Сахми донишҷӯён дар ободони - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Сахми донишҷӯён дар ободони

Шахри Қӯрғонтеппа яке аз шахрхои калон ва обод дар миқёси вилояти Хатлон буда, барои боз хам зебову дилоро гардидани ин шахри бостони корхои бунёдкори чараён дорад. Инчунин як қатор озмуну чорабинихо идома дорад. Ин иқдомхо бахшида ба 25-солагии истиқлолияти ватани азизамон рӯи кор омадаанд. Барои обод ва хурраму зебо гардидани ин гӯшаи диёр ҷавонону донишҷӯёнро чи мебояд кард? Аз хама иқдоми неки мо донишҷӯёну ҷавонон тарбияи хуб гирифтан, илм омӯхтан, донишхои заруриро аз бар намудан лозим аст. Вақте, ки мо илму дониши заруриро аз худ мекунем, дар мафкураи худ кори некеро чой медихему ба манфиати ахли чамъият равона месозем. Мо донишҷӯён барои ободу зебо гардонидани хар як гӯшаву канори Ватани хеш хиссагузор хастем. Бахри обод кардани диёри худ камари химмат бастан нишонаи ватандӯстист. Дар ободонии шахри Қӯрғонтеппа сахми ҷавонон, махсусан донишҷӯёни ДДҚ ба номи Носири Хусрав назаррас аст. Донишҷӯён барои сарсабзу хуррам гардонидани сахни хавли ва боғи донишгох гулу буттахои ороиши ва дарахтони сояафкану мевадиханда шинонда истодаанд. Бехи нихолу буттахои сабзидаро нарм карда, дар ин кори нек хисса мегузоранд. Мутаассифона, бархе аз ҷавонону донишҷӯёне хастанд, ки барои обод намудани ин Ватан саъю талош намекунанд. Сарвари давлат, Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хама суханронихояшон гаштаву баргашта таъкид менамояд, ки ҷавононро хуб тарбия намоед, илм омӯзонед ва дар рухияи ватандӯсти тарбия кунед, зеро ояндаи Тоҷикистон, ояндаи мову шумо дар дасти насли наврас, ҷавонон мебошад.

Мо ҷавонони шурои миллатем,
Номбардор пояи ин давлатем.
Баҳри хифзи марзу буми ин Ватан,
Лашкари боқуввату, боқудратем.

Р. Барфакова: Донишҷӯ  
 
9.06.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню