ҶСК «Трансформатор» ва ҶДММ «Меҳровар» - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ҶСК «Трансформатор» ва ҶДММ «Меҳровар»

Вохурии  гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо колективи кормандони корхонаҳои саноатии ҶСК «Трансформатор» ва ҶДММ «Меҳровар».
Аз тарафи гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Абдуллоев Искандар, аъзоёни гӯрӯҳ мудири шӯъбаи иқтисод Шоев А.  ва мутахасиси ин шӯъба Юсупов А.  дар корхонаҳои саноатии ҶСК «Трасформатор» ва ҶДММ «Меҳровар» ҷиҳати маънидодкунии мӯҳтавои нуқтаҳои Пайёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ирсол намуда,  вохӯрӣ баргузор карда шуд. Гурӯҳи корӣ дар баробари  шинос шудан бо рафти фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои номбурда, ҷиҳати маънидодкунии мӯҳтавои нуқтаҳои Пайёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо колективи корхонаҳо  сӯҳбат доир намуданд. Дар сӯҳбат аз  аҳамияти ҳалкунанда доштани истеҳсолоти ватанӣ  дар рафти амалисозии мақсадҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тадриҷан баланд бардоштани сатҳи некуавҳолии сокинони кишвар, ёдовар шуданд. Хусусан пешрафти асосии шаҳри Қӯрғонтеппаро бе пешрафти соҳаи саноати он тасавур намудан ғайриимкон аст. Ин аст,ки барномаи рушди тараққиёти иҷтимоӣ –иқтисодии шаҳр барои солҳои 2016-2020 қабул шуд ва дар асоси  ин барнома сатҳи истеҳсолот дар шаҳр  бояд ба давраи замони Шуравӣ баробар карда шавад. Дар давоми сӯҳбат колективи корхонаҳои мазкур аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ва хубтар бохабар шуданд. Аз тарафи гурӯҳ баргузории чунин вохуриҳо дар дигар корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди шаҳр  ба нақша гирифта шуда аст.
Котиби матбуотии Раис.
13.02.2016с.
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню