Фарзанд меваи умри одамизод - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Фарзанд меваи умри одамизод

Фарзанд меваи умри одамизод 
Олимони равоншинос бар он назаранд, ки тарбияи дурусти фарзанд аз раҳми модар шурӯъ мегардад. Волотарин  ва роҳаттарин мақом  барои тифл ин раҳми модар аст, агар модар дар муҳити солим ва осуда бошад. Яке аз вазифаҳои муқаддаси модар ин аст, ки бояд барои тавлиди тифли солим ҳамеша талош намояд. Ин орзуву ормони падару модар дар сурате амалӣ мегардад, ки худи онҳо тани солим ва одобу рафтори шоиста дошта бошанд. Дар робита ба ин, бо иқдоми муҳим ва пешниҳоди муфиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ҳамчун «Соли оила» эълон гардид.
Маълум аст, ки ин иқдоми наҷиб на танҳо аз тарафи мардуми шарафманди тоҷик, балки аз ҷониби кулли равшанфикрони олам эътироф гардид, зеро пойдевор ва ояндаи ҳар як давлату миллат маҳз аз оилаи солим маншаъ гирифтааст.
 Мақсади Сарвари давлат  он аст, ки агар зану фарзанд дар оила тани солим дошта, дар замири хеш меҳру муҳаббат, садоқат ба Ватан ва миллат дошта бошанд, оянда фарзандони накӯ, солиму бардам, ватандӯсту миллатдӯст ва дорои хислатҳои наҷиби инсониро ба дунё меоранд. Падару модари хуб  ин замини ҳосилхезеро мемонанд, ки аз он ҳосил, яъне тифл ба дунё меояд. Вале, агар ин замин, замини шӯра бошад, аз он ҳосили накӯ бардоштан багумон аст.
Дар воқеъ, вақте ки фарзанди дурусту солим  дар оила  тавлид меёбад, боиси хушнудии аҳли оила мегардад. Вале, агар кор баръакси ҳол бошад, худо медонад, ки чӣ балое ба сари падару модар меояд. Имрӯзҳо дар беморхонаҳо мушоҳида менамоем, ки падару модарон дар даст кӯдакони маъюб бо  навбат дар қабулгоҳи пизишкон бо умеди  шифо ёфтани фарзандонашон  истодаанд. Вақти пурсиш ва суҳбат бо онҳо маълум мегардад, ягон хеши наздики худро ба ҳамсарӣ қабул кардааст. Албатта, ин манзара бисёр ғамангез буда, ақли солимро ба он водор месозад, ки пайи ҷустуҷӯи чораҳое бошад, ки дар оянда сади роҳи ин манзараи ғамангез гардад.
Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки ҳангоми интихоби ҳамсар ҳушёр ва баробари тавлиди тифл ба вазну саломатии  кӯдак  таваҷҷуҳи хос дошта бошанд, то дар оянда фарзандони  дурусту баркамол  ба дунё биоранд.
Маълум аст, ки хонавода  аввалин санги  бинои шахсияти  кӯдакро  бино месозад. Пойдевори ин бино бояд мустаҳкам бошад. Чунончӣ, яке аз роҳҳои  дуруст тарбият намудани фарзанд ин  дар канори вай будан аст. Равоншиносон таъкид менамоянд, ки бо фарзандони хеш машварат кунед, ҳарфҳои онҳоро низ гӯш диҳед ва  розҳояшонро  барои шумо матраҳ кунанд. Чунонки дар урфият  мегӯянд «ҷомаи бемаслиҳат кӯтоҳ аст».
Дар вақти тарбияи фарзанд падару модар бояд кушиш намоянд, ки бачаҳояшон дӯсти ҳамдигар бошанд. Ҳамчунин,  ҳама фарзандонро бо як чашм нигариста, ба онҳо яксон рафтор намоянд. Дар ҳузури якдигарӣ якеро тавсиф ва дигарро танқид кардан ба фарзанд хислатҳои манфӣ меорад. Фарзандон бояд дар назди падару модар яксон меҳру муҳаббат дошта бошанд. Ҳамаи фарзандон - чӣ духтар ва чӣ писар меваҳои умри бобаракати мо падару модарон ҳастанд.
Аксарият муҳаққиқон бар онанд, ки рушди  шахсияти  фарзанд аз кӯдакӣ ва аз даврони ширхорагӣ  анҷом мешавад. Тарбияи фарзанд яке аз вазифаҳои ҷонии падару модар  ба ҳисоб меравад. Падару модар бояд фаромӯш насозанд, ки фарзандонашон барои замони худашон  офарида шудаанд. Бинобар ин дар рушди кӯдак бояд монеагии зиёд нашавад ва дурусту зарур аст, ки  ба онҳо  ахлоқи намунавӣ, ҳамчунин омӯзиши илмҳои муосир, забони англисӣ, русӣ ва компютер омӯзонида шавад.
Баъди тавлиди тифл  масъулияти падару модар  аз болои фарзанд дучанд  гашта, дуруст аст, ки  аксари  падару модарони арҷманд  ба тарбияи дурусти фарзанд талош менамоянд. Мутаассифона, дар ҷомеа мушоҳида мешавад, ки баъзе падару модарон  ба рафтору гуфтори  фарзанд эътиборе намедиҳанд ва оқибат фарзандон ба чӣ корҳое даст намезананд.
Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) мефармоянд, ки бояд баъди тавлид се ҳаққи фарзанд адо шавад. 1. Номи нек, 2. Таҳсилу касбу дониш, 3. Хонадор кардан.
Беҳуда нагуфтаанд, ки номи нек нисфи хушбахтии фарзанд дар зиндагӣ  аст. Академик М. Лутфуллоев дар китоби хеш доир ба ин масъала менависад: «Падару модарони арҷманд, бикӯшед фарзандро номи зебо, форам ва дилнишин гузоред, то ки кӯдак байни ҳамсолони худ фахр намояд. Дар акси ҳол таҳқиру маломат  мешунавад ва аз гуфтану шунидани  чунин номҳои безеб ва бегона, мисли Санг, Кулух, Теша, Гург, Бег, Улмас, Қара, Қарабой, Бой, Ёфтак, Сафол, Мастак, Қайчибой, Сиёҳак, Зардак, Карам, Бурибой, Бурӣ, Ҷоруб, Зоғ, Зоғак, Тавар, Парда, Майна, Қул шарм медорад».
Ҳамчунин, таъкид менамояд, ки фазли Худо, мо бобати ном мисли халқҳои дигар дар доираи 10-12 ном маҳдуд нестем. Хуб мешавад, ки ба фарзандонамон номҳои тоҷикӣ, аз қабили Ҷамшед, Хуршед, Рустам, Суҳроб, Спитамен, Фаридун, Бузургмеҳр, Гурдофарид, Оламафрӯз, Сорбон, Хубон,  Тобон, Беҳрӯз,  Садриддин, Дилафрӯз  ва амсоли инҳо гузорем ва фарзандон аз ин номҳо ифтихор намоянд.
Шароит муҳаё сохтан ба фарзанд барои дониш ва касбу ҳунар омӯхтан тибқи фармудаҳои паёмбар Ислом Муҳаммад (с) вазифаи ҷонии падару модар аст. Ин муаммо нест, ки халқи тоҷик аз қадимулайём китобдор буданд ва аксаран меҳмонони хешро  дар китобхона мепазируфтанд. Ин анъана имрӯз низ дар аксарияти хонаҳои мо мушоҳида мегардад, ки дар рафҳо ки обҳои зиёд гузошта шудаанд. Ин амал, албатта, дар тарбияи мусбати фарзандон мусоидат мекунад. Зеро фарзандон аз хурдӣ ба китоб дил мебанданд ва унс мегиранд.
Вазифаи падару модар ин нест, ки ҳангоми ба балоғат расидани фарзанд ӯро маҷбур ба касе хонадор созанд. Дар интихоби ҳамсар аз писар ё духтар низ  пурсидан зарур аст, зеро дар оянда Худо накунад, ба балое гирифтор нашаванд, инро аз падару модар мебинанд.
Падару модарони арҷманд дар тарбияи фарзанд моро зарур аст, ки  тамоми чораҳоро андешида, дар роҳи дуруст онҳоро парвариш намоем, зеро фарзанд ин меваи умри одамизод аст.
 
Саидмуминов А. – барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи
                                Исмоили Сомонӣ

                                                                                                                                     
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню