Конференсияи шавқовар - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Конференсияи шавқовар

Дар МТМУ №15 – и шахр конференсияи илми – амалии хонандагон аз фанни химия баргузор гардид. Дар он хонандагони синфхои 11 –ум ширкат варзида, дар мавзӯи «Ҷадвали даври» маърӯза намуданд. Хамчунин ба хозирин аз чониби хонандагон намоишхои гуногуни халли реаксияи химияви, чистонхои химияви ва тачрибахои гуногуни химияви намоиш дода шуд. Чорабини хеле хотирмон доир гардида, дар чамъбаст ба хонандагон Ифтихорнома ва дигар тӯхфахои таъсиснамудаи муассисаи мазкур супорида шуд.
- Мо барои дар сатхи зарури ба рох мондани сатху сифати таълиму тарбия тадбирхои зарури андешида, чихати чалби хонандагон ба тахсил чорачӯи менамоем. Зеро махз таваччухи  рохбарият ва омӯзгорон ба ин масъала аст, ки имрӯзхо хонандагонамон дар чорабинихои шахри фаъолона ширкат варзида, муваффақият ба даст оварда истодаанд. Дар мактаб доир ба хар як санаи таърихи чорабини доир намуда, кӯшиш менамоем, ки он бо иштироки бевоситаи хонандагон, хотирмон ва таъсирбахш гузарад. Чунончи танхо дар мохи апрел махфили физики ба ифтихори Рӯзи кайхоннавардон, конференсияи илми – адаби бахшида ба хаёт ва фаъолияти шоири классики рус А.С. Пушкин, конференсияи химикони чавон, махфили зарифон ва дигар чорибинихо гузаронидем, ки бешубха дар такмили донишу чахонбинии хонандагон таъсири муфид хохад расонд. Боиси хушнудист, ки дар ин чорабинихо намояндагони шуъбаи маорифи мақомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр иштирок намуда, онхоро хавасманд месозанд ва чихати чалби хонандагон ба тахсил маслихатхои судбахш медиханд.
Дар баробари ин бо мақсади ичрои амри раиси шахр оид ба 190 рӯзи ободони дар шахр ва тарбияи мехнатии хонандагон хафтае як маротиба рӯзхои шанбе бад аз дарсхо шанбеги гузаронида, дар сахни мактаб гулу гулбуттахо, дарахтони сояафкан, мевадиханда ва хамешасабз мешинонем ва ба хонандагон тарзи нигохубин ва парвариши онхоро меомӯзем, - мегӯяд директори мактаб Дилбар Солиева.
Н. Муртазоева

27.04.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню