Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа» - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа»

Чорабиниҳои тарбиявӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии тарбия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Вазорати тандурустии   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2008, № 512 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрӣ ба роҳ монда шуда аст.Чорабиниҳои тарбиявӣ дар коллеҷ дар асоси нақшаи ягонаи чорабиниҳои тарбиявӣ, ки дар иттиҳодияи методии роҳбарони гурӯҳ муҳокима ва ба тасдиқ пешниҳод шудааст, гузаронида мешавад. Нақшаи мазкур дар асоси «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия  шудааст ва ҳама паҳлуҳои тарбияро дар гурӯҳ ба инобат гирифтааст. Аз рӯи  ҷадвали  махсус  тартибдодашуда  аз тарафи роҳбарони гурӯҳҳо машғулиятҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.Дар се  моҳи сипаригашта дар Коллеҷи тиббӣ чорабиниҳои зерин гузаронида шудааст.  Дар  санаи  20-уми январи    соли ҷорӣ донишҷӯён ва омӯзгорон тарики Оинаи нилгун Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро ба Маҷлиси  Олӣ тамошо карданд.  Аз санаи 26.01. то 05.02 соли 2016 аз тарафи роҳбарони гурӯҳ дарсҳои тарбиявӣ доир ба шарҳи мухтасари Паёми навбатӣ  маълумотҳо дода шуд. Дар санаи 21.01 соли 2016 маҷлиси пагоҳирӯзӣ доир ба  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро ба Маҷлиси  Олӣ    гузаронида шуд. Дар он директори  коллеҷ Нуриддинов А.Д. суханронӣ намуда,  оиди ҷабҳаҳои муҳими  Паёми навбатӣ гуфта гузаштанд. Дар баромади худ директори коллеҷ қайд намуданд, ки барои дар амал татбиқ намудани  самтҳои асосӣ, ки дар соҳаи маориф ва тандурустӣ  қабул карда шуд ҳаматарафа қушиш намуда, донишҷӯёнро  барои  хубу аъло таҳсил намудан, соҳибкасб шуда  ба халқу ватани азизи худ  софдилона   хизмат кардан ҳидоят намуд.Дар сани 12.02 соли ҷорӣ вохурии донишҷӯён ва омӯзгорон бо намояндагони Ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронида шуд. Дар он раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа баромад намуда  оиди пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ҳамроҳ нашудан ба гурӯҳҳои экстремистӣ  сухан гуфта онҳоро барои ҳифз кардани Ватани азизи худ, хештаншиносию меҳанпарастӣ ва ватандӯстӣ даъват намуд. Дигар иштирокчиён доир ба мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси  Олӣ  доир ба соҳаи маориф ва тандурустӣ  гуфта гузашта ҳамагонро ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳо руҳбалад гардониданд.
Дар санаи 15.02 соли 2016 маҷлиси падару модарони  донишҷӯён бо маъмурияти коллеҷ ва омӯзгорон гузаронида шуд. Дар он ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд  суханҳо гуфта шуданд.
Дар санаи 16.02. соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои накша-чорабиниҳои ҳукумати вилоят “Дар меҳмонии аскарбача” муовини директор оид ба корҳои таълимӣ  Умарова З.Ҳ. бо ҳамроҳии намояндаи ҳукумати вилоят Абдуллоева Х. ва намояндагони ҳукумати ноҳияи Хуросон дар қисми ҳарбии 06870 Б воқеъ дар Фахробод аз аскарбачаҳо  дидан намуданд.
Дар санаи 23.02 соли ҷорӣ вохӯрии донишҷӯён бо кормандони комисариати ҳарбии шаҳри Қӯғонтеппа гузаронида шуд. Аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳо аз санаи 7. 03 то санаи 19.03 соли 2016 машғулиятҳои тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар гурӯҳҳо гузаронида шуда истодааст.
Бахшида ба Иди Наврӯз чорабиниҳои варзишӣ аз қабили шашка, шоҳмот, дастхобонӣ ва тенниси рӯи миз ба нақша гирифта шудааст. Се нафар донишҷӯдухтарон дар озмуни вилоятии “Чеҳраи ҳусн” (намоиш додани либосҳои миллӣ) ширкат намуда истодаанд.
Аз санаи 16.02 соли 2016 - 800 нафар донишҷӯён дар чорабинӣ, ки  бахшида ба Иди Наврӯз  гузаронида мешавад иштирок намуда истодаанд. Дар айни ҳол тармим дар майдонҳои варзишии шаҳри Қӯрғонтеппа идома дорад.
Баҳри ободонӣ ва кабудизоркунии коллеҷи тиббӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа  хар ҳафта рӯзи шанбе  шанбегиҳо  бо иштироки фаъолонаи омӯзгорон ва донишҷуён  гузаронида шуда истодааст. 100 нафар донишҷӯёни мо дар ободонии майдонии 70-солагии Водии Вахш саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
 Доир ба мактубҳои воридгардида аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи ҷорӣ дар мӯҳлатҳои муайян гардида ҷавобҳо гардонида шуда истодааст.
 
ДАР СОЛИ 2016 БА НАҚША ГИРИФТА ШУДААСТ.
1.     Ташкил намудани  Маркази ягонаи тестии коллеҷ.
2.     Иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ ва тахассусӣ дар байни коллеҷу омӯзишгоҳҳои Вазорати Тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3.     Иштирок дар  Спартакиадаҳои  коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4.     Ба истифода дода шудани бинои нави таълимӣ  ва дар он:
5.     Ташкил намудани синфхонаҳои нави  таълимӣ.
6.     Ташкил намудани синфхонаҳои лексионӣ.
7.     Ташкил намудани толори варзишӣ.
8.     Ташкил намудани кафедраҳои нав.
9.     Кушодани лабораторияи таълимӣ  дар кафедраи тибби-биологӣ
10.   Бо аёниятҳои муосир, реактивҳо,  дигар асбобу анҷом ва таҷҳизотҳои таълимиву тиббӣ таъмин намудани кафедраҳо ва лабораторияҳои таълимӣ.
11.   Пурзӯр намудани  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ.
12.   Вусъат додани истифодабарии услубҳои муосири таълим.
13.   Мунтазам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, малакаву маҳоратомӯзии касбӣ тибқи стандартҳои байналхалқӣ.
14.   Ба кор  намудани  мутахассисони ҷавони маълумоти олӣ дошта, махсусан аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тиб.
15.   Ба китобхонаи коллеҷ ворид намудани китобҳои  таълимӣ ва тахассусӣ.
16.   Ҷорӣ намудани системаи кредитии таълим.
 
Директори муассисаи  давлатии
“Коллеҷи тиббии
шаҳри Қӯрғонтеппа”:       Нуриддинов А.Д.
 
14.03.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню