ИФРОТГАРОӢ-ЧАҲОЛАТ АСТ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ИФРОТГАРОӢ-ЧАҲОЛАТ АСТ

Аз бостонзамон то имрӯз халқи тоҷик бо инсондӯстии хеш шинохта шуда, дар ин замина мачмуи талаботи ахлоқиро кор карда баромадааст, ки он пурра ба тарбия ва камолёбии инсон ихтисос ёфтааст. Ҳамчун сарчашмаи парвариши руҳу чисми одам дар тӯли ҳазорсолаи охир ақидаҳои инсонпарваронаи бузургмардони миллати мо ба башарият хидмат кардаанд. Ин омили ифтихорӣ сарчашма ба ду тамаддуни инсонӣ-тамадуни ориёӣ ва исломӣ дорад, ки халқи тоҷик дар шаклгирии ин ду тамаддун нақши бориз дорад.
Дар замони муосир бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин сарчашмаҳо таваччуҳи хоса зоҳир гардида, аз уқёнуси баҳри бекарони ҳикмати тоҷикӣ-форсӣ дурри шаҳвор ба каф оварданд ва дар хидмати чомеа қарор доданд. Чашмандозе ба ибтикороти кишвар дар самти эҳёи анъанаҳои миллӣ, густариши ваҳдат дар чомеа, таҳкими истиқлолият, равобити ҳасана бо тоҷикони бурунмарзӣ ва истифодаи тачрибаи чаҳонӣ дар сохтмони давлати дунёвӣ, демократӣ собит месозад,ки роҳи дурусти давлатсозиву миллатсозӣ интихоб шудааст. Раҳбарияти олии кишвар дар фаъолияти хеш инсонро меҳвари асосӣ дониста, аз нигоҳи ҳуқуқи сиёсӣ, ичтимоӣ, фарҳангӣ, эътиқодӣ ва ғайра барои сокинони мамлакат имкониятҳои баробар ба вучуд оварда, шудаанд, ки ин ҳама устувор дар пойбасти гуманизми тоҷикона қарор дорад.
Аз ҳама муҳим он аст, ки дар хислат ва андешаи мардуми тоҷик инсонбадбинӣ, миллатчигӣ чой надорад. Экстримизму тундгароӣ низ дар фарҳанги ин миллати некбину некдил чой надорад. Аммо дар охири қарни гузашта ва ибтидои садаи ХХ1 чараёнҳои ифротӣ ба сари мардуми табиатан беозори тоҷик бор шуда, бадбахтиҳои зиёде ба бор оварданд. Қувваҳои манфиатчӯи  муайян ба эҳсоси эътиқоди халқ нохун зада, бо роҳи найрангбозии сиёсӣ ҳар гуна чараёну равияҳои гӯё мазмуни динидошта, вале дар асл ифротиро дар чомеаи мо густариш доданӣ мешаванд ва ба ин васила вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ноором кардан мехоҳанд.
Чаро? Зеро кишвари мо аз нигоҳи чуғрофӣ дар мавқеи бархурди манфиатҳои шарқу ғарб чойгир буда, абарқудратҳо мехоҳанд, кишвари моро дар ҳолати дастнигарӣ қарор дода, ҳадафҳои геополиттикии хешро амалӣ намоянд. Барои ҳамин мо бояд ҳамеша вазъи чаҳонро пеши рӯ дошта бошем, онро таҳлил карда, хулосаҳои дуруст барорем.
Ифротгароӣ ва фанатизми динӣ дар баъзе нуқоти чаҳон доман густурда, чомеаи чаҳонро ба ташвиш овардааст. Ин падидаи номатлуб хоси тафаккури миллии мо набуда, баракс ба арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ бегона аст. Таваччуҳ ба ин масъала ва гаравиши чавононро ба ин чараёнҳои ифротӣ пешгирӣ кардан ҳамеша рӯзмарра аст ва ба ормонҳои башарият созгор мебошад. Аммо қувва ва чараёнҳои муайян ва доираҳои сиёсие низ ҳастанд, ки ин падидаҳои номатлубро либоси динӣ ва миллӣ мепушонанд ва ба ин васила ҳадафҳои гегемонӣ ва геополитикии хешро амалӣ кардани мешаванд. Ба ин васила вазъи чаҳонро ноустувор мекунанд. Аз як тараф тамаддунҳоро ба ҳам муқобил гузошта, дар заминаи ақоиди динӣ дар байни аҳли башар тухми нифоқ мекоранд. Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ин маъниро таъкид карда, даъват ба амал овард, ки  аз нигоҳи сиёсӣ зирак бошем ва манфиатҳои давлативу миллиро дар кору рафтори хеш ҳифз намоем. Аз ин рӯ, дар назди мо вазифа меистад, ки ба тарбияи чавонон таваччуҳи бештар равона карда, парда аз рӯи бозиҳои сиёсӣ бардорем. Ба чавонон фаҳмонем, ки Давлати исломии Ироқу Шом дар асл дини мубини исломро тарғиб намекунад, балки бо амалҳои зиддиинсонӣ дини исломро доғдор ва дар назари оламиён бад нишон медиҳад.
Сарбурӣ, оташ задани одамони зинда, рабудани одамон ва сабт карда, дар шабакаҳои чаҳонии интернет паҳн кардани амалҳои зишташонро ҳадаф он аст, ки мардуми шарқу ғарб аз ҳам фосила бигиранд. Чудоӣ бичӯянд ва халоъи ба амал омадаро бо мафкураи асримиёнагӣ пур карда, инсониятро ба вартаи бетаг тела бидиҳанд. Ба ин хотир дар Осиёи Марказӣ чараёну гурӯҳҳои ифротгароро созмон дода маблаггузорӣ мекунанд. Билохира мехоҳанд оромиро дар кишварҳои Осиёи марказӣ, махсусан Тоҷикистон  ноором кунанд. Ба ин хотир як силсила чараёну равияҳои тундгаро аз қабили «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва ғайра таъсис дода, фаъолияти онҳоро роҳандозӣ кардан мехоҳанд. Ин хатари бисёр чиддӣ аст. Пеши роҳи онро аҳли чомеа, ҳамаи ниҳодҳои давлативу чамъиятӣ, хусусиву эътиқодӣ дар мачмуъ мардум бояд бигиранд. Зеро ин раванди носолим ба бархурди тамаддунҳо оварда мерасонад. Ҳол он ки тамадунҳои башарӣ имкон фароҳам оварда метавонанд, ки инсонҳо боз ҳам дӯсттар шаванд. Аз дастовардҳои илмию амалии хеш ба хотири созандагӣ истифода баранд.
Падидаи номатлуби дигар миллатгароӣ (фашизм) мебошад, ки дар таърихи башарият маҳкум шуда дар огози асри иттилоот дар Украина хуруч карда, як кишвари ободро ба харобазор табдил доданд. Равобити минтақаҳои гуногун канда шуда, мардум аз нигоҳи иқтисодиву сиёсӣ фарҳангиву ичтимоӣ зарар диданд. Муҳимтарин арзишҳо, аз чумла, саҳми халқҳои Шуравӣ дар чанги зидди фашизм беарзиш қаламдод гардида, баракс онҳое, ки фашизмро дастгирӣ мекарданд, қаҳрамон нишон медиҳанд, ки ин дар арафаи 70 солагии ғалаба бар фашизм қобили қабул нест. Амалҳои ноороми Украина вазъи чаҳонро ноором карда, даҳҳо ҳазорро бехонаву дар,  зиёда аз миллион нафарро ба муҳочират кашид ва ин боиси ташвиш дар кишварҳои пасошӯравӣ ва тамоми дунё гардид. Барои ҳамин ҳам мо бояд миллатчигӣ (национизм,-фашизм)-ро маҳкум карда, адолати ичтимоӣ ва баробариву бародарии одамонро дар кишварамон устувортар намоем.
Собиқ Вазири амнияти Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Андропов фанатизми динӣ ва миллатчигиро дуо омили фалачкунандаи сохторҳои давлатӣ номида буд. Аз ин рӯ, вазифа меистад, ки аз ин хатарҳои воқеии дунё давлату миллатамонро эмин нигоҳ дорем. Ғояҳои инсондӯстӣ, ватанпарварӣ ва мафкураи миллиро тарғиб сохта, аз нигоҳи қонун баробар будани одамонро аз ёд набарем ва баҳри ободии кишвар, озодии мардум густариши арзишҳои милллӣ ва башарӣ дар Тоҷикистони офтобрӯя ноил  шавем. Миллати соҳибхираду фарҳангӣ ва соҳибтамаддун буданамонро бо кори амалии содиқона нишон диҳем.
 
Шаҳриёр  

 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню