ТАНДУРУСТӢ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ТАНДУРУСТӢ

СОҲАИ ИЧТИМОӢ
Ғизои солим истеъмол намоед
Дар рӯзҳои Соли нав ҳар як нафар мехоҳад хони идона оро диҳад. Маҳсулоти қанноди ва дигар шириние, ки бонувон омода месозанд, таъму лаззати хос дошта, иштиҳоовар аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳар як ширини ва ё анвои ғизоие, ки омода месозед, бо масрафи кам ва сифати баланд бояд омода гардад...
4.01.2017  
Эҳтиёт бошед!
ЗУКОМ  ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН
Зуком бемории шадиди сироятиест, ки  бо иллатёбии роҳҳои нафас ва аломатҳои захирсироятии бадан мегузарад. Барангезандаи ин бемори вирус мебошад. Тайи ин солҳо зиёда аз садҳо намуди зуком ба мо маълум буданд ва ҳоло боз як намуди нави вирус дарёфт шуд, ки он ҳам ба гурӯхи  вируси зуком дохил карда шуд...
22.12.2016 
Таҷҳизоти нави тиббии ташхис ва табобати бемории қалб ва рагҳои хунгард дар шаҳриҚӯрғонтеппаи вилояти Хатлон  
Дар маркази ташхиси ва табобатии хусусии «Некдил» воқеъ дар беморхонаи вилоятии ба номи «Бӯри Воҳидов»-и шаҳри Қӯрғонтеппа  табибон бо таҷҳизоти нави тиббии ташхис ва табобати бемории қалб ва рагҳои хунгард ба фаъолият шӯруъ намуданд. Таҷҳизоти нави тиббии ташхис ва табобати беморииқалб ва рагхои хунгард аз тарафи рохҳбари марказ Валиев Илхом аз давлати Олмон (ширкати «Simens») ба ҷумҳури ворид карда шуд ва теъдоди чунин таҷҳизотҳо дар тамоми қаламрави ҷумҳури то имрӯз ба 6 адад мерасанд... 
1.12.2016 
Таъмини шӯъбаи таввалуди беморхонаи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа бо гармидиҳии буғи.
Бо дасггирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар рӯзҳои наздик шӯъбаи тавваллуди беморхонаи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа бо гармидиҳии буғи таъмин мегардад. Нигоҳ доштани ҳавои мӯтадил барои модарон ва навзодон дар фасли сармо шарти муҳими нигоҳдоштани саломатии онҳо ба ҳисоб меравад...
14.11.2016 
Таъмири асосии шӯъбаи чарроҳии беморхонаи марказии шаҳри Қӯғонтеппа
Бо ташабус ва дастгирии ҳамачонибаи Раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло ва мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бори аввал шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа аз таъмири асоси бароварда шуд. Таъмири асоси ҳамзамон масоҳати шӯъбаро васеътар намуда, айни ҳол шӯъба дорои 8 ҳучра барои беморон ва 40 кати хоб мебошад...
Ёрии таъҷилии шаҳри Қӯрғонтеппа
Маркази ёрии таъчилии шахри Қӯрғонтеппа дар масохати радиуси зиёда аз 7 км ба ахолии шахр ёрии аввалияи ройгони тибби мерасонад. Айни ҳол дар марказ 100 нафар кормандони пуртаҷриба фаъолият намуда, дар кутоҳтарин муҳлат ба назди бемор ҳозир шуда...
Бемории хатарнок ва пешгири аз он
Бо фарорасии фасли тобистон бемориҳои сироятии карантинии хафнок Вабо, Товун ва Таби-хунин авҷ мегиранд, ки аз ин бемориҳо, маризие, ки бештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вомехӯрад, ин Таби хунин мебошад.
 Табби хунин
 Таби хунин, бемории вазнини вирусии дорои манбаъхои табиии сирояти буда, ба гурӯхи беморихои ба воситаи хун сироятёбанда мансуб меёбад.
Бемори ба одам асосан ба воситаи газидани канаи сироятёфта, алоқа бо хуни одами сироятёфта ва ё хуни хайвони сироятёфта мегузарад. 
«Ваҳдати миллӣ»
Бахшида ба 19-солагии «Ваҳдати миллӣ» дар беморхона аз тарафи раиси иттифоқи касабаи беморхона Холиқова Г.О. дар асоси нақшаи чорабиниҳои беморхона аз санаи 21.06.2016 то санаи 23.06.2016 сол озмуни шашкабозӣ ва шоҳмотбозӣ байни кормандони беморхона дар байни занон ва мардон дар алоҳидагӣ ташкил карда гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ тамоми кормандони беморхона сафарбар карда шуда, фаъолона ширкат варзиданд. Иштирокчиёни ҷойҳои 1, 2 ва 3-ум бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуда, ба шуъбаҳо 1 ададӣ шашка ва шоҳмот туҳфа карда шуд.
Семинар дар Беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо ташаббуси директори ҶДММ «Веб ободӣ» - Муродова Сановбар ва иҷрокунандаи вазифаи сартабиби беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа - Пиров Ҳасан дар беморхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди сомонаи беморхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа -bemorhona-qt.tj гузаронида шуд. 
Муродова Сановбар қайд намуданд, ки сомонаи беморхона ин симои зоҳирии беморхона ба шумор рафта, дар он беморон ва аёдаткунандагон метавонанд дар бораи табибон маълумотҳои лизимӣ гирифта, рӯзҳои қабулии онҳоро муаян намоянд. 
20.05.2016

Фаҳмондадиҳии мӯҳтавои Пайёми Сарвари Ҷумҳӯрӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба колективи кормандони беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б. Воҳидов.
Аз тарафи  гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр  ва роҳбари ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа оиди фаҳмондадиҳии мӯҳтавои нуқтаҳои Пайёми навбатии Сарвари Ҷумҳӯрӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо  колективи кормандони беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б. Воҳидов вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Пешгирӣ-аз табобат беҳтар
Ташкилоти ғайридавлатии «Орзу Плюс», ки аз 14 марти соли 2011 ба қайд гирифта шудааст, аз моҳи майи соли 2012 ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳадаф аз ташкили ин ташкилоти ғайридавлатӣ дар он аст, ки дар пешгирии паҳншавии бемории ВИЧ-СПИД саҳмгузор бошад.
Ташкилоти мо, махсус барои занҳо ташкил шудааст, дар як моҳ зиёда аз даҳ нафар занҳо муроҷиат менамоянд, ки аслан занҳои покдоман ҳастанд, вале аз сабабҳои надонистани ҳуқуқҳои хеш ба ин беморӣ гирифтор мешавад. Бештари шавҳарони онҳо барои мардикорӣ ба шаҳрҳои бегона сафар намуда, бо занҳои бероҳа алоқа карда, гирифтори ин беморӣ мегарданд...

Зуком  ва роҳҳои пешгирии он
Зуком бемории шадиди сироятиест, ки  бо илатёбии роҳҳои нафас ва аломатҳои захирсироятии бадан мегузарад. Барангезандаи ин беморӣ вирус мебошад. То ин солҳо зиёда аз 100-ҳо намуди зуком ба мо маълум буд. Дар  рӯзҳои охир боз як намуди навъи вируси зуком дарёфт шуд, ки ба гуруҳи  вируси зуком дохил карданд.

Табиат низ тарбиятгар аст
Шиносоии кӯдакон ба табиат воситаи муҳими тарбия ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо ба ҳисоб меравад. Агар корҳои мураббӣ  дар ин самт дуруст ба роҳ монда шавад, пас  он барои инкшофи шуур, нутқ...

Маркази ёрии таъчилии тибби ш.Қӯрғонтеппа                    
Маркази ёрии таъчилии тибби ш. Ӯӯрғонтеппа дар кӯчаи Ҳувайдуллоев №46  чойгир  шудааст. Бинои ҳозира айни ҳол  шиносномаи техники супорида шудааст.  Маркази ёрии таъчилии тибби ш.Ӯӯрғонтеппа аҳоли шаҳрро хизматрасони мекунад.Масоҳати радиуси камтарин хизматрасони 7 км.,радиуси максимали 20 км-ро дар бар мегирад.Дар Марказ 6 (шаш) нақлиёти санитари тамғаи «Танген» ва «Мерседес» ба аҳолии хизмат расонида истодааст,ки ин ҳам ба талаботи ҳозира чавобгуй нест.

Пешгирии бемориҳои шадиди меъдаю рӯда.
Бо фарорасии фасли тобистон авчи бемориҳои сироятӣ  ба мисли бемориҳои домана, исҳоли хунин, салманелёз ба чашм мерасад. Сабаби хуручи бемориҳои дарунравӣ он аст, ки  бактерияҳои чӯбчамикробҳои    зараровар, стафилакокҳо, стрептококҳо, диплакокҳои дар гирду атроф буда, ба организми одамон ворид шуда, зарари худро мерасонанд ва ба бемориҳои шадиди меъдаю рӯда шахсро мубтало мекунанд.
    Роҳҳои гузариши ин бемориҳо:  ба ин беморӣ ба воситаи  алоқа бо бемор ё ин ки бо  шахси ҳомили ин беморӣ  гирифтор шудан мумкин аст, инчунин  ҳангоми истифодаи косаю табақи ин беморон ангезандаи ин бемориҳо метавонанд, бо воситаи об ба организми одамони солим  ворид шаванд... Муфассал...

Маъмурияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Қӯрғонтеппа
Маъмурияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Қӯрғонтеппа ба маълумоти Шумо мерасонад,  ки дар давоми ҳафта аз рӯзи 14-уми августи  2015-ум сол то рузи  21-уми августи 2015- ум  сол    кормандони тибби муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шахр корҳои зеринро ба сомон  расонидаанд...

    
Дар рӯзи кормандони соҳаи тиб муовини раиси шаҳр Қоимова С. ва роҳбари раиси шаҳр Абдуллоев И. кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази назорати давлатиии санитарию эпидемологии шаҳрро бо иди касбиашон табрик намуда, ифтохорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии окимияти давлатии шаҳрро ба фаъолон ва пешоҳангон супориданд...








Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шари Қӯрғонтеппа имрӯз бо иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ, ҶДММ «Веб Ободӣ» ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Онлайн бақайдгирӣ дар назди табиб дар шаҳри Қӯрғонтеппа» - семинар баргузор намуд...
муфассал >> www.tandurusti-qt.tj
 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню