Бозихои варзиши оғоз шуданд - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Бозихои варзиши оғоз шуданд

Бо мақсади чалби бештари ҷавонон ва наврасон ба машғулиятхои варзиши, оммавигардони ва рушди варзиш дар байни муассисахои таълимии шахр бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёхии мақомоти ичроияи хокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар хамбастаги бо бахши хуқуқи кӯдак, бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон бозихои варзишии мактаббачагон оғоз ёфт. Бозиҳои варзиши аз санаи 13 апрел то 14 майи соли равон тибқи чадвали муайянгардида дар муассисахои таълимии шахр доир гардида, дар он хонандагон аз рӯи намудхои футбол, волейбол, баскетбол, варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва гӯштини милли байни хам қувва меозмоянд. Ғолибони озмун бо Чом, диплому Ифтихорнома ва дигар тӯхфахои таъсисдодаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёхии мақомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр мукофотонида мешаванд.   
Муовини раиси шахр С. Қосимова дар марсими ифтитохи чорабини, ки дар варзишгохи марказии шахр доир гардид, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шахр ҷиҳати рушду такомули варзиш тадбирхои заруриро амали менамояд. Бозихои варзишии мактаббачагон аз чумлаи чунин тадбирхо буда, итминон дорем ки чихати рушду такомули варзиш байни наврасону ҷавонон ва густариши дӯстию рафоқат ва мухимтар аз хама мустахкам гардидани сихатии наврасону ҷавонон самараи нек хохад дод.
Котиби матбуотии раиси шахр: Бобохонов  Қ. 

26.04.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню