Ташабуси ТЧЧ «Созандагони Ватан»-и шахри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ташабуси ТЧЧ «Созандагони Ватан»-и шахри Қӯрғонтеппа

Бо ташабуси ТЧЧ «Созандагони Ватан» дар шахри Қӯрғонтеппа дар хамкори бо Раёсати  ҷавонон, варзиш ва сайёхии вилояти Хатлон  зиёда аз 50 нафар гурӯххони ташабускори   донишгохи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав   бо мақсади ичрои нақша чорабинихои ТЧЧ «Созандагони Ватан» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошнои пайдо намудани чавонон аз чойхои таърихии кишвар  ба нохияхои Данғара, Темурмалик, Восеъ ва шахри бостонии Кӯлоб сафар карданд.
Пеш аз сафар Раиси ТЧЧ «Созандагони Ватан» Хусейнов Н. ба сухан баромада, қайд намуд, ки дар тамоми кишвархои дунё чавонон ба сифати як нерӯи бузургу пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи хаёти чомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Хаёти чавонон дар мачмӯъ рӯди саршореро мемонад. Агар аз он мо пурсамар ва мақсаднок истифода намоем хаётамон сарсабзу шукуфон хохад гардид, ва агар не ин рӯд ба селобе мубаддал мешавад, ки аз он чуз харобиву вайрони чизе боқи нахохад монд.
Боиси хушнудист, ки дар мамлакати хуқуқбунёду демократии мо масъалаи Шумо чавонон ва сиёсати давлатии чавонон дар қатори масъалахои стратегии давлати ва амнияти миллии кишвар мақоми хоссаеро пайдо намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулху Вахдати милли, Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон чавононро дар чомеаи мо қувваи бузург хисобида, чунин қайд менамояд «Чавонони мо қувваи худро фақат ба ободии Ватан ва баланд бардоштани обрӯи миллат сарф мекунанд. Ояндаи Точикистон ва  дар қатори давлатхои пешқадам чой гирифтани давлати точикон аз сатхи маънавиёту фарханг, донишу махорат ва кӯшишу ғайрати чавонон вобаста аст» Шумо чавонон Парчамбардорони миллат, эчодкорини тақдири имрӯзу оянда, тахкимбахшандагони вахдати милли, мухофизони боэтимоди истиқлолияти Ватан, бунёдгузорони давлати мутамаддини дуняви ва демократии этироф шуда, дар шароити имрӯзаи тахаввулоту тағиротхои босурат, муколама ва бархурди маданияту фарханг ва дину оинхо масъулияти калонеро бар душ доред.
Ва зимни сафар аз боғи маркази нохияи Данғара Хурамшахр ёдгорихои таърихии минтақаи Кӯлоб аз Қалъаи Хулбук ва осорхонаи таърихиву кишваршиносии шахри Кӯлоб, Хазрати Амирчон  дидан намуданд.
Раиси ТЧЧ «Созандагони Ватан»
дар шахри Қӯрғонтеппа :                                      Наврӯз Хусейнов

22.06.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню