Вохурии таблиғотӣ бо ҷавонони шаҳри Қӯрғонтепппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Вохурии таблиғотӣ бо ҷавонони шаҳри Қӯрғонтепппа

Бо ташабусси роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа  Профессор Азимов Н  ва мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа Исматулозода Ҷамолиддин бо ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Ҷавонон ва тераризм» вохӯрии таблиғотӣ баргузор карда шуд. Вохӯриро бо сухани ифтитоӣ роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Профессор Азимов Назир оғоз намуда, мухтасаран оиди мафҳуми терроризм, мақсад ва оқибтҳои ногувори он ба ҷавонон  бо нишон додани мисолҳои мушахас, фаҳмондадиҳӣ намуданд. Дар вохӯрӣ ҳамзамон намояндагони мақомоти судӣ ва прокуратураи шаҳр низ иштирок доштанд ва нисбати ин зуҳуроти нангин ибрози ақида намуданд. Иштирокчиён- ҷавонон аз вохӯрии доиргардида ва ҳамзамон аз сиёсати пешбарандаи сарвари кишварамон изҳори қаноатмандӣ  намуда, бовар ба он кунонданд, ки тар таҳкиму амнияти минбаъдаи кишварамон  саҳми худро низ хоҳанд расонд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. Бобохонов

13.04.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 


 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню