аз рӯи нақшаи тасдиқкардашуда баргузор гардида, рӯзи сешанбе дар ҳама синфҳо дарси сиёсӣ гузаронида мешавад.
Ҳафтаи фанни физика бо нақшаи зерин гузаронида шуд:
1.     Рӯзи 6.04.2015 – кушодашавии ҳафтаи физика;
2.     Рӯзи 7.04.2015 – дарси сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Кайҳонавардон;
3.     Рӯзи 8.04.2015 – маърӯза, красворд, викторинаҳо;
4.     Рӯзи 9.04.2015 - саволу чавоб, викторниа, тачрибаҳои шавқовар;
5.     Рӯзи 10.04.2015 – шеърҳо бо забони русӣ бахшида ба Рӯзи Кайҳонавардон;
6.                Рӯзи 11.04.2015 – тачрибаҳои шавқовар,бозиҳои физикӣ, чамъбасти ҳафта;
Рӯзи  9 апрел  бахшида ба соли  Оила чорабинии «Гулдухтари литсей» байни духтарони синфхои  болоӣ гузаронида шуд.
Рӯзи 11 апрел   5 нафар хонандагони синфи 11 – ум аз фанҳои  технологияи информатсионӣ ва химия барои иштирок дар озмуни фанни чумҳуриявӣ сафарбар карда шуданд.
Рӯзи   13  – уми апрел  кушодашавии ҳафтаи фанни география гузаронида шуд, намоиши расмҳои беҳтарин аз рӯи мавзӯҳои фан. Рӯзи 15 - уми апрел кроссворд   ва саволу чавоб оиди қисмати географияи табиӣ. Рӯзи 16 – уми апрел баромад – композитсияи синфи 7 «В» дар мавзӯи материкҳо.  
Ҳамин рӯз (16 апрел) барномаи тайёрнамудаи хонандагон  бахшида ба 70 солагии Иди Ғалаба  ва вохӯрӣ бо  5 нафар  иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид. Ветеранҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гаштанд.
Рӯзи 17 – уми апрел чамъбасти ҳафта.
Рӯзи 18  апрел   2  нафар хонандагони синфи 11 – ум аз фанҳои  технологияи информатсионӣ ва биология барои иштирок дар озмуни фаннии чумҳуриявӣ сафарбар карда шуданд.
Хонандагони синфҳои ибтидоӣрӯзи 23 – юми апрел дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 70 солагии Рӯзи Ғалаба таҳияшуда чорабинии тантанавӣ ва вохӯриро бо ветеранҳои чангу меҳнат гузарониданд. Ба меҳмонон дар анчоми чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд. Худи ҳамон рӯз гурӯҳи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва қисме аз хонандагон ба аёдати шахсони пиронсол хонаи пиронсолони шаҳр рафтанд.  Хонандагон бо шеъру рақсҳо дар назди онҳо баромад намуда, туҳфа ва дастовезҳои худро  ба онҳо супурданд.
Рӯзи 25 – уми апррел хонандагони синфи 11  барои иштирок дар олимпиадаи номӣ аз фанҳои  таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти точик, химия, физика ва математика сафарбар карда шуданд.
Дар чорабинии пагоҳирӯзии рӯзи 25 – уми апрел бахшида ба чорабиниҳои  70 – солагии иди Ғалаба  хонандагони синфи 6 «А»  баромад намуданд.
Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 70 солагии иди  Ғалаба ҳафтаи поси хотир аз рӯзи 30 – юми май оғоз гардид, ки ин рӯзхо хонандагони синфҳои 7 «В», 6 «А», 5 «А» бо барномаи омода кардаи худ дар чорабиниҳои пагоҳирӯзӣ баромад намуданд.
Дар синфҳои 5 «Б» ва  6 «В» соатҳои тарбиявии кушод дар мавзӯи  «70 солагии иди Ғалаба» гузаронида шуд.
Рӯзи 28 – уми апрел баъд аз анчоми дарсҳои иловагӣ чорабинии бахшида ба  рӯзи Оила, ки дар доираи нақша чорабиниҳои Ҳукумати шаҳр ба нақша гирифта шудааст, бо иштироки оилаҳои беҳтарини маҳаллаҳои Кайҳонавардон, Ч.Румӣ, Дӯстии халқҳо ва Борбад гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ хонандагони литсей бо шеъру андарзҳои омода намуда, суруд, намоиши  сару либоси миллӣ баромад намуданд.
Рӯзи 30 – юми апрел хонандагону омӯзгорон ва падару модароне, ки фарзандонашон дар хониши рафтор намунаи ибрат ҳастанд, ба конфронси илмӣ – адабии «Нақши оила дар таълиму тарбияи насли наврас», ки дар МТМУ № 10 баргузор гардид, сафарбар карда шуданд.
Боиси зикр аст, ки хонандагони синфҳои 11 - ум, дар чараёни  олимпиадаи байналмилалии чавонон, ки бо ибтикори Донишгоҳи давлатии  Толяттии вилояти Самараи Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок карданд.  Озмун аз тарафи олимони Донишгоҳи мазкур дар Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Точикистон  гузаронида шуд, ки хонандагони зерин аз литсейи мо сазовори чойҳои ифтихорӣ  гаштанд. Хонандагон  бо тавсияномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида мешаванд.
Дар охири соли таҳсил, чун ҳарсола гӯшаи аттестатсионии литсей тибқи Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон, кибо қарори Вазорати маориф ва илми чумҳурии Точикистон аз 30.04.2015, №10/32 тасдиқ гардидааст, омода карда шудааст.
Тибқи чамъбасти баҳои солона 577 нафар хонандагони синфи 4-10 ба аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва 176 нафар хонанданоги синфи 9-11 ба аттестатсияи хатм роҳ дода шуд. Тибқи арзёбии баҳои чамъбастии хонандагон маълум шуд, ки баҳои миёнаи азхудкунӣ ба 3,8 баробар аст.
Аз 70 нафар хатмкунандагони имсола 63 нафар тибқи Маркази Миллии Тестӣба МТОК ҳуччат супоридаанд. Шаш  нафар ба хоричи кишвар ва ду нафар ба Академияи милитсия (корҳои дохилӣ)  ҳуччат супоридаанд ва ҳамаи онҳо дохил шудаанд.
16 нафар омӯзгорон дар машварати августии соли 2015 маърӯза тайёр намудаанд.
 
 
Директори литсей                      
 Қосимзода Б.
 
                                                                                                                                     
 
 
 
 
 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню