Ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа

Бахшида ба таҷлили Иди байналмиллалии Наврӯз аз 27 феврал то 7 апрели соли 2016 мусобиқаи футбол байни ҷавонони маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа барои дарёфти "Ҷоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа" гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур 16 даста аз маҳаллаҳои шаҳр иштирок доштанд. Даври ниҳоии мусобиқа рӯзи 7 апрели соли 2016 дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки дастаҳои маҳаллаи Ургут ва маҳаллаи Ваҳдат гузаронида шуд. Ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 бо Ҷом, медал, Диплом ва мукофотҳои пули аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷудогардида, сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон 6 нафар бозингарони беҳтарини мусобиқаи мазкур бо мукофотҳои пули сарфароз гардонида шуданд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. Бобохонов


7.04.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 


 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню