Мафҳум ва хусусиятҳои ҷавобгарии гражданӣ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Мафҳум ва хусусиятҳои ҷавобгарии гражданӣ

Инсоният, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олии чомеа ва давлат ба ҳисоб мераванд. Ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон чудонопазир аст ва аз лаҳзаи таваллуд ба ҳар кас тааллуқ дорад. Ҳифзи ҳуқуқи инсонҳо вазифаи ҳамачонибаи давлат аст. Кафолати ҳифзи онҳоро давлат танҳо бо чавобгарии муайян таъмин мекунад. Ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии гайримолумулкӣ ба чавобгарон мучозоти ҳуқуқии аз чониби давлат татбиқшаванда гузошта мешавад. Мучозотҳо дар шаклҳои гуногун ифода мешаванд, аз чумла пул, амвол ва ғайра. Бинобар ҳамин чавобгариро як навъ ифодаи адолати ичтимоӣ арзёбӣ намудаанд, ки ба барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда, чуброни зарарро кафолат медиҳад.
Масъалаи чавобгарӣ, аз чумла чавобгарии гражданӣ дар ҳама давру замон дар таваччуҳи кулли одамон арзи ҳастӣ дошт. Сар карда аз Ҳуқуқи римӣ, ки низоми ҳуқуқии мо аз он сарчашма гирифтааст, то давраи кунунӣ сивилистҳоро оиди чавобгарии гражданӣ ба мушкилиҳо ва мураккабиҳо, ки дар нофаҳмиҳои гуногун инъикос шудаанд, оварда расонидаанд. Чавобгарӣ дар Ҳуқуқи римӣ дар замонҳои қадим чунин муайян шуда буд. Дар ҳолати ичро накардан ё ба таври дахлдор ичро накардани уҳдадориҳои худ қарздор чавобгариро бар душ мегирад.
 Шакли чавобгарии граждании қарздорони ислоҳнашаванда дар давраҳои гуногуни таърихӣ ягона набуданд. Дар қарнҳои алоҳида чавобгарии гражданӣ ҳуқуқи хусусияти соф шахсӣ дошт: дар ҳолати ичро накардани қарздор уҳдадориҳои ба зиммааш гузошта шуда, ба ў чораҳои таъсиррасонӣ татбиқ мешуданд, ки бевосита ба шахсияти ў равона шудааст. Ин чораҳо хеле бераҳмона ва ғайриинсонӣ буданд, масалан, ўро мумкин ба маҳкама кашанд, ё аз ин ҳам бадтар ба ғуломӣ фурўшанд, то ҳатто пурра аз ҳаёт маҳрум кунанд, ки ба андешаи ман ин хело ҳам даҳшатовар мебошад.
 Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар замони мо ин камбудиҳо бартараф шуданд ва қарздор уҳдадориҳои худро танҳо бо пул ё амволи худ ба сомон мерасонад. Ин бартариҳоро КГ Ҷумхурии Тоҷикистон, ки соли 1999 аз чониби Мачлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон  қабул шудааст, дар худ ифода намудааст. Дар КГ нав чавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон  ба табъ расонида шуда, он ба хусусиятҳои иқтисоди бозоргонӣ, инкишофи демократия, барқароршавии адолати ичтимоӣ мувофиқ гардонида шуда, дар асоси онҳо татбиқ мешаванд. Чавобгарии ҳуқуқи гражданӣ яке аз навъҳои чавобгарии ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, дар бобҳо ва моддаҳои алоҳидаи КГ Ҷумхурии Тоҷикистон амалкунанда чойгир шудаанд. Дар сохтори  дохилии КГ Ҷумхурии Тоҷикистон масъалаи чавобгарии гражданӣ ҳуқуқӣ чунин силсилабандӣ шудааст. Боби 24 «Масъулияти вайрон кардани уҳдадорӣ» 17 моддаро дар бар мегирад, ки бевосита ба чавобгарӣ тааллуқ дорад. Боби 22 КГ ЧТ «Таъмини ичрои уҳдадорӣ» аз 7 зербоб ва 57 модда иборат аст, ки ба меъёрҳо оиди чавобгарӣ дахл дорад, дар намуди таъмини ичрои уҳдадорӣ-ноустуворона, гарав, нигоҳ доштани амволи қарздор, замонат, кафолат ва дигар усулҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома.
              Меъёрҳои ҳуқуқии пешбининамудаи боби 22 КГ Ҷумхурии Тоҷикистон ба мачбур намудани қарздор барои ичро намудани  уҳдадориҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ, ки аз шартнома  бармеояд, равона шудаанд. Ба назари мо дар  ҳолатҳои алоҳида чавобгарии иловагии қарздор дар назди қарздиҳанда ва дигар шахсон ба ҳисоб меравад. Ба истиснои ин меъёрҳо оиди чавобгарии тарафҳо уҳдадории музднок дар дигар шартномаҳои алоҳидаи навъи гуногун пешбинӣ шудааст: хариду фурўш,  маҳсулотсупорӣ, комиссия, нигаҳдошт ва дигарҳо. Инчунин дар санадҳои меъёрӣ ва қонунгузории алоҳида.
 Барои пурра муайян намудани  чавобгарии тарафҳо на танҳо дониши ҳуқуқӣ доштан лозим аст, инчунин оиди мазмун ва принсипи ичрои уҳдадорӣ боби 21 КГ Ҷумхурии Тоҷикистон маълумот доштан зарур аст.  

Эркин Қосимов,
омўзгори фанни таърих  ва ҳуқуқи
МТМУ №14- и шаҳри Қўрғонтеппа

                                                                                                                                     
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню