Аз фаъолияти Маркази миллии тестӣ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Аз фаъолияти Маркази миллии тестӣ

Бехтаринхо донишчӯ мешаванд
- Мархилаи аввали имтихон ба охир расид, аммо ягон шикоят ба қайд гирифта нашудааст. Довталабон ва волидони онхо аз тарзу усул ва рафти санчиши дониши довталабон розианд, - мегӯяд намояндаи ваколатдори Маркази миллии тести дар маркази имтихонии 03/06 воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Шухрат Яхёев. Зеро фаъолияти марказ дар рафти омодагихо ба имтихонот дар давоми сол идома ёфта, мардум мохияти ММТ-ро хуб дарк кардаанд. Дар мохи январ - феврал корхои фахмондадихиро пурсамар ба рох монда, бо намояндагони раёсати маориф, шуъбахои маорифи шахру навохии вилоят машваратхои омӯзиши доир намуданд. Сипас ин гуна семинархо дар шахру нохияхо ва корхои фахмондадихи дар мактабхо чараён гирифт. Низоми имтихонхои марказонидашудаи имтихонот аз рӯи барномаи 12 соата ба семинари махсус ба омӯзгорон фахмонда шуда, намояндагони ММТ бо падару модарон сухбату мулоқотхо доир карданд.
-Дар мактаби мо тамоми шароит барои довталабон фарохам оварда шуда, вазъи гигиени - санитари ва бехатари таъмин аст, - изхор дошт директори мактаби №12 Бибихаво Исоева.
31-синфхонаи бархаво ба ихтиёри довталабон вогузор буда, хар рӯз 250-280-нафар ба имтихонсупори меоянд. Дар ин нуқтаи имтихони тақрибан 1,5 хазор нафар довталабон имсол имтихон супурда, аз рафти имтихонхо, шароити мавчуда ва муомилаи хуби намояндагони ММТ изхори қаноатманди мекунанд.   
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

14.07.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню