Пиласупорӣ иҷро мешавад - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Пиласупорӣ иҷро мешавад

Соли гузашта кирмакпарварони шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз аввалинхо шуда дар митқиёси Чумхӯри нақшаи пилласупориро сарабаландона ва аз меъёр зиёд иҷро намуда буданд. Имсол низ сардори КВД пиллахушкунии шаҳри Қӯрғонтеппа Шаропова Раъно моро бовар кунида истодааст, ки нақшаи имсолаи пилласупории шаҳрро хоҷагиҳои деҳқонии вобаста шуда, пеш аз мӯҳлат ва барзиёду босифат иҷро менамоянд. Кирмакпарварони хоҷагии деҳқонии «Нуридини Абдукарим» Баллаева Мастура ва Баллаева Сайҷалол ба ҷои 50 килограмми   пешбинӣ шуда, аз ҳар як қутии тухмии   дода шуда, зиёда аз 55 кг пиллаи навъи якум ҷаъмоварӣ намуда, нақшаи пилласупориашонро сарбаландона иҷро намуда истодаанд. Парвариши пилла дар хоҷагтии деҳқонии «Ғайрат» низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда аст ва бо боварӣ, гуфта метавон, ки ин хоҷагӣ ҳосили дилхоҳро ҷаъмоварӣ менамоянд. Парвариши минбаъдаи кирмакҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр таҳти назорати қатъии мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Каримов Ю ва корхонаи пиллапарварӣ қарор мегирад.
Котиби матбуотии раиси шахр: Бобохонов  Қ.

30.04.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню