Комбинати шири шаҳри Қӯрғонтепппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Комбинати шири шаҳри Қӯрғонтепппа

Комбинати шири шаҳри Қӯрғонтепппа  яке аз корхонаҳои саноати сабуки шаҳр буда, лар замони шуравӣ таъмикунандаи асосии вилоят бо маҳсулоти ширӣ ба ҳисоб мерафт. Айни замон корхона бо иқтидори истеҳсолии пураи худ фаъолият накунад ҳам саҳми он ҳанӯз ҳам дар коркарди ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти  ватанӣ назарас аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷиҳати рушди соҳаи саноатӣ аз ҷумла, саноати сабук барнома ва нақшаи чорабиниҳои мушаххасро омода намуда, барои иҷрои онҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Яъне идома додани таъсиси корхонаҳои нави саноатии хурду миёна ва бузурги саноатӣ. Бунёди корхонаҳое, ки ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, пеш аз ҳама пахта, меваю сабзавот, гӯшту шир ва ғайра нигаронида шудаанд. Дар баробари ба истифода додани иқтидорҳои нави саноатӣ барои пурра барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷуда, хусусан корхонаҳои бузург, ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва бо ин васила ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро низ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа ин барнома ҳисоб мешаванд. Тавассути тараққӣ додани соҳаи саноат, истеҳсоли молу маҳсулоти хушсифат, ки натанҳо дар бозори дохилӣ, балки дар хориҷ аз вилояту кишвар харидор дошта бошанд, имкониятҳои содиротии шаҳрро васеъ кардан мумкин аст, ки ин ҳам яке аз мақсадҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад.
Котиби матбуотии Раиси шаҳр.

29.02.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню