ВАРЗИШ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ВАРЗИШ

СОҲАИ ИЧТИМОӢ
Маҷмааи фароғати, истироҳати ва комплекси варзиши дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25-уми августи соли ҷори зимни сафари хизматии худ ба вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Қӯрғонтеппа Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Маҷмааи варзиши, фароғати ва истироҳати дар шаҳри Қӯрғонтеппа оғози расми бахшида буданд...
03.12.2016 
Мусобиқаи баскетбол (духтарон) байни ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Қӯрғонтеппа, бахшида ба таҷлили  «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади оммавӣ гардонидани бозии баскетбол, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани дастаҳои беҳтарини шаҳр байни ҷавондухтарон, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа...
28.11.2016 
Мусобиқаи гуштини милли (писарон, духтарон) байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Қӯрғонтеппа, бахшида ба таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Тибқи нақшаи чорабинихо, бахшида ба тачлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа... 
30.11.2016 
Баргузории мусобиқаи шашка байни бонувони маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо ташабусси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 то 23 ноябри соли ҷори дар толори Литсеи №1...
30.11.2016 
Кушодашавии ду майдончаи хурди футбол дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Таҳти сарпарастии Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кучаи Кайхонвардони шахри Қӯрғонтеппа ду майдончаи замонавии футболи хурд сохта шуда, имруз бо ташрифи Президенти ин Федератсия Рустами Эмомалӣ расман...
23.09.2016 
Хабарҳои варзишӣ аз ҳаёти ҷавонон
Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти мададгори мудофиаи шахр мусобиқаи “Нишонзани беҳтарин” ро доир намуд. Дар мусобиќа 48 нафар иштирок намуданд, ки аз он 10 нафарашонро бонувон ташкил медод. 
Бозии «футболи  хурд» 
Бо ташаббуси Умедҷон  Раҷабов  раиси Ургутмаҳаллаи шаҳр дар толори  тобистонаи   муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 бозии «футболи  хурд»  байни   11  дастаҳо  аз ҳисоби  наврасони  маҳаллаи  зикршуда...
1.03.2016

Машқ мураббии чисм аст
Беҳуда нагуфтаанд, ки варзиш гарави саломатист. Оиди ин масъала ман ба варзишгарон маслиҳат медиҳам:
-Дар вақти ичрои машқҳо дар чисми варзишгарон тағйиротҳои куллӣ ба вучуд меоянд, ки инро ҳар як варзишгар бояд хуб донад. Вақти ичрои машқи солимгардонӣ ягона узве, ки бештар заҳмат мекашад, ин дил мебошад. Дар ҳолати оромӣ дил аз 60 то 78 маротиба кашиш хӯрда, вақти машқ кардан то...




 Ғалабаи боксчиён    
Аз 18 то 22 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи чумҳуриявӣ оид ба бокс баргузор гардид. Дар он  чавонони синни 16 – 17 сола байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Варзишгарони вилояти Хатлон Сорбон Гулов дар вазни 52 кг. Ҳимматшоҳ Қувватов дар вазни 60 кг. ва Маҳмарачаб Фахриддинов дар вазни 64 кг. аз дастаи Хатлон – 1 дар ин мусобиқа қуваозмоӣ намуда, сазовори чойҳои сеюм гардиданд. Ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.    
Матбуоти Раис.

Медали нуқра-муборак!
Варзишгари чавони шаҳр Сорбон Гулов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба хотири Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев оид ба бокс дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз рӯйи намуди бокс иштирок карда, сазовори чойи дуюм ва медали нуқра гардид.
Варзишгари ҷавон ният дорад, машқу тамринро идома дода, дар оянда қуллаҳои баланди варзишро фатҳ намояд.

Сазовори ҷойҳои ифтихорӣ
Аз 1 то 5 августи соли равон дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи чумҳуриявӣ оид ба бокс байни варзишгарони синни 14-15-сола баргузор гардид.
Дар он зиёда аз 160 варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, ВМКБ, Хатлон-, шаҳри Кӯлоб, ШНТМ иштирок доштанд. Дар мусобиқа муштзанҳои шаҳри Қӯрғонтеппа маҳорати хуб нишон дода, чойҳои ифтихориро соҳибшуданд...

ХАБАРҲОИ ВАРЗИШӢ.
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон мусобиқаи футбол байни наврасони синнашон 14-15 баргузор гардид.
Дар мусобиқаи дастаи маҳаллаи «Ч. Мирзоқодирова»  маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори  чойи аввал, «Кайҳоннавардон» чойи 2-юм, «Ургут» чойи-3-юм гашта, бо туҳфа ва диплом қадрдонӣ шуданд.
 
4 август дар байни муассисаҳои томактабии шаҳр бозии шавқовари «Офарин» шуда гузашт, ки дастаи муассисаи таҳсилти томактабии №2 чойи 1, муассисаи таҳсилти томактабии №16 чойи 2-юм, муассисаи таҳсилти томактабии №18 ва №10 сазовори чойи 3-юм гардиданд...
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню