Ҷаъмоварии ҳосили баланд дар хоҷагии деҳқонии «Ғайрат» - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҷаъмоварии ҳосили баланд дар хоҷагии деҳқонии «Ғайрат»

Хоҷагии деҳқонии «Ғайрат» -и шаҳри Қӯрғонтеппа дорои 34 га замини обӣ буда, аз рӯи таъинот дар ин заминҳо парвариши сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла памидору бодтрингро ба роҳ монда, ҳамасола аз ин намуди маҳсулот ҳосили баланд мегиранд. Парвариши помидору бодиринги саривақтӣ дар хоҷагӣ дар гармхонаҳо оғоз гардида, баъдан бо тариқи кушод парвариши онҳо идома дода мешаванд. Хоҷагӣ соҳиби техникаи шахсии худ буда, бинобар музди меҳнати хуб додан, дар ҳамаи давраҳои мавсимӣ аз қувваи корӣ низ танқисӣ намекашанд. Маҳсулот дар хоҷагӣ бануқсон истеҳсол шуда, ба тамоми бозорҳои дохилии кишвар ва дар мавридҳои ҷудогона ба хориҷи он бароварда мешаванд. Аз ҳисоби ин намуди маҳсулот хоҷагии деҳқонии «Ғайрат» -и шаҳри Қӯрғонтеппа худро дар миқиёси вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе алакай муаррифӣ намуда аст. Парвариши пилла ҳам дар хоҷагӣ хуб ба роҳ монда шуда аст. Роҳбарии хоҷагии мазкурро мутахасиси таҷрибадор Зиёев Х. ба ӯҳда дорад.  Дар пешрафту дастовардҳои ҳоҷагии зикргардида, мусоидати мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Каримов Ю. низ назарас мебошад.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ.

4.05.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню