Табиат низ тарбиятгар аст - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Табиат низ тарбиятгар аст

Табиат низ тарбиятгар аст
Шиносоии кӯдакон ба табиат воситаи муҳими тарбия ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо ба ҳисоб меравад. Агар корҳои мураббӣ  дар ин самт дуруст ба роҳ монда шавад, пас  он барои инкшофи шуур, нутқ, ҳамзамон  барои  тайёр кардани кӯдак ба мактаб ёрӣ мерасонад.
Инсон аввалин тасаввуротро доир ба табиат аз хурдсолӣ пайдо менамояд. Шиносоӣ бо табиат яке аз қисмҳои асосии кори педагогӣ буда, дар чараёни он як катор вазифаҳои таълиму тарбия, ки дар барномаи таълим ва тарбия дар боғчаи бачагон дар боби шиносоӣ бо табиат муайян карда шудааст, ҳал карда мешавад.
Дар кӯдакистон тағйиротҳоеро, ки дар фаслҳои гуногуни сол ба вучуд меояд, фаҳмонида дар кӯдакон чунин сифатҳо, воқеӣ фаҳмонидани ҳодисаҳои табиат, донишдӯстӣ, маҳорати мушоҳида кардан, фикрронии мантиқӣ, муносибати эстетикӣ ба ҳамаи гулҳоро ташаккул додан лозим аст. Муҳаббат ба табиат, муносибати эҳтиёткорона ба он, ғамхорӣ ба мавчудоти зинда на танҳо шавқу ҳавасро ба табиат, балки сифатҳои беҳтарини  ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмат кардани меҳнати калонсолон, муҳофизат ва зиёд кардани бойигариҳои табииро ба вучуд меорад. Барои шинос кардани кӯдакон бо табиат ва тарбия кардани муҳаббат ба он гӯшаи табиате, ки дар ҳар як гурӯҳи боғчаи бачагон мавчуд асту дар он растаниҳои хонагӣ, баъзе ҳайвонотҳо нигоҳ дошта мешаванд, ёрӣ медиҳад. Кӯдакон бошандагони гӯшаи табиатро ҳар рӯз мебинанд, таҳти роҳбарии мураббия ба онҳо нигоҳубин намуда, доимо аз паси онҳо мушоҳида мебаранд, ки ин кори мураббияро доир ба шиносоии кӯдакон бо табиат осон мегардонад. Кӯдакон дар вақти гӯшаро нигоҳубин кардан  дар бораи растаниҳои гуногун ва олами ҳайвоноти рӯи замин тасаввурот гирифта мефаҳманд, ки растанию ҳайвонот чи хел афзоиш ва инкишоф меёбанд ва барои онҳо чӣ гуна шароит фароҳам овардан лозим аст. Мураббияро лозим аст, ки дар вақти банақшагирии корҳо оид ба шиносоӣ бо табиат, дарачаи дониш ва малакаю маҳорати кӯдакони гурӯҳи худро ба назар гирад.
ҒОЛИБ БЕРДИЕВ, омӯзгори МТМУ №4 
 

 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню