Муаллимаи меҳрубон Ҷамилабону Ризоматова - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Муаллимаи меҳрубон Ҷамилабону Ризоматова

Ӯ занест табиатан ҳалиму хоксор ва хушрафтору озодакор. Дар ҳама ҷо ва дар ҳама кор тартибу низомро мепарастад, ҳалолкориро меписандад. Хирадвару маърифатоин аст. Аз омӯхтан, аз талаби илм лаҳзае фориғ нест, ин ҳикмати баргузидааш аст. Дар баробари он ки худ раҳнамою ҳидоятгари ҳамагон аст, машварату маслиҳат бо ҳамкорону дӯстонро ба ҷон меписандат. Дӯст медорад ба такрор ёд овардани ин ҳикматро: «Дар ҳама кор машварат бояд, кори бемашварат наку н-ояд.» Ӯро ҳама хуб мешиносанду эҳтиром мекунанд ва аксаран бо хитобаи пурмеҳри «Устод» ё «муаллимаи меҳрубон» муроҷиат мекунанд. Ин зани накусиришт ба эҳтироми ҳамагон ва ба шарафмандию соҳибобрӯӣ тавассути хулқу атвори нек ва рафтору кирдори ҳамидаву фаъолият ба манфиати мардум ноил гардидааст. Соҳибдил аст, диле дорад саршор аз хирад ва авсофи ҳамида. Саволе ба миён меояд, ки ин бонуи соҳибфазилат ва озодарӯзгор кӣ бошад? Ин устоди сахтгиру ғамхор, модари азизу дӯстдоштаи ҳамаро Ҷамилабону Ризоматова ному насаб аст. Пешаи омӯзгорӣ дорад ва аз ин мефахрад. Ба ақидаи Ҷамилабону Ризоматова, таълиму тарбия накутарин амал дар зиндагист, зеро тавассути таълиму тарбия инсон ташаккулу камол меёбад, комёбу муваффақ мегардад, ба ҷомеа нафърасон мешавад. Ба эҷодкориву созандагӣ даст мезанад, ҳаёти бошууронаву фаъол ба сар мебарад.
Ҷамилабону Ризоматова дар соҳаи маориф собиқаи беш аз сисола дораду таҷрибаи зиёд андӯхтааст. Ба қавле, илми таълиму тарбияро баробари панҷ панҷааш медонад. Фаъолияташ зина ба зина рушд ёфтааст. Ин зани озодаву хирадманд дар вазифаҳои омӯзгори забони русии як мактаби ноҳияи Панҷ, мактаби рақами 7-и шаҳри Қӯрғонтеппа, аввалин литсеӣ дар вилояти Хатлон – литсейи рақами 1-и шаҳр, ки ҳоло дар ин ҷо кор карда истодааст, иҷрои вазифаи омӯзгории фанни забони русиро пеша кардааст. Ногуфта намонад, ки Ҷамилабону Ризоматова чандин сол вазифаи сарварии литсейи рақами 1-ро низ ба уҳда дошт ва дар давраи сарварии ӯ ҳар сол шогирдон дар олимпидаҳои фаннӣ дар шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ сазовори чандин медалҳои тиллову нуқра ва биринҷӣ мегардиданд. Яке аз шогирдони Ҷамилабону Шоистабону Сангинова, ки мактаби олиро низ бо дипломи аъло хатм кардааст, имрӯз давомдиҳандаи кори устодаш-сарвари литсейи рақами 1-мебошад.Сабку услуби хоси муаллима дар таълиму тарбияи хонандагон, тозакориаш ва лаёқатмандиаш созгор ба он гаштааст, ки шогирдонаш ҳама фаъолу пешсаф бошанду дар забондони мумтоз.Ҷамилабону Ризоматова зодаи ноҳияи Панҷ мебошад. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бомуваффақият хатм кард. Дар вақти таҳсил дар мактаб ӯ орзуи муаллимаи забони русӣ шуданро дошт. Барои ҳамин ҳуҷатҳояшро ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи омӯзгории ба номи А. Рӯдакии шаҳри Кӯлоб супорида, имтиҳонҳои қабулро бо сарбаландӣ супорид ва сазовори номи донишҷӯи мактаби олӣ гардид.  Ҳамин тавр, таҳсил дар Донишкада ҳам бо мувафақият гузашта, Ҷамилабону сазовори номи баланд – омӯзгорӣ гардид. Чанд сол  дар зодгоҳаш омӯзгори фанни забони русӣ шуда кор кард.Соли 1986 ба сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ба шавҳар баромада, ба маркази вилоят – шаҳри Қӯрғонтеппа омад. Шуъбаи маориф ӯро муаллимаи фанни забони русии мактаби рақами 7 таъин кард Ҷамилабонуи кордону фаъол дар як муддати кӯтоҳ дар ҷойи нави корӣ низ шуҳратёр гардид.Соли таҳсили 1998-99 ба тариқи аттестатсия ба кор ба литсейи рақами 1-и шаҳр мегузарад. Чанд сол омӯзгори фанни забони русӣ шуда дар литсей бо муваффақият кор мекунад. Баробари дарсҳои асосӣ бо шогирдон дарсҳои иловагӣ гузаронда, онҳоро ба имтиҳону – олимпиадаҳои шаҳриву вилоятӣ,ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳаматарафа тайёр менамояд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Меҳнати ҳалол натиҷаи хуб медиҳад.» Шогирдони устоди сахтгиру ғамхор дар олимпиадаҳои Ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, номи шаҳру вилоят ва ҷумҳурии соҳибистиқлолро баланд мебардоранд. Наргис Раҳматова дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон, Зарина Алиева дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, Лобар Сиддиқова дар пойтахти Русия шаҳри Москва дар олимпиадаҳои байналхалқӣ аз фанни забони русӣ баромад карда, сазовори медали тиллову нуқра гардиданд.
Бале, дар ҳақиқат Ҷамилабону Ризоматова, зани хоксору бомаърифат, инсондӯст шоистаи таъриф аст. Ӯ низ чун шогирдон дар чандин озмунҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷои аввал гардидааст. Ӯ бори аввал соли 2005 дар озмуни вилоятии «Муаллими маърифатомӯз» иштирок карда, бар ҳама ҳарифонаш аз ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят дастболо шуда, сазовори ҷои аввал гардид. Соли таҳсили 2005-2006 дар озмуни «муаллими сол»-аввал бар ҳарифонаш аз 12 мактабу литсейҳои шаҳр, баъд бар ҳарифонаш аз 24 шаҳру ноҳияи вилоят дастболо шуда, ба озмуни «Муаллими сол»-и ҷумҳурияви роҳхат гирифт. Озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол-2006» дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барпо гардид. Дар ин ҷо ҳам Ҷамилабону Ризоматова ба худ ҳарифи баробар наёфт. Ӯ сазовори ҷои аввал гардида, шуҳрати шаҳр ва вилояти Хатлонро баланд бардошт.
Бояд қайд намоям, ки дар мамлакати соҳибистиқлол ва гул-гулшукуфони мо меҳнати бобаракат ба ҳисоб гирифта мешавад. Зани хоксору меҳнатқарин Ҷамилабону Ризоматова барои меҳнати ҳалолаш бо чандин ифтихорномаҳои Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояту шаҳр, раёсати маорифи вилоят сарфароз гардонда шудааст. Ӯ Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Инчунин бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорандаи «Ҷоизаи президентӣ» дар соҳаи маориф мебошад.
Дар охир ба муаллимаи азизу меҳрубон Ҷамилабону Ризоматова хонаи ободу саломатии бардавом хоста ӯро бо фарорасии иди занон аз самими қалб муборакбод менамоем.
Мирзо Сулаймон  
30.01.2016 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню