Меъёрҳои навишти «У» ва «Ӯ» риоя карда шавад - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Меъёрҳои навишти «У» ва «Ӯ» риоя карда шавад

Дар солҳои 20-30 асри ХХ пас аз баҳсҳои тӯлонӣ атрофи забони меъёр дар пояи талаффузи бархе аз лаҳчаҳо дар «Қоидаҳои имлои забони точикӣ» дар робита ба навишти «ӯ» дар ҳичои баста пеш аз «ҳ» ва аломати сакта (ъ) як қоидаи ғайри таърихӣ муқаррар карда шуд, ки он хилофи меъёри навишти забони классикии форсӣ-точикӣ мебошад. Дар банди б-и § 6 «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии точик» (соли 1972) дар иртибот ба навишти ҳарфи ӯ чунин омадааст: «б) дар ҳичои баста пеш аз ҳарфи ҳ ва аломати сакта (ъ): анбӯҳ, бӯҳтон, зӯҳра, мӯҳлат, сӯҳбат, шӯҳрат, мӯътабар, мӯътадил, мӯъчиза ва ғ.».
Ҳамчунон ки маълум аст, садоноки «ӯ» дар ин мавқеъи овоӣ ҳам дар вожаҳои форсӣ-точикӣ ва ҳам арабӣ вови мачҳул набуда, балки «у»-и кутоҳ мебошад ва он набояд ба вови мачҳул ё «ӯ» дарози таърихӣ омехта карда шавад.
Ин меъёри навишти ӯ аз «Имлои забони точикӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 №355 тасдиқ гардида аст, хориҷ карда шудааст. Хориҷ гардидани ин банди Қоидаҳои имлои соли 1972 дар имлои соли 1998 далели беэътибор донистани қоидаи мазкур аз санаи тасдиқи имлои соли 1998 дониста мешавад. Аммо ин меъёри аз имлои забони точикӣ кайҳо хориҷшуда то ба имрӯз бар хилофи қоидаҳо ва муқаррароти имло бе ҳеч далел ва шарҳу тавзеҳ мавриди истифода қарор дорад. Муқаррароти мазкур, ки аз имлои соли 1998 хориҷ карда шуд, пас аз таъйиди ин имло набояд дигар мавриди истифода қарор мегирифт. Бо дарназардошти чунин вазъ имкони корбурди ин меъёр дар имлои забони точикӣ дигар вучуд надорад ва ин ҳама қоидаҳову меъёрҳои бофта ва сохтаи ғайри таърихӣ  ва ғайри илмӣ дар нашри нави «Фарҳанги имлои забони точикӣ», ки чопи он дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ислоҳ гардидаанд.
Аз ин рӯ, дар иртибот ба риояи муқаррароти имло, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 №458 тасдиқ шудааст, меъёрҳои имло дар ҳама маврид бояд риоя карда шавад.
Феҳристи навишти «у» бар ивази «ӯ» пеш аз ҳарфи «ҳ» ва аломати «ъ» дар 2 саҳифа барои истифода пешниҳод мегардад.
 
Матбуоти Раис.

                                                                                                                                     
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню