Тарбия намо- барои ояндаи хеш - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Тарбия намо- барои ояндаи хеш

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи вазорати корҳои дохилии шаҳр, дар марказҳои компютерӣ рейди муштарак гузаронид. Дар натичаи гузаронидани амалиёти мазкур  наврасонеро, ки ба ҳар гуна бозиҳои фаҳшу зӯроварӣ машғул буданд, дастгир карданд.  Наврасон барои худро раҳонидан, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш меоварданд.   Гӯё ки  барои дарёфти рафиқаш омада бошанд, ё модараш равон кардааст, то рафта бародарашро аз маркази компютерӣ биёрад ва амсоли инҳо. 
Дилшод Шодиев, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, оиди мақсади гузаронидани амалиёти мазкур  чунин андешаронӣ кард:
Мақсад аз гузаронидани чунин амалиётҳо пешгири кардани  оворагардии  ноболиғон, кам кардани сатҳи чинояту чинояткорӣ мебошад.   Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти ичроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр, дар 6 моҳи соли чорӣ зиёда аз 40 вохӯриҳо дар маҳалҳо бо    падарону модарон гузаронидаем.  Ҳамин тавр мо кӯшиш менамоем, ки  суҳбату вохӯриҳоро зиёд карда, дар кам кардани сатҳи чинояту чинояткорӣ дар байни наврасону чавонон саҳм гузорем.
Соҳибназари Гулмурод
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню