Озмуни харбӣ - ватандустии "Ватанпарвар" - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Озмуни харбӣ - ватандустии "Ватанпарвар"

Санаи 15-уми феврали соли 2016, Озмуни харбӣ -  ватандустии "Ватанпарвар" бахшида ба 23-солагии ташкилёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъбаст карда шуд. Озмуни мазкур аз 4 то 15 феврал бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Маориф, Комиссарияти ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва Шурои собиқадорони ҷанговарони башардуст бо иштироки 450 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳои шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид. Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур  ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ва ташкилотҳои ҳамкор қадр карда шуданд. 
Тиби нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 15 феврали соли 2016 дар қисми ҳарбии Сарраёсати кушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо сарбозон ва афсарон вохӯрӣ доир гардид. Дар чорабинии тантанави ба сарбозон ва афсарон, ки хизмати содиқона ба Ватан  доранд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа қадрдони карда шуданд. Ҳамзамон баҳри истироҳати сарбозон аз тарафи Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа барномаи фарҳанги намоиш дода шуд.
15.02.2016с.
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню