Волидон барои хондани фарзандон монеъ мешаванд? - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Волидон барои хондани фарзандон монеъ мешаванд?

         Имрӯзҳо шукрона аз соҳибистиқлолии миллату давлат Тоҷикистони азиз мекунем, ки дар сарзаминамон тинҷиву осудагӣ ҳукмфармо аст. Аз ин лиҳоз пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтару хубтар шудани илмомӯзии хонандагон тамоми шароитро муҳайё намудааст, то писару духтарон хонанд, соҳиби касбе шаванду дар оянда ба падару модар ва ба меҳани хеш хидмати содиқона намоянд.
        Аммо  баъзе волидон ба қадри дастгириҳои бевоситаи давлату Ҳукумати кишвар нарасида, барои дониш андӯхтани фарзандон монеъ мешаванд. Духтарон  ё писаронро намегузоранд, ки баъди гирифтани номаи камол, ба мактабҳои олию касбӣ дохил шуда, таҳсили илмро идома  диҳанд. Фарзандон соҳиби саводи кофӣ нашуда, писарон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар давлатҳо раҳсипор мешаванд. Духтарон бошанд, зуд оиладор мешаванд.  Намедонанд, ки зиндагӣ чист? Баъд баъзеаш он хонавайрон мешавану  ба ҳар гуна корҳои бад даст мезананд.
           Оид ба мавзуи доғи рӯз бо якчанд нафар њамсуњбат шудем. Миралӣ Салимов, сардабири маҷаллаи Мактаб, «Дар шароити имрӯза манъ кардани духтарон аз таҳсил ба ҷуз зоҳир кардани ҷаҳолат дигар чизе нест. Духтарон дар қатори писарон ҳуқуқи хондан доранд, на танҳо ҳуқуқ доранд, балки вазифадор ҳастанд, чунки онҳо модарони оянда ҳастанд. Агар модар бесавод бошад, наметавонад, фарзандони босаводро тарбия кунад.  Ва ҳар як марде, ки таҳсили хуб дорад, ҷаҳонбиниаш васеъ аст, кӯшиш мекунад оилааш дар баробари худаш илмдор бошад».
         Зебунисо Саидова, омӯзгори таърих ва ҳуқуқи литсей – интернати физикӣ – математикии «Ориёно» , «Ҳар  як падар ва модар вазифадор аст, ки баъди хатми мактаби миёна писару духтари хешро соҳибкасб намояд. Зеро, паёмбарамон Муҳаммад (с) гуфтааст, «аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». Нагуфтааст, ки танҳо писарон хонанд. Дар баробари писарон духтарон низ бояд, маълумот дошта бошад. Чунки ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост.
         Ба андешаи Сунбула Ибодова, аъзои маҳфили адабии шаҳри Қӯрғонтеппа, «сарчашмаи чунин сабабро дар паст будани шуурнокии аксарияти волидон медонанд. Зеро, баъзе падару модарон худ саводи кофӣ надоранд ва баъдан намемегузоранд фарзандонашон хонанд».
Баъзе падару модароне барои идомаи таҳсили фарзандони хеш баҳонаҷӯиҳо мекунанд. Мегӯянд,  баъди хатми донишгоҳ ҷои кор намеёбӣ. Агар ёбӣ ҳам маошаш кам аст. Он маблағе, ки мегирӣ, басанда нест, ҳатто ба сару либосат намерасад. Аммо ин хатои маҳз аст. Агар фарзанд хуб хонаду соҳиби дониш ва мутахассиси хуб бошад, ӯ дар ҳама ҷо мавқеашро меёбад,-зикр кард, Шаҳло Насруллоева ҷонишини директор оид ба таълими   литсей – интернати физикӣ – математикии «Ориёно».
Падару  модарони азизу меҳрубонро мебояд, ки фарзандони худро хононанд, соҳиби касб намоянд. Зеро,  илму дониш ба инсон маърифат мебахшаду мартабаашро дар байни чомеа баланд мекунад. Шахси илмдору донишманд ҳеч гоҳ хору зор намегардад. Ҳамеша бо донишу ақлу хирад, заковату рафтору кирдораш дар ҷомеа мавќеъ меёбад. Суханаш ҳамеша таъсирбахш аст, ӯро хурду калон ҳурмату эҳтиром мекунанд. Роҳи дурусти зиндагиро интихоб менамояд ва фарзандони донишмандро ба воя мерасонад.                              Кароматулло Раҳматов донишҷӯи ДДҚ

     
                                                                                                                                     
 
 
 
 
 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню