Ҳадаф – тарбияи насли ҷавобгӯи замон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҳадаф – тарбияи насли ҷавобгӯи замон

Соли равон барои аҳли маорифи шаҳр низ соли пешравиҳо гардида, дар рафти таълим ва донишазхудкунии хонандагон дигаргуниҳои чашмрас ба амал омаданд. Дар ин бора мудири шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа Қурбон Қурбонов андешаҳои худро чунин иброз намуд:
Воқеан ҳам имрӯз таваччуҳи давлат ва Ҳукумат, бахусус Роҳбари давлат ба ин соҳа беандоза калон буда, ин ғамхорӣ мо, маорифчиёнро руҳбаланд месозад ва барои фатҳи қуллаҳои нави мурод ҳидоят менамояд.
Соли равон мо - маорифчиёни шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолияти худро чун дигар аҳли заҳмати кишвар баҳри ичрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки ҳамеша ҳангоми суҳбату мулоқотҳояшон баён менамоянд, ба роҳ монда, талош бар он кардем, ки кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллатамон, ки баҳри рушду пешрафти тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи маориф равона гардидаанд, амалӣ шаванд. Пайи ичрои он тамоми малака ва донишу тачрибаи худро истифода намудем, зеро хуб медонем, ки ҳамаи ин заҳмату талошҳо танҳо барои рушду пешрафти кишвар ва ояндаи неки фарзандонамон мебошанд.
Масъалаи муҳими дар назди мо истода, ин чамъбасти бомуваффақонаи нимсолаи аввали соли таҳсил, натичагирӣ намудан аз бурду бохтҳои хеш ва андешидани тадбирҳо чиҳати бартараф сохтани камбудиҳои чойдошта буд. Бо ин мақсад давоми беш аз чор моҳи таҳсил дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр озмунҳои фаннӣ ва дигар чорабиниҳои дохилимактабӣ доир намуда, аз он натичагирӣ кардем. Гарчанде ки заҳмату талошҳоямон самараи хуб ҳам дода бошад, бо он албатта, қаноатманд шуда наметавонем. Зеро рушди босуръати илму техника тақозои онро дорад, ки насли мусаллаҳ бо донишҳои муосирро ба камол расонем. Сатҳу сифати таълиму тарбия бояд имрӯз чавобгӯи талаботҳои стандарти чаҳонӣ бошад ва мусаллам аст, ки барои ба ин ҳадаф расидан заҳмату талошҳои зиёде ҳанӯз моро дар пеш аст. Хушбахтона, мушкилоти кадрӣ, ки солҳои қаблӣ чой доштанд, имрӯз пурра бартараф гардида, дар муассисаҳои таълимии шаҳр омӯзгорони тамоми фанҳои таълимӣ басанда мебошад. Дар баробари ин музди меҳнати омӯзгорон бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Чумҳурии Точикистон Чаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло рафта истода, шароити кору фаъолияти онҳо мувофиқи матлаб мебошад. Имрӯз коллективи 1051 нафараи омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр кӯшиш ба харч дода истодаанд, ки мавқею манзалати омӯзгорро ҳамчун мураббӣ ва тарбиятгари асил боло бардоранд.
Тавре мебинем, тирамоҳи имсола сарду сербориш омад, ки ин нишонаи сард омадани зимистон мебошад. Вале мо аз ин ҳарос надорем, зеро барои хуб гузаронидани тирамоҳу зимистон мо омодагии ҳамачониба дида, нақшаи захираи тамоми намудҳои сӯзишвориро бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳр Амирулло Асадулло барзиёд таъмин намудаем. Ҳамчунин тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр бо генераторҳои барқӣ таъмин буда, маҳдудияту норасоии барқ ҳам амалигардии нақшаҳои дарпешгузоштаамонро халалдор карда наметавонад. Бинобар ин имрӯз тамоми қувва баҳри дар сатҳи баланд ба роҳ мондани кори таълиму тарбия равона карда шудааст.
Озмунҳои фанниро, ки яке аз муҳимтарин чорабиниҳои тахлили натичаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, дар ду давр чамъбаст намудем. Натичагирӣ аз он нишон дод, ки сафи довталабон ба даври сеюми озмунҳои фаннӣ дар нисбати солҳои қаблӣ зиёд гардидааст. Албатта, ин нишондод фараҳбаш бошад ҳам, вале қаноатмандкунанда нест. Бинобар ин дар назди омӯзгорон вазифа гузошта шуд, ки таълиму тарбияро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, талаботро аз шогирдон пурзӯр намоянд.
Имрӯз дар байни хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар масъалаи интихоби касб як равияе чорӣ шудааст, ки ҳама қариб касбҳои якхела ҳуқуқшинос ва ё табиб шуданро интихоб менамоянд ва сабаби инро дар бештар нуфуз доштани ин соҳаҳо маънидод мекунанд. Бинобар ин бояд ба хатмкунандагонамон чиҳати интихоби касб кӯмак намоем. Ба онҳо талқин кунем, ки ихтисосашонро бо назардошти талаботҳои ба мутахассисон доштаи кишвари азизамон интихоб намоянд. Бо ин мақсад дар ҳамбастагӣ бо макотиби олии чумҳурӣ гузаронидани чорабинии муаррифии донишкадаву донишгоҳҳоро ба нақша гирифтем, ки ин албатта, самараи неки худро хоҳад дод.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар назди шуъбаи маорифи шаҳр дар баробари муассисаҳои таълимӣ 17 муассисаҳои томактабӣ ҳам фаъолият дошта, дар онҳо 2868 нафар фарзандони сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа бо тарбия фаро гирифта шудаанд. Вазъи ин муассисаҳо низ гарчанде рӯ ба беҳбудӣ оварда бошад ҳам, вале баъзе масъалаҳои ҳалталаб, аз чумла бинобар сабаби зиёд будани дархости падару модарон пурра ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта натавонистани фарзандон чой доранд, ки имрӯз бо дастгирии мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, бахусус раиси шаҳр муҳтарам Амирулло Асадулло дар ин бобат тадбирҳо андешида истодаем, то ин ки дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили муассисаҳои хусусии томактабӣ амалӣ гарданду тифлакони мо дар муассисаҳои чавобгӯ ба талаботи тарбияи насли имрӯз ба воя расанд.
Маориф соҳаест, ки таваччуҳи доимӣ ва фаъолияти самарабахшро тақозо менамояд. Бо вучуди муваффақиятҳои бадастомада ҳанӯз мушкилотҳои зиёд низ чой доранд. Бинобар ин мо минбаъд ҳам ҳамаи имкониятҳоро истифода менамоем, ки таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, насли соҳибхираду ворисони арзандаи гузаштагони хешро ба камол расонем. Фарзандонеро тарбия намоем, ки созандагони фардои кишвари соҳибтамаддунамон бошанд.      
 Н. Муртазоева                    

                                                                                                                                     
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню