Марказҳои имтиҳонсупорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Марказҳои имтиҳонсупорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа айни ҳол бо хоҳиши Маркази миллии тестии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-маркази имтиҳонсупорӣ бо тариқи тестӣ дар 6-муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Қӯрғонтеппа (мактабҳои №12, 6, 10, 3, 4, 9,) ба фаъолят оғоз намуданд. Марказҳо дар синфхонаҳои таъмиршуда, xогир кардашуда, тариқи камераҳои мушоҳидавӣ тамоми рафти имтиҳонсупорӣ зери назорати қатъии намояндагони Маркази миллии тестии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қарор мегиранд. Чун қоида маводҳои имтиҳонсупорӣ 3-соат пеш аз оғози имтиҳон ба марказ оварда шуда, махфӣ нигоҳ дошта мешаванд. Имтиҳон 165 дақиқа давом мекунад ва довталаб имконият дорад онро самаранок ва бе монеа истифода барад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки рафти имтиҳонсупорӣ дар марказҳои имтиҳонсупории шаҳри Қӯрғонтеппа бо шаффофияти тамом баргузор мегарданд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ                                       

5.07.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню