ҶСК "Ресанда" - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ҶСК "Ресанда"

Намоиши либосҳои мактабачагона дар корхонаи «ҶСК Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар толори корхонаи ҶСК “Ресандаи Қӯрғонтеппа”- и шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши либосҳои ягонаи  мактабачагон  баргузор карда шуд. Дар намоиш дар баробари роҳбарони муассисаҳои таълимӣ намояндагони Вазорати иқтисод ва тенологияи муосир низ иштирок намудананд.ҶСК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” яке аз корхонаҳои азими саноатии шаҳр буда, то имрӯз фаъолияти худро аз рӯи таъиноташ давом дода истодааст. ҶСК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” дар коркарди ашёи хоми ватанӣ саҳми арзандаи хешро мегузорад. Роҳбари корхона соҳибкори муваффақ Нусратулло Файзуллоев ба корхона таҳчизотҳои замонавӣ ворид карда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаро ба талаботи меъёрҳои чаҳонӣ мутобиқ ва дар бозори истемолӣ рақобатпазир месозад.
Айни ҳол корхона тибқи супориш ба як қатор муассисаҳои давлатӣ (аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ) ва мақомотҳои қудратӣ либосҳои низомӣ, рахти хоб ва дигар фармоишҳоро тайёр менамояд.
Намоиши мазкур имконияти васеи нишондиҳии намудҳои маҳсулотҳои таёршаванда ва интихоби онҳо аз тарафи фармоишгарҳо буд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. Бобохонов
 
16.03.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню