Ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа

Рӯзи 1 марти соли 2016 тибқи нақша-чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба "Рӯзи модарон" дар ҳамкори бо шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа байни тарбитгирандагони муассисаҳои томактаби бозиҳои шавқовари "Офарин" гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур аз чор муассисаи томактабӣ, ки ҳайати дастаҳо даҳ нафариро ташкил медод, аз рӯи панҷ намуди шартҳои озмун кудакон бо як омодагии хуб иштирок доштанд. Ҳамаи иштирокчиён ва голибони чорабини бо Чом, диплом ва туҳфаҳои таъсис намудаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа кадрдони карда шуданд. Мақсад аз ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо тартибу ташвиқоти тарзи ҳаёти солим ва рушди тарбияи ҷисмони дар муассисаҳои томактабӣ мебошад.
1.03.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню