Комиссияи таблиғотӣ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Комиссияи таблиғотӣ

Вохурии комиссияи таблиғотӣ бо омӯзгорони муасисаҳои тахсилоти умумии рақами №10, 11  ва сокинони маҳалаи Кайҳонавардони  шаҳри Қӯрғонтеппа.
Комиссияи таблиғотии назди мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки зиёда аз ду сол боз фаъолият дорад, бо омӯзгорони муасисаҳои талимии умумии рақами 10 ва 11 –и шаҳр вохӯрӣ баргузор намуд. Вохуриро бо сухани ифтитоӣ роҳбари комиссия муовини раиси шаҳр Қосимова С   оғоз намуда, сарвал мӯҳтавои Пайёми навбатии Сарвари Ҷумҳурӣ ба Мачлиси Олиро ба иштирокунандагон тафсир намуданд. Кайд карда шуд, ки Пайём ҳамчун ҳуччати иловагии танзимкунандаи муносибатҳои чаъмиятӣ, тамоми мушкилои ҳалталаби чомеаро дар бар гирифта, роҳҳои бартарафсозӣ ва имкониятҳои воқеии расидан ба ҳадафҳои ба нақша гирфтаи барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳои давлатӣ мебошад. Дар Пайём оиди таъсиси 250 ҳазор чойҳои нави корӣ дар давоми соли сипаригардида, ва роҳҳои таъсиси ҳамин қадар чойҳои нави корӣ дар давоми соли чорӣ, ҳалли як қатор масъалаҳои ичтимоӣ, тадричан баланд бардоштани маоши кормандани соҳаи бучавӣ, тадричан пура  барқарор намудани  истеҳсолоти ватанӣ ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи ичтимоии шаҳрвандон ва боз ҳам кам намудани сатҳи кабизоатӣ дар кишвар, барномаи рушди маорифи ва дигар соҳҳаҳои ичтимоӣ, ки 50 фоизи бучаи давлат ба он равона карда шуда аст, ба таври мушахас нишон дода шуда аст. Ба ин хотир ҳар яки моро лозим меояд,ки Пайёмро сармашқи фаъолияти кории худ қарор дода, чиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати фаъолияти кориамон, даст назадан ба чиноятҳои характери коорупсионӣ дошта,  чорандешӣ намоем. Дар вохӯри ҳамчунин мӯҳтавои як қатор Қонунҳои Ҷумҳурӣ  аз кабили  «Танзими чашну маросимҳо дар Ҷумҳурӣ»  ва «Масулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд»  «Пешгирии зуроварӣ дар оила»  аз тарафи Қосимова С ба омӯзгорон ва дигар  иштирокчиёни вохӯрӣ фаҳмонда дода шуд. Дар ҳайати комиссияи таблиғотӣ намояндагони зиёда аз 30 ташкилоту корхонаҳои давлатӣ шомил ҳастанд ва дар вохурӣ иштирок наштанд. Иштирокчиёни вохӯрӣ имконият доштанд озодона оиди мушкилоташон ба намояндагон саволҳо дода, посухҳои мушахас гиранд.
Котиби матбуотии  Раис.
03.02.2016 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню