Ҷавонему дили гарми ҷаҳонем - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҷавонему дили гарми ҷаҳонем

 «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу суббот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба чо овардан аз чумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем».                
 Эмомалӣ РАҲМОН
Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки имрӯз мо ҷавонон қувваи пешбарандаи давлат ба ҳисоб рафта, баҳри рушду нумуи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузорем. Мо ҷавонон имкон дорем, ки бо истифода аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар гӯшаву канори дунё таҳсили илм намоему мутахассиси арзанда гардида, баҳри рушду нумуи Ватани азизамон хизмати шоиставу содиқона намоем.
Мо ҷавонон ифтихор аз он дорем, ки чунин ватани азизу маҳбуб, орому осоишта ва соҳибистиқлол насиби мо гардидааст. Ҷавонони гиромӣ ҳамин соҳибистиқлолию осоиштагӣ ва оромӣ аст, ки мо озодона сухан мегӯему дар  муассисаҳои олии кишвар ва хорич аз он касб меомӯзем. Имрӯзҳо Ҳукумати кишварамон баҳри мо ҷавонон тамоми шароитҳои мавчударо муҳайё намудааст.
Ман ҳамчун як ҷавон суханрониҳо ва ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони даврони Истиқлолиятро, ки дар атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша мекунанд хуш мепазирам. Ин далел аз ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишвар огоҳӣ медиҳад.
Боиси ифтихор ва хурсандиовар аст, ки ҷавонон бо дарки масъулияти баланд ва дониши замонавӣ тавонистанд,ки дар рушду нумуъ ва амнияту оромии чомеа саҳм гузошта, сазовори боварии Сарвари давлатамон ва Ҳукумати Точикистон гарданд. Зимни суханрониҳояш Чаноби Олӣ қайд карданд, ки «Ман ба ҷавонони бонангу номус ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорам, бо онҳо ифтихор мекунам, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд».
Ростӣ, чойи таассуф аст, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳи мо ба ин ҳама ѓамхориҳои падаронаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои ҳамачонибаи Ҳукумат, арч нагузошта,шомили ҳар гуна гуруҳҳои экстремистӣ, терористӣ ва ифротгароӣ мешаванд. Ман бо боварии комил ва иродаи мустаҳакам мегӯям, ки мо аз он гурӯҳ ҷавононе нестем, ки фирефтаи хоҷагони хоричӣ гардем. Мо бо нияти нек ва дилпурона гуфта метавонем, ки баҳри гулгуншукуфӣ ва ободу хуррам  гардондани Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорем. Имрӯз мо ҷавононро зарур аст, ки дар пойдории давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки барои ҳар як мо шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардааст, муттаҳид бошем.
Сарвари давлатамон чаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як пайёму баромадаҳояшон мо ҷавононро захираи «тиллоии миллат», «неруи асосии кишвар» ва «пешбарандаи кору фаъолияти насли калонсол» номида, дар руҳияи, ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, самимона дӯст доштани Ватан тарбия намуда истодааст. Ва аз мо ҷавонон ҳачун насли ояндасоз эҳтирому эҳтиёт кардан, арч гузоштан ба пояи асосии давлати миллӣ, забони давлатӣ, омӯхтани таъриху тамаддуни бостонӣ сухан мегӯяду боисрор талаб менамояд. Мо ҷавонон бо итминони комил ва бо умеди ояндаи нек талабу дархостҳои Сарвари давлатамонро аз сидқи дил дастгири намуда, сармашқи кор қарор дода, аз як гиребон сар бароварда, барои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният камари ҳимат баста, аз пайи амалӣ намудани он мешавем. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хочагӣ, иқтисодиёт, илму маърифат, маънавиёт ва ахлоқу одоби ҳамида, кӯшиш ба харч диҳем.
Эмомалӣ Набиев-донишчӯӣ соли
сеюми факултаи таърих ва ҳуқуқ     

 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню