Бахши хифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Бахши хифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

Тибқи қарори Хукумаи Ҷумхурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 437 «Дар бораи идома ва чори намудани механизми тачрибавии кӯмаки унвонии ичтимои ба оилахо ва шахрвандони камбизоат» дар шахри Қӯрғонтеппа ба бахши хифзи ичтимоии ахоли аз то 28 - апрели соли 2016-ум 719 аризахои оилахо ва шахрвандони камбизоат ба қайд гирифта шуда ба махзани ягонаи кӯмаки унвонии ичтимои 549 аризахо ворид карда шудааст аз ин шумора 69 аризахои шахрвандонрад карда шуд. Ба оилахо ва шахрвандони камбизоат пардохти якум тавассути Бонки давлатии амонатгузори «Амонатбонк» ба маблағи  176100  сомони дар ин самт чудо гардидааст.
Инчунин бо дастгирии раиси шахр аз хисоби маблағхои бучети шахр ба 52 нафар шахсони яккаву танхо ва бесаробонмонда ба маблағи 10 хазор сомони чудо гардида, аз суратхисоби махсуси кӯмаки хайрия ба суратхисоби 23 нафар ятимони кулл ба хар кадоме 2 хазору панчсад сомониги ворид карда шудааст.
Хамзамон дар асоси қарори раиси шахри Қӯрғонтеппа аз 16 марти соли 2016, № 168 «Оид ба ичрои қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 437 «Дар бораи идома ва чори намудани механизми тачрибавии кӯмаки унвонии ичтимои ба оилахо ва шахрвандони камбизоат» дар шахри Қӯрғонтеппа аз 1 январи соли 2016 раисони кумитахои махаллахо, хамчун масъул дар самти кӯмаки унвонии ичтимои ба оилахо ва шахрвандони камбизоат муқаррар карда шудаанд.
Бахши хифзи ичтимои ахолии мақомоти ичроияи махаллии ҳокимияти давлатии шахр тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ дар якчояги бо дигар вохидхои сохтори дар байни аҳоли вохӯрию сӯҳбатҳо дар мавзӯҳои амали шудани қонунхои амалкунандаи марбути хифзи ичтимои идома медиҳад. Кормандони бахш дар оянда низ кӯшиш ба харч медиҳанд, ки талабу дархосту хоҳиши мардумро саривақт ва босифати баланд ба чо меоранд, аз камбудиҳои чойдошта хулосаи даркори бароварда, кори худро ба кулли тағйир медиҳанд.
Мудири бахш:                         А. Сафаров

4.05.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню