Конфренсияи ҷавонон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Конфренсияи ҷавонон

Конфренсия дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷуёни кишвар дар тартиботи ҷаъмиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» 
   Бо ташабуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва бевосита бо дастгирии ҳаматарафаи Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа Конфренсия дар мавзӯи «Иштироки чавонон ва донишчуёни кишвар дар тартиботи чаъмиятӣ ва мубориза бар зидди чинояткорӣ»  аз 17 то 19-уми декабри соли чорӣ баргузор гардид. Дар конфренсияи мазкур намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ичроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло ва ҳамчунин зиёда аз 300 нафар чавонони 68 шаҳру ноҳияҳои Чумҳурӣ ширкат варзида оид ба масалаҳои ташвишовар ва нагини рӯз озодона изҳори ақида намуданд.
    Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло  дар Конфренсия дар рафти  баромадашон дарч намуданд: роҳбари муаззами мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳаққи мардуми кишвар ѓамхорӣ зоҳир менамояд. Маҳз роҳбарии хирадмандонаи роҳбари давлат аст, ки кишвари тозаистиқлоли  мо рушду нумӯ ёфта, аз нигоҳи иқтисодию ичтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад. Дар сиёсати хеш Президенти мамлакат ба чавонон таваччуҳи хосса зоҳир карда, дастуру  супориш медиҳанд, ки дар ҳалли масоили ҳаётан муҳим дар ҳамаи соҳаҳо аз нерӯи чавонон самаранок истифода бурда шавад.Аз ин рӯ моро мебояд, ки дар ҳама кор ба чавонон такя намуда, ѓайрату шучоат ва ташаббускории насли ояндасозро дар бунёди чомеаи демократӣ, дунявӣ, сохтмони ояндаи дурахшон мақсаднок истифода кунем.Вале бо вучуди ҳамаи ин чавонон ва наврасон ҳамчун қишри осебпазири чомеа боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ дар назди аҳли чомеа вазифа меистад, ки барои рангинтар шудани дунёи чавонон кӯшиш ба харч диҳем. Чавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия карда, ѓояҳои миллиро ба онҳо фаҳмонем. Онҳоро огоҳу равшанфикр ба камол расонида, зидди хурофоти ифротгароӣ ақли солимро тарѓиб намоем. Ба ин васила нагузорем, ки дар андешаронӣ, рафтору гуфтор ва кирдор чавонони мо ба дигарон тақлид кунанд. Зеро мо фарҳангу тамаддуни қадима дорем, дар сурати аз қувваҳои солими чомеа дуруст истифода бурдан метавонем, чавонони шоистаи давронро ба камол расонида, рисолати худро дар назди халқу Ватан ичро намоем.
    Дар ҳақиқат ҳар яки моро лозим меояд, ки дар таълиму  тарбияи насли наврас  ва чавонон дар чунин як давраи ҳассос бо ном якчояшавии тамадунҳо (Глоболизатция) бағоят бо диққат бошем.То ин, ки тибқи ҳидотяу фаҳмондадиҳии мо насли наврас дар чомеаи чаҳонӣ тавонад мавқеи худро муайян созад ва аз ин ватану миллати кӯҳанбуёди худ ифтихор намояд. Ба ин хотир ҳар яки моро лозим меояд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳисозии чавононро аз таъриху маданияти кӯҳанбунёди хеш боз ҳам чонок намоем. Мақсад аз баргузори Конфренсия ва дигар чорабиниҳои дастачаъмонаи чавонон аз тамоми манотиқи кишвар дар шаҳри бостонии Қӯрғонтеппа  маҳз ба ҳамин хотир буд.
Котиби матбуотии Раис.

 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню