Таълиму тарбия - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Таълиму тарбия

Ғамхории ҳамагон зарур аст
Тарбияи насли оянда таваччуҳу ғамхории ҳамагониро тақозо дорад. Ба ҳамин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст, ки он ҳар як падару модарро мекунад, то нисбат ба тақдири фарзанди хеш бепарвоӣ накунад. Инчунин соли 2015- «Соли оила» эълон гардидааст.
Вале имрӯзҳо дар кӯчаю бозорҳо алфози қабеҳи бархе аз чавонону наврасонро шунида, кас дар ҳайрат мемонад, ки наход онҳо зодаю парвардаи модар бошанд? Канӣ ичрои Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»?
Сабабҳои зуҳури чунин ахлоқи паст муҳити носолими оила, маънавиёти коста доштани падару модар ва ё робитаи сусти оила бо мактаб мебошад.
Аксари мардум ба он ақидаанд, ки аз байн бурдани лафзи қабеҳ аз забони наврасон имконнопазир гаштааст. Чунки ҳар қадаре, ки дар васфи модар шеъру ҳикоя донанд ҳам, суханашонро боз бо дашном бо номи модар шурӯъ менамоянд. Аммо баъзеҳо бовар доранд, ки одоби муоширати наврасон тадричан тавассути мактаб ислоҳ мегардад. Аз ин бармеояд, ки мо - омӯзгорон бояд ҳанӯз аз синфи якум дар ниҳоди хонанда завқи сухан ва сухангӯӣ, ҳисси меҳанпарастиву ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳиро бедор намоем.
Ҳамчунин дар байни мактаббачагон пайваста семинар-машваратҳо дар мавзуъҳои «Сухан санчида гӯй, то дӯстро душман нагардонӣ», «Сухан аз арши барин омадааст», «Аввал андеша, баъд гуфтор», «Модар-сарчашмаи ҳаёт», «Меҳри модар дар дилам маъво гирифт» бояд гузаронид. Илова бар ин, гузаронидани соатҳои тарбиявӣ оид ба тарзи гуфтор, рафтор, эҳтироми волидайн, бузургон ва ҳамсолон ба мақсад мувофиқ  аст. Бо вучуди ин, мактаб ҳарчанд дар алоҳидагӣ кӯшиш намояд ҳам, ин амали номатлубро ба танҳоӣ бартараф карда наметавонад. Табиист, ки оила ҳамчун зинаи нахустини шаклгирии одобу ахлоқи насли наврас нақши босазоеро дорост. Барои ҳамин бояд робитаи мактаб ва оиларо мустаҳкамтар намоем, аз шароити насли наврас пурра хабардор бошем, тачрибаи оилаҳои бомаърифатро ба оилаҳое, ки сатҳи маърифаташон нисбатан коста аст, мавриди омӯзиш қарор диҳем. Наврасонро аз бозиҳои компютерӣ ва тамошои филмҳои зидди ахлоқӣ  тадричан дур кардан ва баҳри тарғиби мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ, тамошои филмҳои тарбиявию ахлоқӣ кӯшиш ба харч додан лозим аст.
 
Зайдулло Давлатов,  роҳбари МТМУ №4  
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню