Нақша чорабинии тартибдодашуда бахшида ба «Рӯзи Модар» - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Нақша чорабинии тартибдодашуда бахшида ба «Рӯзи Модар»

Аз рӯи нақша чорабинии тартибдодашуда бахшида  ба  «Рӯзи Модар» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 ба номи Мирзо Турсунзода-и шаҳри Қӯрғонтеппа як қатор чорабиниҳо байни хонандагони синфҳои 9-11 гузаронида шуд.  Аз рӯи нақшаи омӯзгорони варзиш  байни  духтарони синфҳои 9-ум волейбол, шашка,  тениси рӯи миз, баскетбол гузаронида шуд.   Дар байни хонандагони синфҳои 8-11 озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи « Замину осмони ман туи модар, туи модар…» ва дар байни хонандагони синфҳои 5-6 озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи  «Модари азизи ман» гузаронида шуда, беҳтаринҳо бо ифтихорномаи муассиса сарфароз гардонида шуданд.  Байни духтарони синфҳои 11-ум  озмуни «Кани духтарон» гузаронида шуд, ки  озмун аз шаш шарт иборат буда, духтаронро ба зиндагии оянда омода  менамуд.
Дар озмуни «Кани духтарон» духтарони муассиса ҳунарҳои  каннодӣ, пазандаги, тарзи тайёр кардани хӯриш, духтани либосҳои миллӣ,  омода намудани хӯрокҳои миллӣ,  одоби меҳмондориву меҳмонавозиро  пешкаши хонандагон гардониданд.
Байни духтарони синфҳои 10-ум дар таърихи рӯзи 4 март соли 2016  конфренсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба «Рӯзи «Модар» гузаронида шуд. Дар конфренсия хонандагони синфҳои даҳум намоиши дастворадҳои духтарони муассисаро пешниҳод намуданд.

Директори муассиса:                                                          Л. Сафарова.
 
14.03.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню