Маориф - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Маориф

Оид ба натичаҳои фаъолияти шуъбаи маориф ва муассисаҳои тобеи он дар соли 2015 ва вазифаҳо дар соли 2016.
Шуъбаи маорифи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва муассисаҳои тобеи он дар  соли 2015  ҳуччати асосии соҳа - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф»,  дигар ҳуччатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии вобаста ба соҳаи маориф, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, Раёсати маорифи вилоятро дастури амали худ қарор дода, болобарии сифати таҳсилот, тарбия, мақсаднок истифода бурдани вақти фориғии мактаббачагон, ташкил ва гузаронидани олимпиадаҳои фанниву фосилавӣ, таъмини иштироки довталабон  дар даври сеюм ва чоруми  олимпиада,  тайёрии намунавӣ ба чашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Рӯдакӣ, Зодрӯзи Ҷалолиддини Румӣ  ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ, ба мисли «Соли оила», маҳфили «Зарифон», фестивал озмуни «Хандаи ҳусн - чилваи чакан» чамъбасти соли таҳсил, ташкил ва гузаронидани машваратҳои омӯзгорон, тайёрӣ ба соли нави таҳсил, ба дарачаи баланди тарбиявию ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои 24 -солагии Истиқлолияти давлатии Точикистон, 21- солагии Рӯзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон , Рӯзи Парчами миллӣ, чашни Меҳргон, чиҳати дохил шудан ба донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбии дохили кишвар дохил шудан ба воситаи Маркази миллии тестӣ, ҳамчунин  равон намудани хатмкардаҳои соли 2015 ба донишгоҳҳои олӣ ва  коллечҳои  хоричи кишвар,  чалби хонандагон ба таҳсил,  ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон   ва дигар тадбирҳои ба болобарии сифати дониши шогирдон мусоидаткунанда корҳои муҳим анчом доданд. 
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин давра  аз чониби аҳли маорифи шаҳр илҳом аз  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (23 январи соли 2015),  чорабиниҳои таърихии 24-солагии Истиқлолияти давлатии Точикистон ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва ба тавсиб расидани марҳилаи дуюми “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2015 - 2020”, “Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, “Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, “Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабӣ” мебошанд, ки онҳо барои рӯҳбаландии аҳли зиё ва тарҳрезии фаъолияти минбаъда шароити хуб фароҳам оварданд.
Дар соли 2015   дар ҳудуди шаҳр 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ,  4 литсей ва 1 гимназия бо чалби 23 ҳазору 118 нафар хонанда ва 17 муасссисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо чалби 2 ҳазору 846 нафар кӯдакон фаъолият намуданд.
Дар  соли  2015 дар муассисаҳои таълимии шаҳр  чунин шумораи омӯзгорон кор ва фаъолият намуданд:
Ҳамагӣ омӯзгорон 1051 нафар, аз чумла занон- 658 нафар.
Бо маълумоти олӣ- 748 нафар, аз чумла занон- 357 нафар.
Бо маълумоти миёнаи касбӣ  303  нафар, аз чумла занон - 183 нафар.
Бо дарачаи тахассусии олӣ 278 нафар, аз чумла занон- 189 нафар.
Бо дарачаи тахассусии якум 194  нафар, аз чумла занон- 145 нафар.
Бо дарачаи тахассусии дуюм 105  нафар, аз чумла занон- 91 нафар.
Омӯзгорони бедарача   474  нафар, аз чумла занон- 292  нафар.
Дорандагони нишони «Аълочии маорифи Точикистон»  43 нафар, аз чумла занон - 28  нафар.
Командони шоистаи Точикистон  2  нафар, аз чумла занон- 1  нафар.
Мутахассисони чавон  218  нафар, аз чумла занон- 131 нафар.
Донишчӯён 21  нафар, аз чумла занон- 15 нафар.
Масъалаи таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои таълимию томактабии маорифи шаҳр ҳалли худро ёфтааст.                     
Шуъбаи маорифи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  дар давоми  соли 2015 12 мачлиси Шӯрои навбатӣ ва 1 Шӯрои ғайринавбатӣ  доир намуда, дар он 109 масъала, аз чумла 64 масъалаи нақшавӣ, 28 масъалаи соҳавӣ 17 масъалаи аз мақомот пешниҳодгардида баррасӣ намуда, нисбати ҳар кадоми онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуда, ба муассисаҳои тобеъ ирсол намуд. Ичрои қарорҳои қабулнамуда таҳти назорати доимии шуъбаи маорифи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор гирифта шудааст.     
Таҳлили вазъи  компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр нишон медиҳад, ки мутобиқ ба   қарори раиси шаҳр аз 18 ноябри  соли 2010, № 583  «Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 октябри соли 2010, № 296 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 сентябри соли 2010, № 416 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои 2011-2015»  нақшаи таъминот ҳамагӣ 101%  ичро гаштааст.  Муассисаҳои таҳсилотӣ то 30 декабр бо 725 адад компютерҳои таълимӣ таъминанд. Як қисм муассисаҳои таълимӣ, аз қабили: Литсейи давлатии № 1, литсейи физикӣ – математикии “Ориёно”, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № №  6, 8, 10, 12, 14  бо шабакаи Интернет пайваст мебошанд.
 

 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню