Худшиносӣ дар маснад - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Худшиносӣ дар маснад

Дар бахши худшиносӣ-худогоҳӣ тавассути барномаҳои фарҳангӣ, сиёсӣ бисёр гӯшзад мешавад, ки яке аз амалҳои қоимии вичдон ин пайдо кардани худ аст. Худро аз миёни саддҳои монеъагузор вораҳондан, баровардан аз инҳисор. Худшиносӣ то ҳадде аҳамият дошта, ки ҳатто мутакаллимон, муфассирон ва орифони чаҳони маънавии Шарқ чойгоҳи хоссае онро бахшидаанд. Ҳамин аст, ки  Ҳаким Саноӣ таъкид медорад: «…ба худ нигаристам ва чизе пайдо накардам,чаҳд ба сӯи шинохти хеш кардам».  Дарёфти хеш дар ботин корест мушкил, ки ҳар кас имкони ин комёбӣ надорад. Тарҳи  аслии худшиносиро Имом Ғаззолӣ барҳақ таҳқиқ ва баён кардааст:  « Пас  туро  ҳақиқати  худ  талаб  бояд  кард: ба чӣ кор омадаӣ ва саодати ту чист». Худшиносӣ фарогири бахшҳои мухталиф аст ва вобаста ба бахш вазифаи комил, душвор мегардад. Соҳибмансабӣ ва ҳукумат бо фармудаи Аҳмади Дониш 10 сифат дорад, ки сифати аъзами он «Абуват» яъне падарӣ аст. Бо ибораи оммафаҳм падарӣ ба маънои пешбарии минтақае аст, ки ончо шаҳрдор таъин гардидааст. Сифати дуюмро ин муаррих ва дипломати беҳамтои точик «огаҳӣ аз дили мардум» номбар мекунад, ки он ба маънои ба мардум дастрас будан ва имкони чории адл аст. Маҳз аз самти сиёсии шаҳрдор вазъи иқтисодӣ, ичтимоӣ ва маънавии ҳар хонаводаи минтақаи роҳбарии ӯ вобастагӣ мекунад. Шаҳрдори асил ва огаҳ аз мардум ба пешгузаштагони худ пайрави Тоҳир ибни Ҳусайн, ки Хуросонро аз юғи хулафои араб озод кард ва ё монанди Яъқуби Лайс, ки минтақаи Сиистонро сокиту мутарақӣ ва воридкунандаи низом ё Исмоили Сомонӣ, ки тавонист Бухороро аз шаҳри ғоратзадаю  хароб мубаддал ба маркази маърифатии Мовароуннаҳр гардонад. Пас бешак, амали шаҳрдор дар шаҳр бозгӯи ҳамон худшиносӣ аст, ки маҳсулаш баёни то кадом ҳад меҳандӯст будани ӯст.
Омили навишти матлаби мазкур на тамаллуқ, балки ҳамон баёни ҳақ аст, ки Худованд фармуда: « Ҳақиқат мондагор аст». Тавлид ва балоғати камина дар маркази вилоят, шаҳри имрӯз ободони Қӯрғонтеппа буда, дар ин муддати мадид чанде аз руасои шаҳр ё ба истилоҳ шаҳрдор-раиси шаҳрро дидам. Танҳо хотира аз онҳо роҳи вайронаи марказ, чароғҳои корношоями канори роҳ, лимити мавчуднабудаи барқ барои шаҳр мондааст.  Бо ибораи дигар кӯчаҳои шаҳр бо нурпошии хуршед мунаввар мегардид. Тафовути  шаҳрдорони дирӯза аз шаҳрдори имрӯза муайян аст. Фаъолияти кории шаҳрдори имрӯза бо пос доштани хотири мардум (қабули шаҳрвандон), ки як рукни фарҳангии давлатдории атиқии точикист шуруъ гардида, худи раис дар қабул иштирок мекунад.  Қисми муҳими кор ин ҳайат (дастгоҳ) маҳсуб меёбад, дар ин росто шаҳрдор пайгири Салмони Форсӣ шуд, ки ӯ низ ҳангоми таъин ба ҳуками Тайсафун тамоми низоми карахтшударо иваз карда буд. Инчо метавон сухани арзишманди мусташриқ Ричард Фрайро овард, ки мегуяд: « Бе сармоя сиёсат имконият надорад», аз ин чост, ки шаҳрдори муҳтарам низоми шояд муддатҳо барои шаҳр бегонашудаи андозро, ки тибқи он точире имкони саркашӣ надорад, чорӣ намуда, бидуни шак тавонист хазинаи молиявии шаҳро комил гардонад. Ҳамакнун, ки низоми дастгоҳ, андоз ва қабули шаҳрвандон тартиби муайяни худро ёфт, амал лозим буд, ки ин чо як таъйиди донишманди Эрон, доктор Муттаҳҳариро бояд ёдрас шуд, ки мегуяд: « Сарвар замоне бо мардум аст, ки худро чои нафаре тасаввур кунад.» Пас шаҳрдори муҳтарам дарвоқеъ хостаҳо ва шояд орзуҳои дерини сокинони шаҳр-таъмири комил на тачдиди  роҳҳоро фармоиш дода, бо роҳандозии ин амал шаҳри рӯ ба мунҳадимии Қӯрғонтеппаро мубаддал ба мутарақии  Қӯрғонтеппа ба шаҳри рушдёбанда кард.  Фарчоман метавон иддао кард, ки «Лабайка»-и гуфтаи ҳочӣ Амирулло Асадулло  ҳангоми зоирӣ амали шудааст, ки Мавлоно мефармояд:

Каъба эчоди халили Озар аст,
Дил назаргоҳи чалили Акбар аст.          С. Чамолӣ
 
                                                                                                                                     
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню