Даври сеюми олимпиадаи фаннӣ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Даври сеюми олимпиадаи фаннӣ

Даври сеюми олимпиадаи фаннӣ, ки дар маркази  вилоятамон  шуда  гузашт, анҷом  ёфт.  Аз шаҳри Қӯрғонтеппа  дар ин чорабинии  хеле  муҳим 120  нафар  хонандагони фаъол, ғолибони даври дуюм  ширкат варзида, дониши худро  мавриди  имтиҳон  қарор доданд.  Чуноне  аз  суҳбат  бо мудири  кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳр Фирӯза  Содиқова  маълумамон гардид, хонандагони  муассисаҳои таълимии шаҳр  дар ин озмун  тавонистаанд,  ки 41  медал  ба  даст оварда, ҳамзамон 13 ҷойҳои  ифтихориро  ноил  гарданд  ва дар маҷмуъ  соҳиби 54  роҳхат ба олимпиадаи фаннӣ, ки дар сатҳи  ҷумҳурӣ мегузарад, шаванд. Соҳиби 19 медали биринҷӣ, 13 медали нуқра, 9 медали тилло  ва 13 ҷойҳои ифтихорӣ шудани  мактаббачагони  дабистонҳои  шаҳр  бори  дигар бозгӯи он  аст,  ки омӯзгорони  муассисаҳои  таълимии шаҳр  масъулияти баланде, ки омӯзгор дар назди  шогирд дорад,  ба  хубӣ  адо мекунанд  ва то ҷое,  ки имкон ҳаст, дониш, нерӯ  ва  қобилияту истеъдодашонро истифода намуда, дар омода кардани шогирдони  мусаллаҳ бо донишҳои  замонавӣ  саҳми арзанда  мегузоранд. Чуноне  Фирӯза  Содиқова  изҳор доштанд, дар ин  олимпиадаи фаннӣ бештар хонандагони  литсейи  рақами 1-и  шаҳр, бо ба  даст овардани 13  медал ва  2  ҷойи ифтихорӣ, мактаб-интернати физикӣ-математикии «Ориёно»  бо мушарраф  шудан ба 5  медал  ва 3  ҷойи ифтихорӣ, мактаби  бачагони  болаёқати шаҳр  6  медал  ва 4  ҷойи  ифтихорӣ фаъол буданд. Ҳамчунин  дар  даври  сеюми  олимпиада  хонандагони  муассисаҳои  таълимии №№ 12,6,7,3,9,2,11  низ иштироки хуб доштанд.  Мавриди  зикр аст,ки хонандагони  литсейи рақами 1, «Ориёно», муассисаи таълимии бачагони болаёқати  шаҳр   натиҷаҳои  хубро  дар ин  даври олимпиада  ноил гаштаанд,  ки ин  нишони дуруст ба роҳ монда шудани низоми таълиму тарбия  дар ин муассаҳои  таълимӣ аст. Чуноне  таҳлили  иштироки хонандагон дар озмунҳои  фаннӣ  собит мекунад, ҳастанд  муассисаҳои  таълимие,  ки дар озмунҳо  агарчи хонандагонашон  ширкат гирифтаанд, вале  соҳиби медал ва  ё  ҷойи  ифтихорӣ нашудаанд. Номбар   кардани  чунин  муассисаҳои  таълимӣ,  ки лоақал  як  нафар  хонандаашон  дар даври  сеюми олимпиадаи фаннӣ  соҳиби  медал ва  ё  ҷойи ифтихорӣ нашудааст, ҷоиз  нест, аммо бояд коллективҳои  омӯзгории  ин  муассисаҳои  таълимӣ  аз натиҷаи озмунҳои  фаннӣ  хулосабарорӣ намоянд  ва  дар оянда  кӯшиш созанд,  ки раванди  таълиму  тарбияро дар муассисаҳои  таълимӣ ҷоннок  гардонида, ҷиҳати баланд гардидани  сифати донишандӯзии шогирдон ба  саҳлонгорӣ  роҳ  надиҳанд.    Чуноне Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои  Миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар мулоқот  бо аҳли зиё, маорифчиён таъкид менамоянд,  соҳаи маориф,- соҳаи калидӣ,афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа  маҳсуб меёбад  ва омӯзгорон  дар таълиму тарбияи шогирдон  ҳаққи  хато карданро надоранд.
         Мавриди  зикр  аст,  ки  29  фоизи медал  ва  ҷойҳои  ифтихории  ишғолшударо дар сатҳи  вилоят  хонандагони  муассисаҳои  таълимии шаҳри  Қӯрғонтеппа   ноил  гаштаанд  ва  ин нишондиҳанда  дар қиёс  бо соли  2014  зиёд  буда, дастоварди  хуби   маорифчиёни шаҳр   арзёбӣ мешавад.  
Оймоҳ  Ҳасанова
Аълочии Фарҳанги 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ташаббуси Умедҷон  Раҷабов  раиси Ургутмаҳаллаи шаҳр дар толори  тобистонаи   муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 бозии «футболи  хурд»  байни   11  дастаҳо  аз ҳисоби  наврасони  маҳаллаи  зикршуда,  ки аксаран  хонандагони  муассисаи  таълимии рақами 3-и  шаҳр маҳсуб меёбанд,  гузаронида  шуд.  Бозиҳо  аз  санаи 7  уми  моҳи  равон  оғоз  ёфта,  то  санаи 18-уми  январ  ҷараён  дошт. Мусобиқаи  варзиширо  байни  наврасон  футболбози  дастаи Хуҷанд, сокини  шаҳри  Қӯрғонтеппа  Аҳтам Ҳамроқулов  доварӣ намуда,  шаффофияти  мусобиқа  пурра  риоя  карда  шуд. Чуноне  мушоҳида  гардид,  дӯстдорони  ин бозии  зебои  варзишӣ  байни  наврасон  хело зиёд  аст. Ташаббускори  ин чорабинии   варзишӣ  Умедҷон  Раҷабов  изҳор  дошт,  ки ҳадафи асосии баргузории   бозии футболи  хурд  байни  наврасон   дар давраи таътили  зимистона  ба  он нигаронида шудааст,  ки  наврасон ҳарчи бештар ба  варзишг рӯ  оваранд  ва  вақти худро  зоеъ  нагузаронида, баръакс  шавқи  онҳо  ба  бозиҳои  варзишӣ  бедор карда  шавад.
Бо  мақсади  ҳавасмандгардонии  ғолибон  ва  иштирокчиёни  мусобиқаи  варзишӣ аз тарафи кумитаи Ургутмаҳалла  ифтихорнома, ҷоми  мусобиқа ва дигар тӯҳфаҳои  молӣ   омода  гардида буд. Пас   аз  анҷом  ёфтани  мусобиқа    ва  муайян  шудани  дастаи ғолиб, бозингарони  беҳтарин   бо  ҷоми  мусобиқа, ифтихорномаҳо  ва  туҳфаҳои  молӣ  қадр  шуданд.
Оймоҳ  Ҳасанова
Узви ИЖ  Ҷумҳурии Тоҷикистон
30.01.2016 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню