Китоб – манбаи дониш - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Китоб – манбаи дониш

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
 
«Китоб ҳамчун  шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои  поку  бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани  ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад»
 
                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон
 
Воқеан, китоб  арзишмандтарин гавҳар аст. Китоб инсонро соҳиби илму дониш, маърифат, ақли буро гардонида, ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Шахси китобхон  танҳоиро ҳис  намекунад, чунки бо адибон ва шоирону нависандагон суҳбат карда, сайри дунё  месозад.
Мавлоно Биноӣ дар бобати китоб чунин баён намудааст:
 
Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ,
Ки  мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ.
Роҳатафзои  ҷону роҳати дил,
Ҳарчи  дилхоҳи  туст, аз ӯ ҳосил.
Инчунин ҳамдами латиф кӣ дид,
Ки на ранҷа диҳад, на  ранҷонид.
 
Ин неъмати бебаҳо инсонро кушода ва  руҳашро  болида мегардонад. Мо бояд, китобро  мисли  падару модар ва Ватани азизамон Тоҷикистон дӯст дошта, ҳифз намоем. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барҳақ гуфтааст:
«Бидонед, ки китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаҳои  мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд, ӯро  ҳимматбаланду қадршинос  мегардонад. Эҳтиром ба Ватан, ифтихор бо Тоҷикистони азиз, дӯст доштани ҳар  гӯшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар кардани  мазмуни матнҳои он ба даст меояд».
Ҳар фарде, ки  бештари вақти худро ба мутолиаи китоб сарф карда, ҳамеша дар талаби илм аст, дар ҷомеа беҳтарин шахс ба ҳисоб  меравад. Доштани илм ва ба касе чизеро омӯзондан барои одами соҳибақл фарз мебошад.
Китоб хондан ба ҳар  як  инсони бофарҳанг   манфиати хуб меорад. Кӯдакон аз айёми тифлӣ ба  хондани китоб машғул шаванд, то ба  камол расидан бисёр чизҳоро омӯхта  мегиранд.
Ҳамаи чизи рӯи дунёро ба  осонӣ ба даст овардан мумкин аст.
Дар ватанамон  китобхонаҳои зиёд бо  шароитҳои хуби  донишомӯзӣ фаъолият менамоянд. Ҳоло ман  донишҷӯ ҳастам, тамоми  супоришҳое, ки аз тарафи устодон дода мешавад, бе ягон  мушкилӣ ба китобхонаҳо омада, китобҳои  лозимаро дастрас гардонида  мутолиа  менамоям.
Ҳар фарде, ки  бештари вақти худро ба мутолиаи китоб сарф карда, ҳамеша дар талаби илм аст, дар ҷомеа беҳтарин шахс ба ҳисоб  меравад. Доштани илм ва ба касе чизеро омӯзондан барои одами соҳибақл фарз мебошад. Алӣ Бобоҷон фармудааст:
 
Беҳтар зи китобхона  ҷое  набувад,
Хуштар зи китоб ошное набувад.
Дар даҳр барои рафъи  амрози вуҷуд,
Монанди  мутолиа давое набувад.
 
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки мутолиаи китоб фарҳанги моро васеъ мегардонад. Ман  китобро дӯсти ҳақиқии худ  мешуморам ва ҳамеша ба китобхонӣ машғул  мешавам. Дар дунё ҳамаи инсонҳо омӯзгорон, хонандагон, духтурон, профессорон ва олимон аз  китобхонӣ ба мартабаи баланд  расидаанд. Мо  инсонҳои комил бояд ба қадри  китобҳое, ки адибон ба мо мерос  гузоштаанд расем.
Зеро китоб оламу одамро дигаргун месозад. Вақте, ки ман китобро дар даст мегирам, эҳсосе маро  фаро мегирад, намехоҳам дигар  китобро ба ҷояш гузорам. Мехоҳам ҳамеша дар барам китобе дошта  бошам ва ҳамавақт бо ман бошад. Ман ба ҳамаи инсонҳо гуфтаниям, ки китобро ҳеҷ гоҳ хор накунед ва ҳамеша дар роҳи ҷустани илму дониш бошанд.
 
Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату  озор китоб аст, китоб.


 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню