Интихоби дурусти касб асоси саодатманди аст - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Интихоби дурусти касб асоси саодатманди аст

Хунаромӯзи дар хама давру замон афзалияти хоса дорад. «Хунар бех аз симу зар» - гуфтаанд, гузаштагони мо. Бешак, касбу хунари дӯстошта метавонад мучиби саодати хар инсон гардад. Вақте ки инсон аз касбу кори дӯстоштааш қаноатманд аст, зиндагиаш хушу хурсандона мегузарад. Лекин дар хаёти имрӯза шохиди он мешавем, ки баъзе ҷавонону наврасон касбу хунар омӯхтанро зарур надониста, ба бекори ва оворагарди машғул шудаву ба хар гуна аъмоли ношоиста даст мезананд.
Бале чунин ҷавонон бо мурури замон ба шикасту нокомихо мувочех гардида, хам барои волидон, хам барои худ ва хам барои чомеа мушкилихо пеш меоранд, Имрӯз дар дунё беш аз 40 хазор намуди касб вучуд дорад. Бо мурури замон ва талаботи бозори мехнат ва авзои сиёсиву ичтимои аксари ин касбхо аз байн мераванду касбхои наву ба талаботи муосир чавобгӯ рӯи кор меоянд.
Масъалае, ки ман ин чо гуфтан мехохам, ин аст, ки оё ҷавонони мо касбро аз рӯи шавқу завқ ва хохишу қобилияти худ интихоб мекунанд ва ё бо тақозои волидону атрофиён? Оё хама шахси маълумотнок,  сохибкасб шуда метавонад?
Аз мушохидахо бармеояд, ки дар мамлакати мо ҷавонони боистеъдоду сохибназар хеле зиёданд, аммо баъзан дар интихоби касб ба кӯчаи сарбаста афтида, ба хохиши волидайн ё бо дастури ягон нафар шиносу чӯра касберо интихоб мекунанд, ки ба он шавқу хавас надоранду танхо ба хотири дар оянда аз пушти ин касб сарватманду баобрӯ шудан, интихобаш мекунанд.
Ҷавонону наврасон табақаи хушзехни ахолианд ва хангоми интихоби касб ба рохнамоии дурусту манфиатбахши насли калонсол ниёз доранд. Волидону устодонро мебояд, ки хатман шавқу завқ, хохишу имконият ва болотар аз хама қобилияти зехниву чисмонии ҷавононро хангоми интихоби касб ба инобат гиранд ва хаматарафа ба онхо ёрии худро расонанд. Ҷавонон бояд завқманди касби интихобнамуда бошанд, то дар оянда ба дасту дили гарм ба он сару кор гиранд.
Бояд қайд кард, ки илова ба ин, зарурияти касбу хунар дар бозори мехнат низ аз талаботи хатми бояд бошад, то ки ҷавонон баъди диплом ё номаи камол гирифтан аз касби   интихобкардаашон норози ё пушаймон нашаванд. Имрӯз дар кишвари мо гӯё мӯд шудааст, ҷавонон танхо ихтисосхои хуқуқшиносу иқтисодчи, духтуру точир ва дипломатро интихоб менамоянд. Дур нарафта ман синфи худам 11 а-ро мисол меорам. Дар ин синф хамаги 30 нафар хонандагон тахсил менамоянд, ки аз онхо қариб 20 нафарашон касбхои хуқуқшинос ва духтуриро интихоб кардаанд.
Барои хамин ба ҷавонон гуфтаниам, ки дар бозори мехнат талабот ба касбхои тахассуси барои истехсолот бештар аст. Дар ин маврид аз тачрибаи давлатхои пешрафта истифода кардан аз манфиат холи нест. Дар аксарияти давлатхои тараққиёфта барои ҷавонон доштани маълумоти оли хатми нест. Балки касби дилхохро дар коллечу муассисахои касбомӯзи низ сохиб шудан мумкин аст.
Ҷавонони азиз, шумо набояд дар интихоби касб ба шитобкори ва иштибох рох дихед.  Шумо бояд касберо интихоб намоед, ки ба донишу малака ва шавқу рағбататон мувофиқ бошад. Дар акси хол  худро бадбахт  гардонида, ба чомеа низ зиён меоред.  Мустақилият на танхо дар интихоби касб, балки дар тамоми чодахои рӯзгор зарур аст. Моро ба нерумандиву мушкилнописанди хидоят месозад.  Барои хамаи шумо дар интихоби касб муваффақиятхо хохонам.
Ахмадҷон Комилов,
Аълочии маорифи ҶТ
 
9.06.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню