Оиди амалисозии Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Оиди амалисозии Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Оид ба амалисозии Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи нақшаи  генералӣ, инчунин фаъолияти комплекси сохтмон аз ҷониби шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар се моҳи соли 2016 корҳои муайяне ба сомон  расонида шудааст.
Дар се моҳи соли ҷори дар сохтмонҳои шаҳр ҷамъи маблағгузориҳои асоси – 14186,6 ҳазор сомониро ташкил мекунад.
Дар ин давра аз ҳисоби фармоишгарони зерин:
-  Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи шаҳр       -6201,7ҳазор сомонӣ
- Раёсати сохтмони асосии вилоятӣ          -3418,5 ҳазор сомонӣ
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон       -300,0 ҳазор сомонӣ
- Аз ҳисоби аҳоли дар сохтмон 19 адад хонаҳои истиқоматии шахсӣ ба маблағи –3743,1 ҳазор сомонӣ.
- Аз ҷониби соҳибкорони шахсӣ дар сохтмон 4 адад, биною иншоотҳо -523,3ҳазор сомони маблағгузорӣ карда шудааст.
Дар семоҳи сипаригашта дар сохтмонҳои шаҳр ҷамъи маблағгузори асосии 14186,6 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки нисбати хамин давраи соли гузошта 7902,2ҳазор сомони зиёд мебошад,
Мутаносибан ҳаҷми корҳои сохтмону васлкуни дар се моҳи соли ҷори 12343,7 ҳазор сомониро дар бар мегирад, ки нисбати ҳамин давраи соли   2015-ум 6500 ҳазор сомонӣ зиёдмебошад.
Ҳаҷми корҳои иҷрошудаи пудрати 12377,0 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки нисбати ҳамин давраисоли гузашта 5693,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Аз 22 ташкилотҳои пудратии дар омор ба қайдгирифташуда 12 адади онҳо ба кор фаро гирифта шудааст. Аз ҳисоби фармоишгарони давлатӣ, аҳолӣ ва соҳибкорони шаҳри Қӯрғонтеппа дар 360 адад биноҳои истеҳсолӣ, таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, китобхона, ҳамом, меҳмонхона, марказҳои тиҷоратӣ ва савдо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умуми, боғчаи кудакона, нуқтаҳои фуруши сузишвори, биноҳои истиқоматии шахсӣ ва давлатӣ, иншоотҳои маъмурӣ  сохтмон ва азнавсозии онҳо ҷараён дорад.
Дар се моҳи соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа 23 адад иншоотҳо хонаҳои истиқоматӣ, маркази хизматрасонӣ ва сехи дузандагӣ ва дорухона ки  маблағи онҳо 4266,4 ҳазор сомониро ташкил медихад, мавриди истифода қарор дода шуд.
Хонаҳои истиқомати 19адад аз ҳисоби аҳолӣ, соҳибкорон ва ширкатҳо дар масоҳати – 3546 м2, ба маблағи 3743,1 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Дар иншоотҳои дар боло қайд шуда дар ду моҳи соли ҷорӣ – 22 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст.
Масоҳати умумии шаҳри Кӯрғонтеппа 2457 гектарро ташкил дода, аҳолии он зиёда аз 104 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мувофиқи нақшаи генералӣ амалкунанда дар шаҳр 30 маҳаллаи ахолинишин вуҷуд дорад.
Аз 1 январи соли 2013 тамоми хизматрасониҳо дар ин ҳудудҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр амалӣ гашта истодааст.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 609 оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шахрсозӣ ва сохтмонӣ» ва тадбиқи нақшаи генералии шаҳри Қӯрғонтеппа ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр супориш дода шудааст, ки дар асоси нақшаи генералии шаҳр бо ҷалби мутахассисони Пажухишгоҳи лоиҳакашии «Шаҳрофар»-и шаҳри Душанбе нақшаи муфассалӣ таҳрезии ҳаммаи маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳрро таҳия намояд.
Барои таҳияи накшаи таҳрезии маҳал (ПДП) дар асоси шартномаи басташуда байни Идораи соҳтмонӣ асосии шаҳр ва ҶСК « Шаҳрофар» аз 19 июни соли 2009, №044, дар масоҳати 300 га, ки маблағи он 87648 сомониро ташкил мекунад ба 1 апрели соли 2014, 46648 сомони маблағ пардохт карда шудааст ва маблағи боқимонда то 1 май соли 2014 – 41,0 ҳазор сомонӣ бо пуррагӣ пардохт карда шуд.
Инчунин шартномаи иловагӣ байни Идораи сохтмонӣ асосии шаҳр ва ҶСК «Шаҳрофар»-и шаҳри Душанбе аз 19 декабри соли 2012, № 1/0444-12 ба маблағи 234,4 ҳазор сомонӣ барои таҳияи нақшаи муфассалӣ таҳрези маҳалҳои аҳолинишини шаҳр (ПДП) дар масоҳати 500 га баста шуд. Айни замон аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар»-и шаҳри Душанбе, марҳила ба марҳила таҳияи нақшаи муфассалӣ таҳрези маҳаллаҳои шаҳр, идома дорад.
Дар асоси нақшаи генералии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, таҳти № 660 амали гаштани он то соли 2035 тасдиқ карда шудааст.
Айни ҳол сохтмони 47 адад иншоотҳо аз он ҷумла, 33 адад ҳонаҳои истикоматии баландошёна аз 4 то 15 ошёна дар кӯчаҳои ба номи С. Айнӣ, Борбад, Дустии Халкҳо, Ваҳдат, Н. Ҳувайдуллоев Маркази ҷавонон, Марказҳои саломатӣ, Беморҳонаи касалиҳои қалб дар кӯчаи ба номи С. Айнй, Маркази тиҷоратӣ дар кӯчаи С. Айни, театри мусиқи масҳакавии вилояти Ҳатлон барои 800 ҷойи нишаст, Кохи Фарханиги ва маркази итилооти барои 800 ҷойи нишаст, мактаби таҳсилоти миёнаи умуми барои 1240 хонанда дар ду баст дар маҳаллаи Маданият ва Д. Халқҳо, толори варзиши ва маҷлисгоҳи колеҷи тибби шаҳри Қӯрғонтеппа дар кӯчаи А. Сино Маркази тиҷорати дар ҳиёбони Ваҳдат, Телевизион ва радиои мустақили шаҳри Қӯрғонтеппа ва бонки «Тоҷпромбонк» ва «Спитаменкапиталбонк», бинои сарраёсати омори вилоят дар кӯчаи 1-май ва дубинои иловагии ДДҚ ба номи Н. Хусрав ки ҷойгиршавии онҳо бо муаллифи нақшаи генералии амалкунандаи шаҳри Қӯрғонтеппа, ҶСК «Шаҳрофар»-и шаҳри Душанбе мувофика карда шудааст.
Бахшида ба пешвози 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони 26 адад биноҳои истиқоматӣ, маъмури, фарҳангӣ соҳаи тандурустӣ ва корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар иди байналмилалии Навруз ва ба пешвози 25-истиқомати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду бинои истиқоматии панҷошёна, ки шумораи умумии ҳуҷраҳои ба истифода додашуда 62 адад мебошад, масоҳати ҳуҷраҳои истиқомати ба талаботҳои имруза ҷавобгуй мебошад, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар семоҳи соли 2016 ба шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр65 адад ариза ва мактубҳо ворид гардида дар китоби қайд сабт шуда, ба аризадихандагон 47 адад ҷавоби мусби гардонидашуда ва18 адади он дар ҳолати корӣ қарор дорад.
Дар се моҳи соли 2016 аз ҷони КФ КВД «Лоиҳакаш» 12 адад лоиҳаҳои биною иншоотҳо бо маблағи 39196 сомонӣ тартиб дода шудааст.
Дар се моҳи соли 2016 барои лоихакашии иншоотхо 26 адад супоришҳои меъморию банакшагирӣ (АПЗ) ва шартҳои техникӣ барои пайваст намудан ба шабакаҳои муҳандиси дода шудааст.
Дар се моҳи соли 2016барои оғози корҳои сохтмони 23 адад иҷозатнома дода шудааст. Дар се мохи соли 2016ба субъектҳои соҳибкорӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 751 «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ» аз ҷониби шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр15 адад аз ҷумла 8 адад Супориши меъморию банақшагирӣ ва 7 адад иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, ки маблағи умуми он 1800 сомонӣ ташкил медиҳад вамаблағи зикршуда ба буҷети ҷумҳуриявии Вазорати молияи ирсол карда шуд.
Дар се моҳи соли 2016 барои қабули ишоотҳои сохтмонаш баитмомрасида, ба шуъба 18 ариза ворид гардид, ки тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 931 аз 28 декабри соли 2012 бо маблағи 2160 сомони ба буҷети Ҷумҳури гузаронида шуд.
Ҷобаҷогузории бино ва иншоотҳои ҳаётан муҳими сохташаванда аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр бо мувофиқаи ба ҶСК «Шаҳрофар»-и шаҳри Душанбе ва Шӯрои шаҳрсозӣ Кумитаи меъморӣ сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешавад. Лоиҳаҳои соҳтмони бо ташкилоту идораҳои даҳлдор мувофиқа карда мешавад. Ҳангоми тартиб додани лоиҳаҳои соҳтмонӣ диққати маҳсус ба пайвастшавии биноҳои нав ба ҳатҳои муҳандисии шаҳри дода мешавад ва иқтидори ҳатҳои муҳандисии мавҷуда ба инобат гирифта мешавад. Супоришдиҳандагони лоиҳаҳои соҳтмонӣ дар асосӣ шартҳои теҳникии биною иншоотҳои соҳташударо тибқи талаботҳои дастурамалҳои амалкунанда (СНиП) ба амал мебароранд.
Комисияи давлатии қабул аз рӯзи қабули  ҳуҷатҳо вобаста ба аҳамият ва арзиши сохтмон санҷиши умумии омодагии ин иншоотро санҷида санад оиди  қабули  иншоот тартиб дода мешавад.
Дар ин давра санҷишҳои ҳуқуқвайронкуни маъмури дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ гузаронида шуда ба шаҳрвандон 25 адад дастур ва огоҳномаҳо дода шуд, нисбати 2 нафар қонунвайронкунандагон протоколи маъмури тартиб дода шуда ба маблағи 560 сомонӣ ҷарима баста шудааст, маблағи ҷаримаи басташуда ба буҷети ҷумҳуриявии Вазорати молия ирсол карда шуд.
Соҳибкорон ва шахсони воқеъи, ки барои онҳо қитъаи замин барои сохтмон ҷудо карда шудааст, аз мазмуну муҳтавои қарори мазкур огоҳонида шудаанд.
Нақшаи чорабиниҳо нисбати пешгири намудани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ тартиб дода шуда ва ҳар моҳа рейдҳои маҳсус бо якҷоягӣ Кумитаи заминсозии шаҳр гузаронида мешавад. Инчунин дар назди прокуратураи шаҳр комиссияи доимоамалкунада созмон дода шудааст, ки ба ҳайяти он мутахассисони шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва дигар идораву ташкилотҳои дахлдор, шомил мебошад.
Дар назди мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри  Қӯрғонтеппа тибқи Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо Қарори раиси шаҳр аз 25.04 соли 2012, № 2011 «Дар бораи таъсиси  Шурои меъморию шаҳрсозии шаҳр» ба тавсиб расидааст, ки дар он масъалаҳои  меъморию шаҳрсозӣ, ошкоро қабули қарорҳоро дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар ин Шӯро баррасӣ  шуда истодааст.
Дар маҳалҳои шаҳр назоратро аз ҷониби Шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр пурзур намуда ҳаргуна иншоотҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандон сохта шудаанд ва ба талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ ҷавобгуй нестанд ва хусни шаҳрро халалдор месозанд аз байн бардоша мешавад.
Аз ин лиҳоз шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд баҳри риояи кодекси шаҳрсозӣ амали намудани талаботҳои он, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меъморию шаҳрсозӣ,пурзур намудани назорати сифати сохтмонҳо (новобаста аз шакли моликият), татбиқи лоиҳаҳои ҳозиразамона, ки бо сифати баланд омода шудаанд, истифодаи унсурҳои милли дар корҳои лоиҳакаши биною иншоотҳои сохташаванда ва дар чорчубаи қонунҳои амалкунанда сохта ба истифода додани иншоотҳои давлатию хусуси зери назорати доими карор дода мешавад.

Мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа:                                              В. Саъдуллоев

19.04.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 


 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню