Таътил идомаи фаъолияти дабистонхост - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Таътил идомаи фаъолияти дабистонхост

Хонандагони муассисахои таълимии шахр пас аз анчоми соли тахсил ба таътили тобистона баромаданд. Тавре раиси кумитаи иттифоқи касабаи шуъбаи маорифи шахр С. Бақоев изхор дошт, соли равон чихати дар сатхи зарури ба рох мондани таътили тобистонаи хонандагон тадбирхои қатъи андешида шуд. Қарори раиси шахр аз 1 феврали соли 2016 «Дар бораи ташкили истирохати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2016» барои ичро ба рохбари гирифта шуда, дар асоси он қарори шуъбаи маорифи шахр ба тасвиб расида, хайати комиссияи шуъбаи маориф оид ба ташкил ва гузаронидани истирохати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2016 ва нақшаи фарогирии кӯдакон ва наврасони шахри Қӯрғонтеппа дар давраи истирохати тобистонаи соли 2016 тасдиқ гардида, нафарони масъул чихати ичрои он вазифадор карда шуданд.
Дар робита бо Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитари, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиолиги, шуъбаи вазорати корхои дохили ва дигар ташкилоту корхонахои марбута чихати бурдани назорати доимии рафти омодагихо ба истирохати хонандагон ва мухайё намудани шароити хуби истирохагоххо чорахо андешида шуданд ва рӯзхои наздик нахустин 96 нафар хонандагон дар 1 баст, дар истирохатгохи «Сохил» фаро гирифта мешаванд. Тибқи нақша ин истирохатгох бояд дар 4 баст амал намуда, беш аз 384 нафар хонандагон дар он бояд пурра фаро гирифта шаванд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти истироҳатгоҳи «Соҳил» бо ташаббуси раиси шахр муҳтарам Амирулло Асадулло соли дуюм аст ба роҳ монда шудааст. Соли гузашта дар он 386 нафар хонандагон истирохат намуда буданд. Соли чори низ дар назар аст, ки истирохатгохи мазкур мувофиқи матлаб фаъолият намуда, хонандагон дар он таътили тобистонаи худро бомуваффақият гузаронанд. Бо ин мақсад шанбеги гузаронида, дигар корхои омодаги анчом дода шуданд ва истирохатгох тозаю озода ва ба қабули хонандагон омода карда шуд.
Илова бар ин хонандагони макотиби шахр бо дархости шуъбаи маориф ва роххати иттифоқхои касаба дар истирохатгоҳи «Чайка» ва «Шоҳин»-и вилояти Суғд низ таътили тобистонаи худро хоханд гузаронд. Дар баробари ин дар хамаи муассисахои таълимии шахр лагерхои наздимактаби амал менамояд, ки дар он барои бомуваффақият гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон шароитхои зарури мухайё карда шудаанд.
Хуллас, тибқи нақшаи шуъбаи маорифи шахр дар назар аст, ки соли равон 11290 нафар хонандагон таътили тобистонаи худро дар лагеру истирохатгоххои наздимактаби, мехнати –истирохати, варзиш ва солимгардони, фароғати –таълими, беруназшахри ва дигар истирохатгоххо мегузаронанд ва эътимодамон комил аст, ки ин чорабинихо дар баробари истирохати хуб хамчунин барои васеъ шудани чахонбини ва боло рафтани хисси худогохию хештаншиносии хонандагон мусоидат хохад кард.    
Н. Муртазоева

22.06.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню